Обу ҳаво дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 2-7м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17º гарм, рӯзона 23+25º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Рашт – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10º гарм, рӯзона 15+17º гарм мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 13+18º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 12+14º гарм, рӯзона 14+16º гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр боришот:борон-барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 8+13º гарм мешавад.
ш.Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 14+16º гарм, рӯзона 26+28º гарм мешавад.
ш.Кӯлоб – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 14+16º гарм, рӯзона 25+27º гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 17+22º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8º гарм, рӯзона 17+19º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб. - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 15-20м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 8+10º гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º хунук, рӯзона 5+10º гарм мешавад.
Манбаъ: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон