October 7

Безории муаллим аз 5 ҳазор китобаш

Ҳамоне, ки риши сафед ва асо дар даст дорад, муаллим аст, муаллими Сафар. Афроде, ки дар акс инъикос шудаанд, ба кори таърихие машғуланд. Соли 2002, дараи Ромит, деҳаи Коху. Ҳафриёти қалъаи Ҳисорак. Муаллими Сафар гирди онҳо парвона аст: мехоҳад, бидонад, ки зодгоҳаш чӣ таърихе дорад, чӣ навъ одамоне онҷо ибтидо мезистанд, чӣ бозёфтҳое пайдо мешавад... Натиҷаҳои ҳафриёт барои баъд, инҷо ривоят аз муаллими Сафар аст.
Муаллими Сафар беш аз 15 сол пеш ҳудуди 90 сол дошт, ки ин дунёро падруд гуфт. Одамоне, ки ӯро мешинохтанд ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди маргаш ба некӣ ёд мекунанд. Некиҳои зиёде карда буд, ки ба некӣ ёд мешавад. Ман солҳои охири умраш се-чаҳор бор ӯро дидаву пойи суҳбаташ нишаста будам. Аз рӯзгораш нақлҳои зиёде мекард, ки ҳама ҷолибу шуниданӣ буданд – аз иштирокаш дар курсҳои маҳви бесаводӣ дар солҳои 30-уми асри гузашта, аз ширкаташ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, аз даврони коммунистшавӣ ва коммунистиаш, аз давраҳои муаллимиаш, аз китобхариву китобхониаш. Ва ҳар бор аз бисёр китоб хонданаш таассуф мехӯрд. Чаро?
Муаллим марди наҷибе буд. Аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ захмҳое дар ҷисму ҷонаш дошт. Аз ҷанг баргаштаву бо зане 10 сол аз худ бузургтар издивоҷ кард ва соҳиби як хона фарзанд шуд. Бо сахтиҳову машаққатҳои он даврон созиш кард ва, бино ба ченакҳои ҳамон замон, худро сохт. Билети коммунистӣ дошт ва дар мактаби миёна кӯдаконро дарси риёзӣ меомӯзонид.
Шогирдонаш нақл мекунанд, ки аз "Лелин" талаффуз кардани номи "доҳии пролетарҳо" ғазабнок мешуд ва ҳамеша шогирдонро ислоҳ мекард, то Ленин бигӯянд на "Лелин". Аз муҳаббат ва садоқате, ки ба ҳизби коммунист, роҳбарони мактаби коммунистӣ, роҳбарони СССР дошт, китобҳои онҳоро мехариду мутолиа мекард ва дар китобхонааш маҳфуз медошт. Ба маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ низ обуна буд. Бисёр мехонд ва ба нақли шогирдонад, дар даврони шӯравӣ ҳама фикру зикраш иборат аз "сиёсати партия ва ҳукумати советӣ" буд.
Шогирдонаш нақл мекунанд, ки зери таъсири мутолиаҳояш ба суннатҳои милливу мардумӣ метохт ва ба идеяҳои коммунистӣ садоқат меварзид. Бо ин вуҷуд, дар масъалаҳои иҷтимоӣ дар канори мардум ва аз саркардаҳои мардум буд.
Соли 1989 бо болову пойин давидан ва аризабозӣ кардан аз Совети вазирони Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон иҷозаи бозгашт ба деҳаҳои дараи Ромитро дарёфт кард. Сокинони деҳаҳои зиёди дараи Ромитро дар солҳои 50-уми асри гузашта барои обод кардани водии Вахш иҷборан ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии кунунӣ кӯчонида буданд. Ва бо талошҳои афроде амсоли муаллими Сафар зодагони дараи Ромит иҷоза ва имкони баргаштан ба хонаҳои падариро ёфтанд.
Муаллим ҳамаи дору надорашро бардошт ва ба Ромит рафт. Хонаҳои падариро дубора обод кард ва як утоқро ба китобу маҷаллаҳояш бахшид. Ва ҳукумати шӯроҳо фурӯ рехту асарҳои Ленин, таърихи КПСС ва ақидаҳои коммунистӣ ба пули пучак баробар шуданд. Он гоҳ буд, ки хондаҳову донистаҳои муаллими Сафар беқадр шуданд...
Бори охире, ки пешопеши вафоташ ба зиёраташ рафта будам, ба утоқи китобҳояш бурд, дарро боз кард, ман дохил шудам, худаш дар санҷаки дар истод. Ва бе ҳеч эҳсосе, ки гӯё мухотабаш на ман, дару девор ва китобҳои бе руҳ ҳастанд, гуфт:
-Беш аз 5 ҳазор китоб ҷамъ кардам. Маҷаллаҳову рӯзномаҳоям бешумор, ҳамаро хондам, вале хондани бефоида. Аз ин хондаҳои мо ҳоло ҳеч нафъе нест. Ҳамаш дурӯғ...
Дар рафҳои китоб, ки бештарашон нам гирифтаву чанг зада буданд, асарҳои Ленин, таърихи партияи коммунистӣ, анҷуманҳои партия ва осору адабиёти он даврон қатор чида шуда буданд.
Муаллим баъди фурӯрезии СССР аз ақидаҳои коммунистӣ безорӣ мекард ва аз ин ки беҳтарин солҳои умр ва неруяшро ба мутолиаву ҳифзи арзишҳои дурӯғин бахшида буд, таассуф мехӯрд. Вай дар солҳои охири умр утоқеро барои ибодат ҷудо карда буд. Дари манзилаш ҳамеша боз ва суфрааш барои мусофирон ороста буд. Мусофиронро нон медод ва панд мегуфт.
Бузургтарин пандаш барои ман ин буд, ки мутолиаи бефоидаву "дурӯғин" надошта бошам ва ба илми ростин ва муфид машғул бошам.

Ёқуб Ҳалимов, махсус барои "Китобхон"