September 30, 2019

Корманди Агентии суғурта 333 ҳазор сомонӣ нафақаро аз худ кардааст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Asia-Plus

Ӯ маблағро ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, тавассути кортҳои пластикии “Амонатбонк” гирифтааст.

Барои тасарруфи молу мулки давлатӣ ба маблағи махсусан калон корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дастгир шудааст.

Айбдоршаванда Расулова Майсара Бобораҷабовна дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабдорӣ бар хилофи талаботи қонунгузории Тоҷикистон оид ба таъин ва пардохти нафақа амал намуда, давоми солҳои 2017-2019 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии беш аз 333 ҳазор сомониро аз худ кардааст.

Номбурда ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, онҳоро тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ “Амонатбонк” тариқи нақдӣ гирифтааст ва ба манфиати шахсии худ харҷ кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Расулова М.Б. бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони молиявӣ расонидааст.

Нисбат ба айбдоршаванда бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 банди “а” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мeҳр ва бланкаҳои қалбакӣ, такроран содир шудааст) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20190930/kormandi-agentii-suurta-333-azor-somoniro-az-hud-kardaast