АНДЕШАҲО ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Чӣ тавре дар оғози суханронӣ муҳтарам Ҷаноби Олӣ ироа доштанд дар ҳар як марҳилаи таърихии давлатдории ҷомеаи инсонӣ рӯйдодҳои зиёде рух медиҳанд, ки ҳар кадом метавонад як таҳаввулоти ҷиддӣ ва мондагореро дар ҳаёти инсонӣ, сарнавишти миллате ба вуҷуд оваранд, дурнамои рушди онро муайян намоянд. Барои миллати соҳибтамаддун ва фарҳангофари тоҷик, аз ҷумла дар арсаи соҳиб шудан ба соҳибистиқлолӣ, таъсиси давлатдории миллӣ – ин рӯйдоди ниҳоят муҳим ва тақдирсоз қабули нахустин Конститутсия – бахтномаи миллат маҳсуб меёбад.
Ҳақиқатан, андешаҳои Пешвои муаззами миллат оқилона ва бо далелҳои воқеӣ асоснокшуда мебошанд. Пеш аз ҳама аз он ҷанба, ки ин санад новобаста аз авҷ гирифтани бархӯрди фарҳангҳо, дигаргуниҳои сиёсии ҷомеаи башарӣ ифодагари истиқлолу озодии халқ, таъсиси давлатдории навини миллӣ, пойдориву бақои давлат гардида, минбаъд барои муваффақ гаштан ба арзишҳо ва дастовардҳои мондагори миллӣ, муаррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ нақши ҳалкунанда бозид. Махсусан, рукнҳои асосӣ, бавижа, шаклу сохтори давлатдории навини миллиро муайян кард, барои ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки таъмингари бевоситаи амнияту суботи ҷомеа гардид, заминаи бунёдӣ гузошт. Инчунин, дар таҳияи қонунҳои соҳавӣ ва ташаккули низоми қонунгузории кишвар, иштироки озодонаву васеи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба сифати сарчашмаи боэътимод хизмат намуд.
Бар замми ин муҳиммот мақоми шахс ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии давлат ва арзишу принсипҳои ҷомеаи демократиро ба миён гузошт. Кишварро аз беҳокимиятиву бенизомӣ раҳоӣ бахшид. Бинобар ин, месазад зикр дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳеҷ як шакку тардид санади сарнавиштсоз ва нигоҳдорандаи давлатдории миллӣ, маншаи асосии инкишофи соҳаҳои стратегии ҷомеа, дурнамои рушди он мебошад.
Дар матни суханронии Президенти кишвар, ки тамоилгирии илмӣ-мантиқӣ дорад ҳамаи муваффақияту дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар тӯли 30-сол ба онҳо нойил гардид, таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст. Дар робита бо ин, масъалаҳои калидие, ки дар ин суханронӣ ҷойҳои меҳварӣ дошта, аҳамияти назарӣ ва амалӣ, арзиши баланд доштани ин санадро ифода медоранд, метавон ба таври зайл мушаххас намуд:
- дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, арзишҳои хусусияти миллидошта, ба эътибор гирифтани пешниҳоду дархост ва райъи мардум сохти давлатдории Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намуд;
- бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву мафкуравии мардум ва барои баромадан аз вазъи даҳшатноки буҳронӣ ҷиҳати таъсиси ҳокимияти нерӯманди мутамарказ, ягона ва муназзам мусоидат кард;
- халқро ба сифати манбаи ҳокимият будан, муаррифӣ намуд. Ё худ ошкоро ва ҳаматарафа баррасӣ гардидани лоиҳаи Конститутсия, ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудани он ва ниҳоят, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели қатъии дар асоси меъёрҳои демократии аз ҷониби умум эътирофшуда қабул гардидани ин санади тақдирсоз маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалин қонунҳои асосие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст;
- анъанаҳои давлату давлатдории гузаштагони миллатро инъикос карда, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид. Ба дигар маънӣ ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия аз он ҷанба ба назар мерасанд, ки он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд;
- барои миллати тоҷик ҷиҳати ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун санади боэътимод хизмат кард;
- дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат кафолат додааст, ки ин баёнгари воқеан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад;
- мустақилияти ҳокимияти судиро эътироф кард. Яъне танҳо суди мустақил ва беғараз метавонад бо роҳи амалӣ кардани адолати судӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ ва арзишҳои шахс ва шаҳрвандро таъмин намояд;
- волоияти ин санадро назди ҳар як шаҳрванди кишвар нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мушаххас намуд. Чунки Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ мебошад ва ягон санади дигари ҳуқуқӣ наметавонад Конститутсияро тағйир диҳад ё бар хилофи меъёрҳои он қабул карда шавад;
- дар асоси принсипу меъёрҳои конститутсионӣ оид ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ва рушд ёфт;
- бори нахуст ин ҳуҷҷати олии сиёсиву ҳуқуқӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд;
- дар санади мазкур фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият ва дигар арзишҳо, ки далели равшани мавҷуд будани низоми демократӣ дар мамлакат мебошанд, ифода ёфтаанд;
- вобаста ба эътибор гирифтани нуктаҳои фавқӣ ва дигар арзишҳои эътирофшуда Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо муаррифӣ гардид;
- роҳро барои кишвар ҷиҳати оғози ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ҳамвор сохт;
-дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳо дар Конститутсия вазифа ва уҳдадориҳои шаҳрвандони Тоҷикистон низ муқаррар карда шудаанд;
- ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ҳисобида шуд;
- барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ба сифати манбаъ хизмат кард. Маҳз эълон намудани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ифодагари он аст, ки ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ташкил медиҳад ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бевосита барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ метавонад бозад ва ғайра.
Бояд иқрор шуд, ки танҳо он ҷомеае ба пешрафт нойил гардида, адолат ва баробарии иҷтимоӣ риоя мегардад, ки агар дар он кишвар Конститутсия ва қонунҳои соҳавӣ бечунучаро риоя ва иҷро шаванд, волоияти қонун ҳамчун арзиши муҳимми давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад. Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Он ба сифати таъмингари истиқлолу озодии давлату давлатдории мустақили миллӣ, пешрафти устувори он, кафили доимии амнияту суботи кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми шарифи Тоҷикистон арзиш дорад.
Нозим Маҳмадизода – доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ;
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