May 20, 2019

Никоҳ коҳиш ёфта, талоқ меафзояд!...Гунаҳгор кист?

Сурат: аз Arzuw news

Шаҳноз, ки дар як деҳаи дурдасти кишвар зиндагӣ мекард, баъди хатми мактаби миёна дар синни 17-солагӣ ба шавҳар мебарояд. Пас аз ду моҳи зиндагии якҷоя аз сабаби мушкилоти иқтисодӣ шавҳараш ба муҳоҷират меравад. Дар ин муддат фарзандор мешаваду гапшунави хонаводаи шавҳар мегардад.

Шаҳноз, ки волидонаш аз ҳам ҷудо шудаанд, ҳамроҳи падар ба воя расида буд. Аз ин рӯ, баъди азобҳои тӯлонӣ дар хонаводаи шавҳар Шаҳноз ба хонаи падараш меравад, ки акнун дар Душанбе зиндагӣ мекард. Пас аз се соле, ки аз хонаводаи шавҳар ва падари фарзандаш ягон хату хабар намегирад, қасди хонаву дари худ мекунад. Аммо хонаводаи шавҳараш ба ӯ мегуянд, ки дигар дар ин хонавода барояш ҷой нест.

Шаҳноз талош мекунад ва дар ошхонае дар пойтахт баро худ кор пайдо мекунад. Нигоҳубини фарзанди хурдсолашро ба уҳдаи моиндараш мемонад, ки бар ивази нигоҳубин ҳамарӯза маблағи ба даст овардаашро ба ӯ медод. Баъди як соли кор Шаҳноз ба назди ҳохарбузурги модараш барои кӯмак меравад. Холаи Шаҳноз тарбияи кӯдакро пурра ба уҳда мегирад, то ӯ кор кунаду рӯзиашро пайдо намояд...

Воқеан, имрӯз кам нестанд чунин ҷавононе, ки оилаи онҳо ба осонӣ пош мехӯраду ба ҳамешагӣ аз зиндагии шоиста маҳрум мешаванд. Чун дар ҷомеаи суннатии мо баъди ҷудо шудан аз шавҳар, духтар на дигар дар хонаи падар рӯзи хуш дораду на назди ёру ҳамсоягон обрӯ. Баъди чунин муносибат духтарони ҷавон ё роҳи худкуширо интихоб мекунанд ё бероҳа мешаванд, ки бадбахтие беш нест.

Мутаассифона, хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занон дар хонавода яке аз омилҳои асосии пошхӯрии оилаҳо ба ҳисоб меравад, ки ҳамарӯза мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бояд иқрор шуд, ки то ҳанӯз дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон зан чун ғулом, дастнигари мард ва гапшунав боқӣ мондааст. Гарчанде созмонҳои иҷтимоӣ барномаҳои зиёдеро дар мавриди зери хушунати равонӣ, ҷисмонӣ ва лафзӣ қарор гирифтани занону духтарон пиёда карда бошанд ҳам, аммо то ҳол натавонистанд онро пурра аз байн бубаранд.

Дар ҳақиқат пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳим ва нигаронкунанда маҳсуб меёбад, ки шумораи онҳо сол аз сол рӯ ба афзоиш аст. Аз ин шумора метавон хулоса кард, ки дар бархе хонаводаи тоҷик маърифати баланди оиладорӣ то ҳол дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфтааст.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар кишвар 21,700 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4% кам мебошад. Ва дар ҳамин давра 3,173 талоқ зиёд шудааст, ки 3,8% (115 ҳолат) бештар аст. Яъне ин муддат дар кишвар никоҳ коҳиш ёфта, талоқ афзудааст.

Сурайёи Шуҷоат, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки дар ин самт таҷрибаи зиёд дорад, сабаби асосии зиёд ҷудо шудани оилаҳои ҷавонро дар ҷо доштани мушкилоти молӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ гарчанде дигар мушкилиҳо ба монанди, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, дахолат намудани волидон ба зиндагии ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти қонунгузорӣ ҷой доранд, аммо бо рӯ ба рӯ шудан ба мушкилоти молӣ, ҷавонон роҳи халосиро дар талоқ мебинанд ва масъулияте ҳис намекунанд. Ва баъди ҷудошавӣ масъулият бар дӯши зан аст, на мард. Ба зан кӯдакҳо мерос мемонанд ва барои мард пардохти алименти ночиз мушкилие надорад.

Сурайёи Шуҷоат

Дар ҳақиқат, баъди ҷудошавии оилаҳо мардон ҳатто баъзан аз додани алимент саркашӣ мекунанд, ки боиси нигаронист. Қаҳрамони дигари мо Самира аз нафаронест, ки пас аз зиндагии номуваффақонааш хонаводаи шавҳар аз додани алимент саркашӣ карданду тариқи суд ба гирифтани алименти фарзандонаш даст ёфтааст.

Самира танҳо се моҳ бо шавҳараш зиндагӣ кардаасту халос. Онҳо, ки баъди издивоҷ ба Қирғизистон кӯч бастанд ҳамеша зери фишори равониву ҷисмонии шавҳар қарор мегирифт.

Худи Самира мегӯяд, сабаби чунин ранг гирифтани корро намефаҳмид. Баъди азобҳои равонии тӯлонӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои шавҳарашро бо зани дигар мебинад. Баъдан маълум мешавад, ки шавҳараш ҳамсар ва як фарзанд дораду танҳо бо хости волидон ӯро ба ҳамсарӣ қабул кардааст.

Пас аз ин воқеа Самира азми ватан мекунаду бо ҳамин зиндагии якҷояи онҳо пош мехӯрад. Тарбияи духтараш имрӯз пурра бар дӯши Самира буда, ӯ иҷозат намедиҳад, ки хонаводаи шавҳар ба аёдати духтараш оянд.

Давлатзода Зулфия Давлат, муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз рафтори номардонаи мардон дар оила ва амалҳои ҳокимонаи волидони онҳо нигаронӣ намуда, дар як мизи мудаввар иброз намуд, ки “аз аввал шиканҷа ва даст бардоштан ба сари зану фарзанд баъзан рух диҳад, рафта – рафта ин усул ба як одати муқаррари табдил мегардад. Амалҳои ҳокимонаи волидон бошад, бар хилофи кор меоянд. Агар хостаи онҳо аз ҷониби фарзанд қабул нагардад, мушкилоти оиларо ба бор меорад. Зеро, бештари оилаҳои ҷавон аз лиҳози иқтисодӣ мӯҳтоҷи падару модар буда, дар масъалаҳои оилавӣ ва интихоби мустақили ҳамсафари ҳаёт чораи дигаре надоранд”.

Давлатзода Зулфия

Як чизро бояд ёддовар шуд, ки баъди қабул гардидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, шумораи ба қайдгирии ақди никоҳ ду маротиба дар ҷумҳурӣ зиёд гардидааст. Яъне то соли 2007 агар ҳудуди 50 ҳазор никоҳ амалӣ мешуд, ҳоло бошад ин рақам ба 100 ҳазор расидааст. Агар қонуни мазкур барои обод кардани оилаҳои ҷавон осонӣ оварда бошад, мушкилоти дигар пеш овардааст, ки аз ҳамин теъдод 10 фисади оилаҳо ҷудо шуда, боиси нигаронӣ аст.

Пас қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ба манфиати кор аст ё баракс? Вақте баъди қабул гардидани қонун миқдори талоқ зиёд шудааст, пас чӣ кор бояд кард? Киро бояд дар ин самт гунаҳгор донист? Чи корҳоро бояд ба сомон расонид, ки хушунату ягдигарнофаҳмӣ аз байн равад?

Ятимзода Ҳотам, муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ дар ин маврид гуфта буд, ки зиёд шудани талоқ дар ҷумҳурӣ бевосита гуноҳи масъулон буда, аз ҷониби онҳо корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо оилаи ҷавон гузаронида намешавад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо баъди муроҷиати ҷавонон ба САҲШ барои талоқ бо онҳо сӯҳбат гузаронида мешаваду халос.

Ятимзода Ҳотам

Сурайёи Шуҷоат бо боварӣ мегӯяд, ки - имрӯз қонун занонро ҳимоят намекунад, ки мардон ҳарос дошта бошанд ва ба қонун бояд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Яъне зиёда аз 70 - 80% ҷавонон ягон моликият надоранд, ки онро дар аҳдномаи никоҳ ворид кунанд ва баъди ҷудошавӣ моликият тақсим шавад. Ба ҳамин хотир мардон ба осонӣ аз ҳамсари худ ҷудо мешаванд.

Пошхӯрии зиёди оилаҳои ҷавон имрӯз ҳамаи мақомотро нигарон кардааст ва Сироҷзода Саодатбибӣ, Сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия низ дар ба миён омадани хушунату зуроварӣ ва билохира вайрон шудани оилаҳои ҷавон аксар маврид волидонро гунаҳгор донист. Ӯ аз даврони Куруши Кабир мисол оварда, гуфт, ки бояд қабл аз никоҳ миёни волидони ҷавонони никоҳшаванда шартнома баста шавад.

Сироҷзода Саодатбибӣ

Ба гуфтаи коршиносон, бо навхонадорон то ду соли зиндагӣ бояд равоншиносон ва масъулони кумитаҳои дахлдор сӯҳбатҳои муфид ва корҳои профилактикӣ гузаронанд, то оилаи онҳо устувор бимонад. Чун бештари маврид сабаби асосии пошхӯрии оиларо дар надонистани одитарин равандҳои зиндагӣ медонанд. Шояд баъди гузаронидани чунин сӯҳбатҳо хушунат нисбат ба занон коҳиш ёбаду зани тоҷик низ дар хонавода на таҳқиршунаву гапшунав, балки дӯстдори ҳамсару дигар аъзои оилааш бошад.