March 27, 2020

Волейболбозони ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқаи шаҳри Кӯлоб гардиданд

Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз байни мардон мусобиқаи волейбол баргузор гардид, ки дар даври ниҳоии он 4 даста бо ҳам рақобат карданд. Даври минтақавии мусобиқаи волейбол байни мардон дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҷараён гирифт ва чор дастаи беҳтарин барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар даври ниҳоӣ бо ҳам сабқат карданд. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Барои ишғоли зинаи сеюм дастаи ноҳияи Мӯъминобод бо дастаи дуюми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб рақобат карданд. Дар натиҷа дастаи ноҳияи Муъминобод ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб шуд. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб хеле ҷолиб идома ёфт, ки беҳтарини волейболбозон дар ҳайати ин дастаҳо ба ҳам оварда шуданд.

Ҳарчанд дар даври аввал дастаи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 25 бар 18 ғолиб омада бошад ҳам, дар даврҳои дигари ин дидор дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъ тавонистанд бартариро ба даст гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба пеш бароянд. Дар даври чоруми бозӣ дастаи шаҳри Кӯлоб тавонист ҳисоби бозиро баробар созад ва ниҳоят дар даври панҷуми бозӣ бо ҳисоби 15 бар 13 дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқа ва сазовори ҷои якум гардид.

Дар ҷамъбасти ин мусобиқа нахуст дастаи ноҳияи Муъминобод баро ишғоли мақоми сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид. Дастаи шаҳри Кӯлоб барои ишғоли мақоми дуюм бо нишон ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуд.

Дастаи ноҳияи Восеъ низ бо нишон ва ифтихорномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб барои ноил гардидан ба ғалаба сарфароз гардида, роҳхати даври ҷумҳуриявии мусобиқаро низ ба даст овард.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»