@akhboritojikiston1

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
13 ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, табобатӣ ва озмоишгоҳӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Муассисаи тиббӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ фаъолият намуда, тамоми марҳилаҳои хизматрасонӣ, аз бақайдгирии беморон то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳои муоина дар низоми ягонаи иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар беморхона 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ, аз ҷумла табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони озмоишгоҳ ва кормандони маъмурӣ ба кор қабул шудаанд. Оянда бо пурра ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳо то 420 мутахассис соҳиби кори доимӣ мешаванд.

Дастгоҳҳои ташхисии муассиса бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст.

Худкорсозии равандҳо, усулҳои муносиби пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои муосир робита бо беморон ва расмиёти маъмуриро коҳиш дода, ба кормандони тиб имкон медиҳанд, то вақти бештари худро ба муҳимтарин масъала, яъне барқарорсозии саломатии инсон равона созанд.

Беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, озмоишгоҳӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки миёни ин таҷҳизот дастгоҳи томографияи магнитӣ-резонансии бо иқтидори 3 Тесла мавқеи махсус дорад.

Ҳамчунин, беморхона дорои дастгоҳи ангиографӣ барои ташхису муолиҷаи бемориҳои рагҳои хунгард, маммографияи рақамии сеандоза ва таҷҳизоти муосири рентгенӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки имкониятҳои техникии муассиса барои анҷом додани таҳқиқоти мураккаби тиббӣ, ташхиси барвақтии бемориҳо, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ мусоидат менамоянд.

Дар баробари ин, дар беморхона хизматрасониҳои махсуси кардиология, педиатрия, неврология, нейрохирургия, урология, гинекология, офталмология, стоматология ва дигар самтҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи махсуси чек ап (сheck-up) низоми мукаммали муоинаи пешгирикунандаро пешниҳод намуда, барои арзёбии вазъи умумии саломатӣ ва ошкорсозии саривақтии бемориҳо пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, дар беморхона барои фароҳам овардани шароити будубоши беморон ва кормандон ошхона бо 150 ва маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Беморхонаи байналмилалии Душанбе дар баробари хизматрасониҳои муосири тиббӣ, барои рушди ҳамкории байналмилалӣ, ҳамзамон ҳамчун маркази илмӣ ва таълимӣ рушд намуда, фароҳам овардани замина барои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони тиббӣ ба интиқоли таҷрибаи байналмилалӣ, рушди кадрҳои ватанӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосири тиббӣ мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои иншооти нав, риояи меъёрҳои байналмилалии хизматрасонии тиббӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба саломатии шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.

Мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тиббӣ дар пойтахти кишвар дар роҳи таҳкими инфрасохтори тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи тиббӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ қадами муҳим ба шумор меравад.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот мутобиқ ба талаботи соҳа ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои тозабунёд дорои 39 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳ бо 108 курсӣ, ошхона барои 80 кас, хобгоҳ ва китобхона аст.

Дар бинои нави бозрасӣ бахши маркази назорати иншооти чароғакҳои роҳнамои шаҳри Душанбе низ ҷойгир шудааст, ки дар он мутахассисон шабонарӯзӣ фаъолият карда, назорати идоракунии чароғакҳои роҳнамо ва пешгирӣ аз тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар пойтахти кишвар таъмин менамоянд.

Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот дар самти беҳтар намудани шароити фаъолияти хизматӣ, баланд бардоштани самаранокии кори кормандон ва тақвияти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон қадами муҳим ба шумор меравад.

Ҳамчунин, ба ободонии гирду атрофи иншоот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар саҳни бино майдони сафороӣ ва таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ бунёд шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ва саҳмгузории бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.

Инчунин, ба кормандони шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мошинҳои нави хизматӣ тақдим карда шуд.

Дар ин ҷо, ҳамчунин, Сарвари давлат бо лоиҳаҳои сохтмони биноҳои муассисаи нақлиётии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Сино ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ шинос шуданд.

Иттилоъ доданд, ки дар иншоотҳо аз рӯйи лоиҳа бунёди ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо барои баргузории ҷаласаҳо ва машғулиятҳои соҳавӣ, китобхонаи замонавӣ, ошхона, хобгоҳ ва таваққуфгоҳ дар назар аст.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот мутобиқ ба талаботи соҳа ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои тозабунёд дорои 39 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳ бо 108 курсӣ, ошхона барои 80 кас, хобгоҳ ва китобхона аст.

Дар бинои нави бозрасӣ бахши маркази назорати иншооти чароғакҳои роҳнамои шаҳри Душанбе низ ҷойгир шудааст, ки дар он мутахассисон шабонарӯзӣ фаъолият карда, назорати идоракунии чароғакҳои роҳнамо ва пешгирӣ аз тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар пойтахти кишвар таъмин менамоянд.

Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот дар самти беҳтар намудани шароити фаъолияти хизматӣ, баланд бардоштани самаранокии кори кормандон ва тақвияти хизматрасонӣ ба шаҳрвандон қадами муҳим ба шумор меравад.

Ҳамчунин, ба ободонии гирду атрофи иншоот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар саҳни бино майдони сафороӣ ва таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ бунёд шудааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ва саҳмгузории бештар дар таъмини оромӣ ва суботи ҷомеа ҳидоят карданд.

Инчунин, ба кормандони шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мошинҳои нави хизматӣ тақдим карда шуд.

Дар ин ҷо, ҳамчунин, Сарвари давлат бо лоиҳаҳои сохтмони биноҳои муассисаи нақлиётии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Сино ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ шинос шуданд.

Иттилоъ доданд, ки дар иншоотҳо аз рӯйи лоиҳа бунёди ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо барои баргузории ҷаласаҳо ва машғулиятҳои соҳавӣ, китобхонаи замонавӣ, ошхона, хобгоҳ ва таваққуфгоҳ дар назар аст.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Таъиноти кадрӣ
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Комилбек Амид – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ
Амирбекзода Ҳабибулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз
Вализода Қурбон – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш
Собирзода Шералӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ
Юсуфзода Қурбоналӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён
Ризозода Дилшод – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод
Гулзода Зафар – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Дилшоди Давлаталӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор
Нишонзода Даврон – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён
Маҳмудзода Муслиҳиддин – раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Нурмаҳмадзода Тоҷиддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назирӣ Зариф – директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ
Раҷабзода Сироҷиддин – ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев
Мирзода Сайдулло – директори МД «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳимзода Аҳрор – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: https://t.me/emomalirahmontjk

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони нохияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Муъминобод ва Дӯстии вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Сангвор аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд. Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлагии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев», директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад муовини якум, Назарзода Ризо Шодӣ, Насулобекзода Диловаршо Насуллобек ва Нуриддинзода Некруз Зиёвиддин муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, Фурқати Ҳукумат ва Амирбекзода Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки барои кадрҳои ба роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншуда вазифаи аз ҳама муҳим бо фарҳанги баланди муошират кор кардан бо мардум аст.

Дастур дода шуд, ки барои кори босамар бо мардум ва ҷалби соҳибкорону сокинони ҳимматбаланд ба корҳои ободонию созандагӣ соҳибташаббус ва пешкор бошанд.

Супоришу тавсияҳои мушаххас, ҳамчунин ба кадрҳои дар дигар соҳаҳо ба корҳои роҳбарӣ таъингардида дода шуд.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон вориди пойтахти он- шаҳри Тошканд гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд» ба номи Ислом Каримов муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ карда мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 4 то 6 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани сел пешгӯӣ мешавад.

Ҳамзамон дар дарёҳои Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар чунин шароити номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешида, аз сафарҳои бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Ҳамчунин аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар наздикии соҳили дарёҳо ва мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
3 то 5 ноябр дар шаҳри Лондон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» баргузор мегардад, ки дар он иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррфӣ мегардад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси сиёсати созанда ва дарҳои кушода, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин раванд, Кумита бо ҷалби шарикони дохиливу хориҷӣ барои муаррифии имкониятҳои мамлакат, тақвияти ҳамкорӣ бо бозорҳои нави сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

«World Travel Market» аз бузургтарин чорабиниҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон буда, соли равон иштироки беш аз 180 давлат, 40 ҳазор ширкату меҳмонхона, мутахассисон ва дигар субъектҳои хизматрасон дар соҳа дар он назар аст.

Бояд таъкид намуд, ки «World Travel Market — 2026» метавонад ҳамчун майдони муҳими густариши робитаҳо бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, муаррифии хатсайрҳои нав, баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар шаклҳои тиҷоратии «B2B» ва «B2C» ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҷалби сайёҳон мусоидат кунад.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Субҳи 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд ва бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба сохтмони он оғоз бахшиданд.

Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои ташхис, табобат, тавонбахшӣ ва таълими кӯдакони дорои нуқсони спектри аутизм бунёд гардидааст.

Муассиса барои дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдакони дорои вайроншавии спектри аутистикӣ, синдром Дауна, фалаҷи кӯдаконаи майнаи сар, ақибмонии инкишофи нутқу равонӣ, нишонаҳои норасоии диққат ва гипперактивӣ, ҳамчунин оилаҳои онҳо, фароҳам овардани имкониятҳои нави хизматрасонии махсус ва мусоидат ба рушди қобилиятҳои инфиродии кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти тавонбахшӣ дар марказ рушди малакаҳои ҷисмонӣ, муошират ва нутқ, амал ва рафтор, ҳаракатҳои хурду калон, рушди равонӣ, таҳкими ҳамкории байнисоҳавӣ ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоии тарбиятгирандагонро дар бар мегиранд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, иншооти нав аз се бинои панҷ, шаш ва ҳафтошёна иборат буда, бахшҳои тавонбахшӣ, таълимӣ ва меҳмонхонаро дар бар мегирад. Маҷмаа бо назардошти талаботи фаъолияти муассисаҳои махсус бунёд гардида, барои ташкили хизматрасониҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва таълимӣ шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Марказ имкони дар як вақт қабул намудани то 400 табобатгирандаро дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 200 мутахассиси ин соҳа бо кор таъмин мегарданд, ки ин иқдом дар баробари рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат менамояд.

Дар марказ ҳафт шуъбаи соҳавӣ фаъолият намуда, самтҳои ташхис, дахолати бармаҳал ва дастгирии оила, тавонбахшӣ, қабули рӯзона, кор бо наврасон, инчунин, омӯзиш ва машваратдиҳии волидонро фаро мегирад. Чунин сохтори фаъолият имкон медиҳад, ки ба ҳар як кӯдак вобаста ба хусусиятҳои инкишоф ва ниёзҳои фардиаш хизматрасонии мувофиқ пешниҳод шавад. Ҳамчунин, волидон метавонанд аз машварату роҳнамоии мутахассисон баҳра гирифта, барои дастгирии фарзандонашон донишу малакаи зарурӣ пайдо намоянд.

Муассиса дорои 10 синфхонаи таълимӣ, 102 ҳуҷраи корӣ ва маъмурӣ, 40 ҳуҷраи техникӣ ва ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, дар он ду толори маҷлисӣ бо 90 ва 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 18 ҳуҷра барои қабули волидони кӯдакони табобатгиранда, ошхона барои 50 нафар ва ду ҳавзи шиноварӣ ҷойгир шудааст.

Дар саҳни муассиса суҳбаткадаҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд шудаанд, ки барои истироҳат, фароғат ва ташкили машғулиятҳои беруназсинфии онҳо пешбинӣ шудаанд.

Маркази аутизми шаҳри Душанбе бо имконияти муосир аз ҷумлаи муассисаҳои махсуси соҳа ба ҳисоб рафта, барои беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои зарурӣ ва дастгирии оилаҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пас аз шиносоӣ бо муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро идомаи мантиқии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар пойтахти кишвар арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии пойтахт шинос шуда, ба корҳои сохтмонии он оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, марказ бо назардошти талаботи муосири соҳаи тиб тарҳрезӣ гардида, барои ташхису табобати беморон, гузаронидани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ва пайванди узвҳою бофтаҳо, нигоҳубини беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо пешбинӣ шудааст.

Тибқи лоиҳа, бинои марказ аз 15 ошёна иборат буда, дар қисми болоии он майдончаи махсус барои нишасту парвози чархбол пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, дар бино 377 ҳуҷраи функсионалӣ ҷойгир карда мешавад, ки барои ташхису табобат, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, корҳои озмоишӣ, нигоҳубини беморон, фаъолияти маъмурӣ ва хизматрасониҳои дигар истифода хоҳанд шуд. Ҷойгиркунии бахшу шуъбаҳо дар ошёнаҳои алоҳида бо назардошти таъиноти онҳо ва таъмини робитаи байниҳамдигарии қисматҳои гуногуни муассиса ба нақша гирифта шудааст.

Дар марказ 19 бахши асосии функсионалӣ пешбинӣ гардида, дар он озмоишгоҳҳои махсус, шуъбаҳои эҳёгарӣ ва нигоҳубини интенсивӣ, маъмурият, кафедра, инчунин, бахши ҷарроҳиҳои инноватсионӣ ва омехта ҷойгир карда мешаванд.

Бунёди чунин маҷмааи бисёрсамтаи тиббӣ барои муттаҳид намудани имконияти ташхис, табобат, ҷарроҳӣ, нигоҳубини интенсивӣ ва назорати ҳолати беморон дар давраи баъдиҷарроҳӣ дар як муассиса шароити мусоид фароҳам меорад. Ин иқдом ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии беморон ба хизматрасониҳои мураккаби тиббӣ равона шудааст.

Мувофиқи нақша, корҳои сохтмонии Маркази трансплантология дар давоми ду сол ба анҷом расонида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшаванда ва таъмини сифати корҳо дастуру тавсияҳо доданд.

Ифтитоҳи Маркази аутизми шаҳри Душанбе ва оғози сохтмони Маркази трансплантология бозгӯи идомаи тадбирҳо дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва тиббии кишвар арзёбӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки амалӣ гардидани ин иқдомҳо барои беҳтар намудани шароити ташхису табобат, тавонбахшии кӯдакони дорои ниёзҳои махсус ва хизматрасонии муосири тиббӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин, дар Маркази аутизми шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барномаи электронии Е-тиб муаррифӣ карда шуд, ки ба рақамикунонии хизматрасониҳои тиббӣ, худкорсозии равандҳои корӣ ва баланд бардоштани сифату самаранокии хизмат ба шаҳрвандон равона гардидааст.

Барномаи мазкур имкониятҳои корти электронии бемор, дорухатти электронӣ, навбати электронӣ ва сабти фосилавӣ барои қабули табибонро фароҳам меорад. Татбиқи он ба сарфаи вақт, такмили фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои босифат мусоидат менамояд.

Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»