Тезисҳо (мулоҳизаҳо) дар бораи Конститутсия
Дар таърихи нави рушди давлатдории миллии тоҷик ва расмиёти ҳуқуқии он соли 2024 ҳамчун санаи сиюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон аст. Бо арзи эҳтиром ба ин санаи муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 қайд шудааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем». Тибқи андешаҳои мазкур ба ифтихори ин санаи муҳими таърихии миллат, соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.
Бо мақсади мусоидат ба ин иқдоми наҷиб ва кумак ба мардуми кишвар дар азхудкунии одобу ахлоқӣ сиёсӣ-ҳуқуқӣ риояи қатъии меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, иҷрои талаботи онҳо олимони намоёни соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва конститутсияшиносони маъруфи ҷумҳурӣ Зоир Ҷурахон Маҷидзода ва Ашӯрбой Имомов тасмим гирифтаанд, ки дар шакли тезисҳо (мулоҳизаҳо) дар бораи мафҳум, пайдоиш, рушд, шакл, таркиб, мазмун, тарзи қабул ва таѓйиру иловаҳо дохил кардан, таъиноти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои конститутсияҳо умуман, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан, ба доираи васеи хонандагони Сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ мухтасар маълумот диҳанд.
Конститутсия - (аз забони лотинӣ constitutio – муқаррар, сохтор) бо мазмуни моддӣ санади навишташудаи ҳуқуқие мебошад, ки пеш аз ҳама ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро эълон менамояд ва кафолати онҳоро пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори ҷамъиятӣ ва сохтори давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва вазъи пойтахт, шакли идоракунӣ ва таркиби ҳудудии давлат, асосҳои ташкили мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва робитаи байниҳамдигарии онҳо ва баъзе масъалаҳои муҳимтаринро муқаррар ва танзим менамояд. Бо мазмуни зоҳирӣ (формальный) Конститутсия қонун ё гурӯҳи қонунҳое мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорад. Конститутсия шакли олии ҳуқуқиест, ки дар он арзишҳо, падидаҳо ва меъёрҳои сохтори конститутсионӣ, асосҳои танзими ҳуқуқӣ-конститутсионӣ, алоқаҳои сифатии ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ҳокимияти давлатӣ расман муқаррар карда шудаанд.
Конститутсия - Қонуни Асосӣ мебошад, ки асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва иқтисодии мамлакат, шакли сохтор ва идоракунии давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, тартиби ташкил ва салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро дар марказ ва маҳалҳо, ташкил ва усулҳои асосии адолати судӣ, назорати прокурориро муқаррар менамояд. Нисбат ба ҳар як санади ҳуқуқии низоми қонунгузорӣ ва ҳуқуқии мамлакат қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Ҳеҷ як қонуни ҳуқуқӣ берун аз таъсири Конститутсия ва ё хилофи он шуда наметавонад. Қонунҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии бешумор бояд дар мувофиқа бо Конститутсия қабул гардида, ба татбиқи меъёрҳо ва ҳолатҳои он мусоидат намоянд. Дар қаламравӣ давлат ҳеҷ як мақомоти давлатӣ, шахси мансабдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инсон ва шаҳрванд берун аз талаботи Конститутсия фаъолият карда наметавонанд. Аз талаботи Конститутсия дар дохили мамлакат ҳеҷ як субъекти ҳуқуқ боло истода наметавонад. Аз ибораи Қонуни Асосӣ ҳамаи он хусусиятҳои Конститутсия ошкор мегардад, ки ҷойи онро дар низоми ҳуқуқӣ муайян мекунад.
Дар забони тоҷикӣ ибораи Сарқонун ифодакунандаи мафҳуми Конститутсия буда, ҳамаи хусусиятҳои ба Қонуни Асосӣ хосро доро мебошад. Аммо ҳеҷ як санади ҳуқуқи дигар бо номи Конститутсия қабул карда намешавад. Бо мазмуни ҳуқуқӣ аз Сарқонун ҳеҷ ягон санади меъёрии ҳуқуқии дигар боло истода наметавонад. Ин ибора дар раъйпурсии конститутсионии соли 1994 баробари ибораи Конститутсия маъқул дониста шуда буд. Ва солҳои 1994-2016, яъне қариб дар тули 22 сол номи санади асосии олии ҳуқуқии Тоҷикистон бо ду ном «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекард ва дар раъйпурсии аз 22 майи соли 2016 ибораи Сарқонун аз матни Конститутсия хориҷ карда шуд. Аммо дар сарчашмаҳои илмию таълимӣ ҳанӯз ҳам ин ибора ба кор бурда мешавад, ки аҳамияти маърифатии ихтисоси дорад.
Конститутсия Қонуни қонунҳо мебошад. Бо мақсади ҳарчи пурра ифода кардани мазмун ва таъиноти Конститутсия дар сарчашмаҳои илмӣ ва машварати касбию ихтисоси онро Қонуни қонунҳо низ меноманд. Ин ибора ишора ба сатҳи баланди Конститутсия дар низоми қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қуллаи баланди низоми қонунгузории миллӣ буда, дар зери таъсири он қарор доштани ҳамаи қонунҳоро ифода мекунад. Ҳамчунин ибораи Қонуни қонунҳо нисбати Конститутсия ишора ба таъинот ва робитаи мантиқии онҳо, ягонагии низоми қонунгузории миллӣ мебошад. Аз рӯи шакл, таркиб, мазмуни фарогири муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳар гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ бо эътирофи усули волоияти Конститутсия таҳия, қабул ва амал мекунад. Ибораи Қонуни қонунҳо инчунин ишора ба он ки Конститутсия бораи Қонуни қонунҳо инчунин ишора ба он ки Конститутсия низ яке аз қонунҳо мебошад, аммо дорои нерӯи олии ҳуқуқӣ аст.
