ТОҶИКИСТОН – МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИИ ОСИЁ
Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО) ё худ ба англисӣ Asia Cooperation Dialogue (ACD) ҳамчун созмони байнидавлатии кишварҳои қитъаи Осиё моҳи июни соли 2002 бо ташаббуси собиқ сарвазири Таиланд Т.Чинавата таъсис ёфтааст, ки дар он Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисон ва узви фаъол аз лаҳзаи таъсис ба шумор меравад.
Ҳадаф аз таъсиси ин Муколама таъмини робита байни Иттиҳодияи давлатҳои Ҷанубу Шарқи Осиё (АСЕАН), Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ, Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва дигар созмонҳои минтақавии қитъа мебошад.
Имрӯз Муколамаи ҳамкории Осиё 34 давлатро ба ҳам гирд овардааст: Бруней-Доруссалом, Ветнам, Индонезия, Камбоҷа, Лаос, Малайзия, Мянма, Сингапур, Таиланд, Филиппин, Афғонистон, Бангладеш, Баҳрайн, Бутан, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Чин, Ҷумҳурии Куриё, Кувайт, Муғулистон, Непал, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Давлати Фаластин, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Шри-Ланка, Япония ва Россия. Аз соли 2008 ин ҷониб Марокаш, бо назардошти он ки аз қитъаи Осиё намебошад, бино ба дархости он ба сифати шарики рушд ба Муколама пазируфта шудааст.
Қароргоҳи Муколама дар Кувайт буда, вазифаи дабири котиботи он бар уҳдаи собиқ сафири Таиланд дар Салтанати Уммон, сипас дар Ҷануби Африқо П.Танвиватана гузошта шудааст.
Дар давоми фаъолияти худ 18 маротиба нишастҳои солонаи давлатҳои узв дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ба навбат дар пойтахтҳои он давлатҳо баргузор гардидааст. Аз ҷумла, чунин нишастро соли 2013 Душанбе пазироӣ кард ва охирин нишасти вазирон 20 сентябри соли 2013 дар Ню Йорк дар ҳошияи ҷаласаҳои Маҷмаи Умумии СММ таҳти раёсати Баҳрайн баргузор гардида буд.
Аммо нишасти якуми сарони давлатҳо (саммити якум) рӯзҳои 15-17 октябри соли 2012 дар Давлати Кувайт баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона иштирок ва суханронӣ кардаанд. Нишасти дуюми сарони давлатҳо дар пойтахти Таиланд, ки кишвари ташаббускори таъсиси он ба шумор меравад, шаҳри Бангкок доир гардидааст.
Инак, нишасти сеюми сарони давлатҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё рӯзи 3 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри ад-Давҳа пойтахти Давлати Қатар зери унвони «Дипломатияи варзишӣ» оғоз шуд, ки онро Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки давлатҳои узви Муколама бояд ба раванди таҳкими ҳамкорӣ ва муколама баҳри рушди минбаъдаи қитъа ва беҳбуди зиндагии мардумони он талош варзанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии худ Нишасти мазкурро заминаи муҳими муошират ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо, ки дар чаҳорчуби Муколамаи ҳамкории Осиё муайян шудааст, аз ҷумла масоили рушди варзиш, ташаккули зербинои он, тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи дурусти насли ҷавон ҳавасманд мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз руи он қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ёдовар шуда, аз кишварҳои Осиё даъват намуданд, ки бо назардошти таъриху тамаддуни куҳан ва анъанаҳои ғании миллии худ, ба эҳёи намудҳои гуногуни варзиши миллӣ, ҳифзи онҳо барои наслҳои оянда ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат дар соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор кардани аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ва Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдо миёни ҷавонон ва наврасонро тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наслҳои оянда номиданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон “Дипломатияи варзишӣ”-ро, дар баробари дигар самтҳои ҳамкорӣ, ҳамчун василаи мусоид барои рушди устувор, таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва дар маҷмуъ заминаи муносиб барои иҷрои дидгоҳ оид ба ҳамкорӣ дар Осиё дар давраи то соли 2030 медонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкориро ба масоили баргузории пайвастаи чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ бо ҷалби бештари ҷавонони минтақа ҷалб намуданд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки ба мақсади тақвияти раванди табодули таҷрибаи пешқадам ва коркарди чорабиниҳои муштараки варзишӣ миёни бошишгоҳҳои варзишии кишварҳои аъзои Муколама тамосҳои кории доимӣ барқарор карда шавад.
Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаи варзиш ва ҷалби бештари ҷавонон ба ин раванд, дар баробари тадбирҳои дигари мубориза бо терроризм, метавонад монеаи боэътимод дар ин самт бошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ҳамчунин таваҷҷуҳи сарони давлатҳои узви Муколамаро ба масъалаҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё ва таҳкими рақобатпазирии иқтисодии ин минтақаи фарохи олам дар бозори ҷаҳонӣ ҷалб намуданд.
Азбаски нишасти сеюми сарони давлатҳои Муколама дар шаҳри ад-Давҳаи Давлати Қатар дар шароити аз нав шиддат гирифтани вазъ дар минтақаи Ховари Миёна ва оқибатҳои фоҷеабори он баргузор мегардад, дар суханронии Пешвои миллат нигаронии Тоҷикистон аз он наметавонист инъикоси хуро надошта бошад.
Аз ҷумла, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус таъкид карданд, ки Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ягона роҳи ҳалли ҳамагуна ихтилофот ва низоъҳоро танҳо дар роҳандозии музокирот ва истифодаи муассир аз воситаҳои сиёсиву дипломатӣ мебинад.
Дар баробари ин, зарурати риояи қонунгузории байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин иҷрои қарорҳои ин созмони ҷаҳониро ҷиҳати таъсиси Давлати мустақили Фаластин дар асоси марзҳои соли 1967 таъкид намуда, аз ҳамаи ҷонибҳои даргир даъват ба амал оварданд, ки аз истифодаи воситаҳои зӯроварӣ худдорӣ карда, ҷиҳати эҳёи субот ва амнияти пойдор дар Ховари Миёна иқдомҳои воқеии фавриро рӯйи кор бигиранд.
Дар фарҷоми нишаст сарони давлатҳо Эъломияи ад-Давҳаро қабул карданд. Дар он қайд карда шудааст, ки қитъаи Осиё аз нуқтаи назари геополитикӣ ва иқтисодӣ дар тиҷорати ҷаҳонӣ ҳамчун бузургтарин қитъаи дорои захираҳои стратегии энергетикӣ ва дорои бузургтарин бозорҳо ва биржаҳои ҷаҳонӣ, захираҳои бузурги башарии худ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
Барои истифодаи бештари афзалиятҳои ҳар як кишвар бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки робитаи байни кишварҳо дар соҳаҳои мухталиф бо омӯхтани имкониятҳо ва таҳияи пешниҳодҳое, ки ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд, таҳким бахшида шавад.
Дар Эъломияи ад-Давҳа ҳамчунин сарони давлатҳои узв аз вазъи хатарнок дар навори Ғазза изҳори нигаронии амиқ намуда, хостори оташбаси фаврӣ, пурра ва ҳамаҷониба ва зарурати озодии фаврӣ ва бечунучарои ҳамаи гаравгонҳо ва боздоштшудагон аз ҳарду ҷониб бар асоси тавофуқи тарафайн шуданд.
Раёсати Муколамаи ҳамкории Осиёро дар соли оянда Таиланд ба уҳда мегирад.
Бояд гуфт, ки қарорҳои дахлдор ва тафоҳумоте, ки дар ин нишаст байни сарони давлатҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё ҳосил шуданд, ба рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳо ва густариши равобити созанда байни созмонҳои минтақавӣ, ки ин давлатҳоро ба ҳам гирд овардааст, нақши муассир хоҳанд бозид. Бешубҳа, дар ин нақш Тоҷикистон ва Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор мебошанд.
ШАҲЛОХОН МУРОДАЛӢ - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон