October 9

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд

8 октябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардид.

Аз 1 январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад ва аз ин рӯ, Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии худ ба муаррифии авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Зимнан, таъкид гардид, ки яке аз авлавиятҳои асосии раёсати мо ба роҳ мондани муҳокима оид ба беҳсозии фаъолияти Иттиҳод хоҳад буд.

Сарвари давлати мо, инчунин таъкид карданд, ки дар ҷанбаи сиёсӣ кор барои пешбурди обрӯи мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун иттиҳодияи минтақавӣ идома хоҳад ёфт.

Таъкид гардид, ки ба пешбурди рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар рафти раёсати мо таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеи махсус хоҳад дошт.

Рушди ҳамкории парлумонӣ низ аз авлавиятҳои муҳим номида шуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар соҳаи амният ба таҳкими ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хавфу хатарҳои амниятӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои дар ҷаласаи имрӯза қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ такон мебахшад.

Аз рӯйи натиҷаҳои нишасти навбатӣ аз ҷониби сарони давлатҳо як қатор қарорҳо ба имзо расид.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»