October 21
📷Суратгузориши аз ҷашни Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон, ки он аз ҷашнҳои солҳои пешин ба куллӣ фарқ дошт баргузор гардид.
Чунки имсол ин ҷашни бостонӣ дар якҷоягӣ бо Иди себу ангур, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Фестивали «Оши палов» ва намоиш-фурӯши шолию биринҷ доир гардид, ки ба он шукуҳу шаҳомати хосса бахшид.
Дар ин ҷашн меҳмонони хориҷӣ иштирок дошта, онҳо бо растаю гӯшаҳои дар ин боғ ташкил гардида шинос шуда, барои хотира аксу навор бардоштанд.
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷашни Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»