March 18

ВАЗЪИЯТИ БОЗОР 18.03

Пас аз як гонкаи бебозгашти 50 рӯза, дар нархи акои Бетховен😜 ислоҳоти каму беш ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин, ҳама новичокҳо дар воҳима ҳастанд ва инҷо баҳри шумо як мем пешниҳод мекунам.

Эхх бозор....бозор ҳеҷгоҳ тағйир намеёбад.

Тф-и ҳафтаина. Шикасти бардуруғи ATH. Устувор набуд, бинобар ин, аломати хирсҳо (тренди поёнӣ) ба назар мерасад.

Говҳо (бычий тренд) ба охир расид?? Ба қарибӣ халвинг! Чӣ бояд кард?

Ин аст👆фикри трейдер-бачаҳои имруза. Дарвоқеъ, мо ҳафтаи гузашта аз коррекция ҳушдор дода будем!

Хуб, азбаски таргетҳои коррекция аллакай ба анҷом расиданд, вақти он расидааст, ки муайян кунем, оё биток афтоданро идома медиҳад? Агар ҳо, то чӣ андоза?

30 сонияи фундаментал. Ҳоло китҳои калон ба монанди BlackRock дар бозори биткоин фаъол ҳастанд. Онҳо аслан пули номаҳдуд доранд ва тамоми памп то 73 ҳазор аз ҳисоби онҳо сурат гирифтааст. Дар айни замон BlackRock тақрибан 1% таъминоти максималии BTC-ро дарбар дорад. Ва ин танҳо он чизест, ки мо дар бораи онҳо медонем.

Аниқ аст, ки барои китҳо поён рафтани биткоин хуб нест. Аммо гуфта наметонем, ки марҳамат қатори онҳо биткоин харидорӣ намоед.

Аз ин рӯ, дар умум 2 вариант вуҷуд дорад:

BlackRock мехоҳад, ки дар тренди паҳлуи (боковик) реаккмуляция пайдо шавад, ки дар он кӯшиш мекунад, то % таъминоти худро афзоиш диҳад ё монетаҳои ҷамъшударо истифода бурда нархро маҷбуран поин барад ва "корона-дамп" эҷод карда боз ҳам аз дасти мардуми ғафлатзада😅 битокҳоро ҷамъоварӣ кунад.

Вобаста ба нарх ва тех-анализ ин дар сатҳи $28к ҷой дорад - ҳудуди поёнии диапазони тренди глобалӣ. Ин бадтарин сенария аст вале на он қадар ба воқеият наздик, аммо шумо бояд ба он омода бошед, аз ин руи дар ҳолати дампи шадид тарсида фурухтани биткоин ин аблаҳист, беҳтараш монед истад ва ё боз ҳам харидорӣ кунед.

Биёед акнун сенарияи ба ҳақиқат наздикро дида мебароем. Мо 2 диапазони актуалӣ дорем:

  • хурд - $70к - $65к
  • калон - $69к - $59к

Вобаста ба тренди глобалӣ ҳадафи коррекция дар ҳудуди поёнии диапазони калон ҷой дорад.

Вобаста ба тренди локалӣ метавонем минимуми навро интизор бошем.

Ба ҳар ҳол якчанд андешаи ман дар ин хусус:

  • Бори дигар максимум пробивать мешавад вале дар арафаи худи халвинг эҳтимолан дамп ба назар мерасад.
  • Дар диапазони калони нарх меистем, (варианти бовариноктар) ин танҳо пеш аз давом ёфтани тренди болои як коррекцияи хурдакак мебошад.

Вазъияти бозори алткоинҳоро ба наздики дида мебароем. Аз шумо фақат дастгирӣ.

P.s. Дар мактаб муаллима мегуфтак 2 варақ иншои озод нависен талхакаф мешидем, акнун тасаввур кунен барои чунин анализи калона тем более дар темаи биткоин навистан чӣ қадар меҳнат рафтагияй. Так что максимум дастгирӣ шава бародаро!