Конститутсия – нишона, рамзи ҷудонопазири давлатдорист. Ҳар як як давлати нав таъсисёфта, тавассути Конститутсия барпоёбии худро эълон, ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва ва хориҷии худро муайян ва ва ифода менамояд. Тавассути рамзҳои давлатӣ мухтасар дар бораи таърихи пайдоиши давлат, давраҳои рушди давлатдорӣ, дар бораи сохтори ҷамъиятӣ, шакл ва сохти идораи давлат, муносибати шахс ва давлат ҳолатҳои калидӣ муқаррар карда мешаванд. Ҳамчунин баъзе ҳусусиятҳои этникӣ, робитаҳои таърихӣ бо халқу миллатҳои ба ҳамдигар аз самти фарҳангӣ наздик ифода карда мешаванд. Бо ин мазмун Конститутсия як нав Шиносномаи миллат, ҷомеа ва давлати мазкур мебошад. Ифодагардонии хусусиятҳои мазкур дар Конститутсия дар шакли ҳуқуқӣ-сиёсӣ суръат мегирад. Бинобар ин, ҳар як нукта ва ибораҳои Конститутсия мазмун ва таъиноти махсус доранд. Конститутсия бо вуҷуди он ки рамзҳои давлатиро муайян мекунад, худи он низ рамзу нишонаи давлатдорӣ мебошад.
Конститутсия бо забони расмии давлатии ҳар мамлакат тайёр ва қабул карда мешавад. Тибқи ҳайати миллии давлат забони расмии давлатӣ метавонад аз як ё ки аз якчанд забони миллатҳои дар таркиби давлат ҷойгир буда, иборат бошад. Одатан дар аксари давлатҳои ягона ба ҳайси забони расмии давлатӣ забоне эътироф ва муқаррар карда мешавад, ки забони муошират ва гуфтугӯи аксари аҳолии мамлакат мебошад. Дар давлатҳои шакли идораи иттифоқӣ (федеративӣ) баробари забони ягонаи расмии умумидавлатӣ метавонад забони миллии субъектони иттифоқ низ дар сарҳади ҳудуди ҷойгиршавии онҳо забони расмӣ эълон гардида, амал кунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аввалин бор дар таърихи давлатдории тоҷик бо забони модарӣ, яъне тоҷикӣ таҳия ва қабул гардида, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон карда шуд. Ҳамчунин забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дониста шуд.
Ҳар як Конститутсия тибқи воқеияти таърихии ба вуҷудоӣ ва рушди давлат пайдо гардида, муносибатҳои ҷамъиятиеро муқаррар ва танзим менамояд, ки иродаю манфиати нерӯҳои ба сари қудрат омадаро ифода мекунад. Дар ҷомеаҳои синфӣ конститутсияҳо мувофиқи ирода ва манфиати синфи ҳукмрон қабул гардида, ба ҳифзи манфиати онҳо мувофиқ аст. Ин ҳолат пеш аз ҳама дар муқаррар кардан ва ҳифзи моликияти хусусие ифода меёбад, ки ҷомеаи синфӣ дар заминаи он қарор ёфтааст. Ин ҳолатро хеле образнок доҳии инқилоби октябрии Руссия В.И.Ленин чунин ифода карда буд: «Рӯҳ, мазмуни асосии ҳамаи конститутсияҳои қаблӣ, то худи ҷумҳуриявӣ, демократӣ, фақат ба моликият робита дорад». Моҳияти сиёсии ҳар як Конститутсия, ки мазмуни онро ифода мекунад ба таносуби нерӯҳои сиёсии дар лаҳзаи қабули он мавҷуд буда муайян мегардад. Таъиноти меъёр ва ҳолатҳои Конститутсия ифодаи таносуби нерӯҳои дар таҳия ва қабули он иштирок дошта мебошад. Аммо ин омил дар матни конститутсияҳо бевосита ифода намеёбанд. Дар аксари онҳо Конститутсия аз номи халқ эълон карда мешавад.
Конститутсия на фақат санади ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати сиёсии муҳимтарин мебошад. Мазмуни асосии он аз масъалаҳо дар бораи ҳокимият, шакли моликият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва шакли идораи давлатӣ иборат аст. Меъёр ва ҳолатҳои он барои таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, иштироки шаҳрвандон дар корҳои идоракунии давлатӣ асосгузоранда мебошанд. Муносибатҳои ҷамъиятии ба фаъолияти сиёсии мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ алоқаманд, тавассути меъёрҳои конститутсионӣ ба худ шакли ҳуқуқӣ мегиранд ва хислати сиёсӣ пайдо мекунанд. Хусусиятҳои сиёсии Конститутсия бо сиёсати иҷтимоии давлат пайвандӣ дорад. Дар ҳамин асос дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, роҳу воситаҳои амалӣ намудани онҳо, хусусан, татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, музафариятҳои ноил гардида ва масоилҳои ҳалталаб чуқур таҳлил гардида, роҳҳои ҳалли онҳо муайян карда мешаванд.
Зоир Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мудири Шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ашӯрбой Имомов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор, Сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон