September 17, 2019

ВКХ ҶТ: дар низои сарҳадӣ 3 низомии Тоҷикистон кушта ва занону кӯдакон захмӣ шуданд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз ба кордори сафорати Қирғизистон дар Душанбе ёддошти эътирозӣ супорид.

Бино ба маълумоти ВКХ ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон ба амалҳои Қирғизистон изҳори эътироз кардааст, ки дар қаламрави баҳснок бар хилофи мувофиқаҳои қаблан бадастомада сохтмони иншоотро шурӯъ намуд.

Зикр гардид, ки ҷониби Қирғизистон ба маҳалли ҳодиса 250-300 нафар афсарону сарбозонро фиристод, ки онҳо бар зидди сокинони осоиштаи деҳаи тоҷикнишини Баҳор аз силоҳи оташфишон истифода карданд. Ин боис шуд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии шаҳрвандони осоишта ҷораҳои ҷавобӣ андешанд.

Дар натиҷаи амалҳои иғвоангези сарбозони қирғиз 3 низомии Тоҷикистон куштаву сокинони осоишта, аз ҷумла, занон ва 2 кӯдак захмӣ шуданд.

Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади риояи мувофиқаҳои зимни мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи июли соли ҷорӣ бадастомада, қотеона аз ҷониби Қирғизистон тақозо мекунад, ки аз амалҳои харобиовар дар хатти сарҳади давлатӣ худдорӣ кунад ва барои пешгирии иғвогарӣ чораҳои фаврӣ андешад.

Ёдовар мешавем, ки шоми дирӯз дар қаламрави майдони варзишии Баҳори ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон рух дод.

Зимнан 3 нафар афсару сарбозони Тоҷикистон кушта шуда, 5 низомӣ ҷароҳат бардоштанд. Ҳамзамон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, 1 марзбони қирғиз фавтида, 13 нафар низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷруҳ шудаанд.