Today

БУЗУРГДОШТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Забон бузургтарин ва гаронбаҳотарин сарвати ҳар як миллат, гувоҳи зиндаи таърих, оинаи фарҳанг ва таҷассумгари руҳу замири халқ аст. Дар раванди таърихии ташаккули давлатдорӣ ва нигоҳдории пешрафту ҳастии миллатҳо забон ҳамчун рукни асосӣ ва сутуни устувори кохи миллат нақши муайянкунанда мебозад. Барои халқи тоҷик, ки соҳиби таърихи чандҳазорсола ва мероси бойи адабиву илмист, забони модарӣ на танҳо воситаи муошират, балки рамзи ғурури миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва бозгукунандаи асолату ҳувияти миллӣ мебошад.

Дар таърихи навини Таҷикистон, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, масъалаи ҳифз, рушд ва эҳёи пурраи забони тоҷикӣ ба дараҷаи сиёсати стратегии давлатӣ бардошта шуд. Дар ин ҷода, хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии асили забон ва фарҳанги миллӣ дар саҳифаҳои таърихи зарнигори кишвар ҳамеша бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт мегарданд. Маҳз таҳти ҳидоят ва фаъолияти пайгиронаи Сарвари давлат забони тоҷикӣ мақоми воқеии давлатиро соҳиб гардида, ба забони сиёсат, илм, дипломатия ва давлатдории муосир табдил ёфт.

Эҳё ва шукуфоии забони давлатӣ дар давраи истиқлолият аз таҳкими пояҳои қонунгузорӣ ва амалӣ намудани сиёсати ҳадафманди давлатӣ оғоз гардид. Соли 2009 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳилаи навро дар таърихи рушди забони модарӣ рақам зад. Ин қонун на танҳо мақоми ҳуқуқии забонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мушаххас намуд, балки ба он имконият дод, ки дар коргузории мақомоти давлатӣ, таҳсилот, ахбори омма ва муносибатҳои байналмилалӣ ба таври пурра ҷорӣ гардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки: «Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ва ғанитарини олам буда, таърихи пайдоиш ва ташаккули он бо таърихи миллати тоҷик пайванди узвӣ дорад».

Дар партави ин сиёсат, ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин аҳамияти баланд додани давлат ба забон нишони он аст, ки забони давлатӣ яке аз рамзҳои асосии мустақилияти сиёсиву фарҳангии мо ба шумор меравад.

Дар барабари ин, саҳми Сарвари давлат дар ҳифзу пешрафти забони тоҷикӣ танҳо бо қабули қонунҳо маҳдуд намешавад. Пешвои муаззами миллат ҳамчун пажӯҳишгари дақиқназар ва сиёсатмадори фарҳангпарвар силсилаи асарҳои бунёдиро ба камол расониданд, ки дар садраш асари дуҷилдаи «Забони миллат - ҳастии миллат» қарор дорад.

Ин асари беназир на танҳо таҳқиқи таърихии пайдоиш ва мусибату шукӯҳи забони тоҷикӣ аз давраҳои қадим то ба имрӯз аст, балки чароғи равшанест барои фардои забоншиносии миллӣ. Дар ин асар Роҳбари давлат бо такя ба далелҳои раднашавандаи таърихӣ нишон доданд, ки забони мо чӣ гуна аз нигаҳдорони аслии ҳувият ва ҳастии халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо будааст.

Инчунин, бо ҳидояти Пешвои миллат Комиссияи татбиқи Қонуни забон ва фарҳангистони кишвар ба танзими истилоҳот, поксозии забон аз калимаҳои бегонаи сунъӣ ва ғанӣ гардонидани хазинаи луғавии забони тоҷикӣ фаъолона машғуланд. Ибтикорҳои пайвастаи Сарвари давлат ба он нигаронида шудаанд, ки забони адабии мо шевоӣ, балоғат ва фасоҳати аслии худро, ки осори Фирдавсиву Рӯдакӣ, Синову Сaъдӣ ва Ҳофизу Mавлавӣ бар он асос ёфтааст, нигоҳ дорад.

Имрўз, дар шароити шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти бeсобиқаи технологӣ, нигоҳ доштани асолати забон ва ворид кардани он ба фазои рақамӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати фарҳангӣ ба шумор меравад. Глобализатсия метавонад барои забонҳои миллӣ хатари маҳв шудан ё камранг гаштанро эҷод кунад, аммо сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ба мо имкон медиҳад, ки ин хатарҳоро ба имкониятҳо табдил диҳем.

Давлат ва ҳукумати кишвар имрӯз барои ворид намудани забони тоҷикӣ ба фазои маҷозӣ, эҷоди луғатҳои электронӣ, барномаҳои тарҷумаи худкор, системаҳои ҷустуҷӯӣ ва роҳандозии истилоҳоти муосири илмиву техникӣ тамоми шароитро фароҳам меорад. Вуруди забони мо ба ҷаҳони рақамӣ ва шабакаҳои байналмилалии иттилоотӣ кафолати он аст, ки забони тоҷикӣ на танҳо забони гузашта, балки забони оянда ва пешрафти илму техника низ мебошад.

Забони давлатӣ - мазҳари ғурури миллӣ, омили муҳими ваҳдат ва суботи ҷомеа мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд:
«Забон ҳастии миллат аст ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибдил ва ватандӯст мебошад».

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, омӯзиши дуруст ва риояи меъёрҳои забони адабӣ дар нутқу коргузорӣ қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон аст. Мо - ворисони ин мероси бузурги фарҳангӣ - муваззаф ҳастем, ки забони модарии худро чун дирафши ваҳдату истиқлол баланд нигоҳ дорем ва онро ба насли оянда пок, соф ва фасеҳ супорем.

Ҳифзи забон - ҳифзи Ватан, ҳифзи таърих ва кафолати фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст!

Юнусова Фарзона - корманди Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон