Today

ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТИБ: ИМКОНИЯТУМАНФИАТ ВА МУШКИЛОТУ МАСЪУЛИЯТ



Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба рушди зеҳни сунъӣ саҳми муҳим доранд. Бо пешниҳоди ташаббуси «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ, Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт заминаи мусоид фароҳам овард. Ин ташаббус ба истифодаи бехатар, масъулиятнок ва ахлоқии зеҳни сунъӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди устувор равона шудааст.

Мутобиқи консепсияи пешниҳодгардида, Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъӣ, ки ҳамасола 1 август таҷлил мегардад, ба ҳадафҳои зерин равона шудааст:

рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;
фароҳам овардани замина барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва донишҳои илмӣ миёни давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид;
пешбурди истифодаи бехатар, ҳифзшуда, боэътимод ва масъулиятноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;

баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи имкониятҳо, инчунин хатару таҳдидҳои эҳтимолии марбут ба рушди зеҳни сунъӣ;

таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, технологӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати рушди зеҳни сунъӣ ба манфиати инсоният;

мусоидат ба ташаккули муносибати масъулона ва инсонмеҳварона ба таҳия, татбиқ ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ.

Дар ҷаҳони муосир рушди илм ва технология ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон таъсири рӯзафзун мерасонад. Агар дар асрҳои гузашта пешрафти тиб бештар ба кашфи доруҳои нав, усулҳои ҷарроҳӣ, ташхиси лабораторӣ ва таҷрибаи табибон вобаста бошад, имрӯз ба ин раванд омили дигар - зеҳни сунъӣ низ ворид гардид. Зеҳни сунъӣ тадриҷан аз як мафҳуми технологӣ ба воситаи муҳими таҳқиқоти илмӣ, ташхис, табобат, пешгирии бемориҳо ва идоракунии низоми тандурустӣ табдил меёбад.

Ин раванд барои Тоҷикистон низ аҳамияти махсус дорад, зеро тибби кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои олимону мутахассисони соҳа дастовардҳои назаррасеро ноил гардид, Ин дар самти рушди ҷарроҳии муосир, пайвандсозии узву бофтаҳо, ташхисимолекулавӣ, таҳқиқи бемориҳои ҷигар ва дилу рагҳо, саратоншиносӣ ва акушерӣ, истифодаи гиёҳҳои шифобахш ва таҳияи доруҳои ватанӣ ба чашм мерасад. Дар идомаи мантиқии ҳамин раванд, ворид намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонад барои баланд бардоштани имкониятҳои илмӣ ва амалии тибби миллӣ заминаи нав фароҳам оварад.

Зеҳни сунъӣ маҷмуи усулҳо, моделҳо ва технологияҳои муосир мебошад, ки ба системаҳои компютерӣ имкон медиҳанд робитаҳои байни онҳоро муайян ва таҳлил карда, дар асоси натиҷаҳобарои ҳалли масъалаҳои муайян пешгӯӣ ё тавсияҳои дахлдор пешниҳод намоянд.

Дар тиб технологияи мазкур метавонад дар таҳлили тасвирҳои рентгенӣ, томографяи компюторӣ ва МРТ таҳлили натиҷаҳои лабораторӣ, пешгӯии баъзе хавфҳои беморӣ, таҳқиқоти генетикӣ, ҷустуҷӯи доруҳои нав, назорати беморон ва коркарди ҳуҷҷатҳои тиббӣ истифода шавад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) низ таъкид мекунад, ки зеҳни сунъӣ аллакай дар ташхис ва ёрии клиникӣ, таҳияи доруҳо, назорати бемориҳо, вокуниш ба хуруҷи бемориҳо ва идоракунии низоми тандурустӣ истифода мешавад. Ҳамзамон, ин созмон зарурати бехатар, одилона ва аз ҷиҳати ахлоқӣ истифода бурдани чунин технологияҳоро таъкид менамояд.

Яке аз муҳимтарин самтҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар тиб ташхиси бемориҳо мебошад. Ҳаҷми маълумоте, ки имрӯз табиб бояд таҳлил кунад, хеле зиёд шудааст. Як бемор метавонад даҳҳо натиҷаи таҳлил, тасвирҳои тиббӣ, маълумоти физиологӣ ва таърихи беморӣ дошта бошад.

Дар чунин вазъият алгоритмҳои зеҳни сунъӣ метавонанд дар муддати кӯтоҳ миқдори зиёди маълумотро таҳлил карда, нишонаҳои эҳтимолии бемориро муайян намоянд.
Масалан, дар самти радиолоҷӣ алгоритмҳои зеҳни сунъӣ метавонанд тасвирҳои тиббиро таҳлил намуда, минтақаҳои шубҳанокро барои табибпешниҳод намояд. Дар самти ҷарроҳӣ бошад, технологияҳои мазкур метавонанд дар марҳилаи пеш аз амалиёт, ҳангоми амалиёт ва баъд аз он истифода шаванд. Баррасии илмии нашршуда дар тибби амалӣ нишон медиҳад, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷарроҳӣ дар ҳар се марҳила имконияти рушд дорад.

Бояд хотиррасон намуд, ки зеҳни сунъӣ набояд ба ҷойи табиб қарор қабул кунад, балки он бояд ба табиб барои қабули қарор ёрӣ расонад.
Барои Тоҷикистон масъалаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои музмин аҳамияти калон дорад.Таҷрибаи олимони тибби кишвар дар таҳқиқи гепатитҳои музмин, бемориҳои ҷигар, фарбеҳӣ, диабети қанд, бемориҳои дилу рагҳо ва дигар бемориҳо нишон медиҳад, ки дар ин самт ҳаҷми бузурги маълумоти клиникӣ ҷамъ шудааст.

Агар чунин маълумот бо риояи талаботи махфият ба шакли рақамӣ ҷамъоварӣ ва стандартӣкарда шавад, дар оянда имкони сохтани муделҳои миллӣ барои таҳлили хавфи бемориҳо пайдо мешавад.

Масалан, мудели илмӣ метавонад дар асоси маҷмӯи маълумоти тиббӣ муайян кунад, ки кадом омилҳо хавфи рушди бемории муайянро зиёд мекунанд. Ин метавонад тибро аз мудели «бемор шудану табобат кардан» ба мудели «хавфро пешакӣ муайян кардану пешгирӣ кардан» наздиктар созад.

Самти дигаре, ки олимони ҷаҳон ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд, истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи дорусозӣ мебошад.

Ҷустуҷӯи доруи нав одатан солҳои зиёд ва маблағҳои калонро талаб мекунад. Зеҳни сунъӣметавонад барои таҳлили сохтори молекулаҳо, ҷустуҷӯи моддаҳои эҳтимолии доруворӣ ва интихоби растаниҳои муносиб кӯмак расонад.

СҶТ низ қайд мекунад, ки зеҳни сунъӣ аллакай дар марҳилаҳои гуногуни таҳия ва истеҳсоли доруворӣ истифода мешавад ва интизор меравад таъсири он дар ин соҳа боз ҳам васеъ гардад. Аммо манфиати тиҷоратӣ набояд аз манфиати саломатии ҷомеа боло гузошта шавад.

Ин масъала барои Тоҷикистон махсусан муҳим аст, зеро дар кишвар таҷрибаи истифодаи гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ ва таҳияи доруҳо дар заминаи онҳо мавҷуд аст. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастани донишҳои анъанавӣ бо таҳқиқоти фармакологӣ, маълумоти клиникӣ ва технологияҳои рақамӣ метавонад барои рушди таҳқиқоти нав ва пайдо намудани роҳҳои муосири таҳияи доруворӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварад.

Яке аз арзишҳои бузурги зеҳни сунъӣ барои олимони соҳа қобилияти корӣ бо маълумотизахиравӣ мебошад. Таҳқиқоти тиббӣ метавонад ҳазорон ё миллионҳо сабти маълумотро дар бар гирад. Таҳлили чунин ҳаҷми маълумот душвор ва вақтталаб аст, ки зеҳни сунъӣ метавонад дар баробари тавҳлил байни нишондиҳандаҳои гуногун робитаҳои эҳтимолиро пайдо кунанд ва бароиомӯзиши бемориҳои сироятӣ, генетика, эпидемиология, бемориҳои дилу рагҳо, саратон ва дигар самтҳо аҳамияти калон дошта бошад.

Дар ин маврид таҷрибаи олимони тоҷик дар омӯзиши генотипҳои вирусҳо ва ташхиси молекулавӣ низ метавонад заминаи муҳими илмӣ бошад, ки бо ташкил намудани махзанҳои миллии маълумоти тиббӣ барои таҳқиқоти илмӣ нақши калон мебозад.

Дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ нисбат ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар тибби муосир фикрҳои мухталиф ҷой доранд. Олимон ва мутахассисони соҳа имкониятҳои васеи истифодаи зеҳни сунъиро таъкид мекунанд, вале таъкид мегардад, ки истифодаи он бояд бар пояи далелҳои илмӣ, назорати зарурӣ ва масъулияти баланд сурат гирад.

СҶТ инчунин ҳушдор медиҳад, ки муделҳои зеҳни сунъӣ метавонанд маълумоти нодуруст, нопурра ё ғаразнок пешниҳод кунанд.

Муҳаққиқони соҳа таъкид кардаанд, ки қабули қарор дар тиб ҷамъоварии дурусти маълумот, риояи дастурҳои клиникӣ, дарки ҳолати мушаххаси бемор ва ҳамгироӣ бо раванди кори табибро талаб мекунад.

Ин маънии онро дорад, ки зеҳни сунъӣ аз маълумоте, ки бо он омӯзонида мешавад, вобастагии зиёд дорад. Агар маълумоти тиббӣ нопурра, нодуруст, кӯҳна ё танҳо намояндаи як гурӯҳи аҳолӣ бошад, натиҷаи алгоритм низ метавонад барои гурӯҳҳои дигар нодуруст арзёбӣ гардад.

Ин масъала барои кишварҳое, ки захираҳои бузурги маълумоти рақамии тиббӣ надоранд, аҳамияти махсус дорад. Таҳқиқотҳо дар ин самт оид ба зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки ҳатто муделҳое, ки аз ҷиҳати дақиқӣ натиҷаҳои хуб доранд, метавонанд ҳангоми гузаштан ба муҳити воқеии дигар мушкилоти умумисозӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон пеш аз ҳама рақамикунонии босифати маълумоти тиббӣ муҳим аст.

Маълумоти тиббӣ яке аз ҳассостарин намудҳои маълумоти шахсӣ мебошад. Агар таърихи беморӣ, натиҷаи таҳлил, тасвири тиббӣ ё маълумотигенетикии инсон ба низоми зеҳни сунъӣ дода шавад, масъалаи дар куҷо нигоҳ доштанимаълумот, дастрасӣ ба он дорад ва барои чӣ истифода мешавад, аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.

СҶТ тавсия медиҳад, ки ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ дар тиб ҳуқуқи инсон, шаъну шараф, мустақилият, махфият ва амнияти маълумот дар маркази низоми танзим қарор дошта бошанд. Ба ин хотир, рушди зеҳни сунъӣ дар тиб танҳо масъалаи сохтани алгоритм нест. Ин ҳамзамон масъалаи қонун, ахлоқ ва масъулияти касбӣ мебошад.

Оё зеҳни сунъӣ табибро иваз карда метавонад?Ин савол имрӯз мавриди баҳсҳои зиёде қарор гирифтааст. Дар муҳити илмии тиббӣ муносибати эҳтиёткорона нисбат ба чунин пешгӯӣ дида мешавад. Масъала дар он аст, ки зеҳни сунъӣ ба табиб дар кадом корҳо кӯмак карда метавонад ва дар кадом ҳолатҳо иштироки худи табиб зарур аст.

Табиб танҳо таҳлилкунанда нест. Ӯ бо бемор суҳбат мекунад, вазъи иҷтимоӣ ва равонии ӯро ба назар мегирад, масъулияти касбӣ дорад ва дар шароити номуайян қарор қабул мекунад. Аз ин рӯ, мудели ояндаи тиб бештар метавонад «табиб бозеҳни сунъӣ», на «зеҳни сунъӣ ба ҷойи табиб» бошад.

Барои Тоҷикистон ин масъала аҳамияти калон дорад, зеро кишвар барои рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040 барномаи махсус қабул кардааст. Дар ҳуҷҷати мазкур истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла тандурустӣ, пешбинӣ шудааст. Стратегия ҳамчунин ба омодасозии кадрҳо, ташкили махзанҳои маълумоти боэътимод, заминаи ҳуқуқӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳ медиҳад.

Инчунин, барои солҳои 2025–2030 дар кишвар рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамчун самти афзалиятнок муайян шудааст.

Дар чунин шароит соҳаи тандурустӣ метавонад яке аз самтҳои муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ гардад. Ин технология метавонад ба табибон дар ташхис ва табобати бемориҳо, таҳлили маълумоти тиббӣ ва пешгӯии баъзе хатарҳои саломатӣ кумак расонад.

Яке аз самтҳои муҳим ташкили махзани миллии маълумоти тиббии рақамӣ мебошад, ки бояд бо сатҳи баланди ҳифзи маълумоти беморон таъмин бошад. Ҳамчунин, рушди системаҳои зеҳни сунъӣ барои таҳлили тасвирҳои тиббӣ, аз ҷумла натиҷаҳои ташхисҳои гуногун, метавонад ба табибон дар муайян кардани бемориҳо ёрӣ расонад.

Зеҳни сунъӣ метавонад дар назорати бемориҳои сироятӣ ва пешгирии паҳншавии онҳо низ истифода шавад. Бо таҳлили маълумоти тиббӣ он метавонад ба муайян кардани хавфи баъзе бемориҳои музмин ва пешгӯии ҳолати беморон мусоидат кунад.
Самти дигари муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқи доруворӣ ва фармакология мебошад. Ин технология метавонад коркарди маълумоти илмиро осон намуда, ба таҳқиқи доруҳои нав ва омӯзиши таъсири онҳо мусоидат кунад. Ҳамзамон, таҳияи воситаҳои рақамии ёрирасон барои табибон метавонад кори онҳоро осонтар ва қабули қарорҳои тиббиро самараноктар гардонад.

Барои рушди ин самт зарур аст, ки донишҷӯёни муассисаҳои тиббӣ бо асосҳои зеҳни сунъӣ ва роҳҳои истифодаи он дар тиб шинос шаванд. Инчунин, ташкили гуруҳҳо аз ҳисоби табибон, барномасозон, оморшиносон, биологҳо ва ҳуқуқшиносон метавонад барои таҳияи системаҳои боэътимод ва бехатар мусоидат кунад.

Пеш аз истифодаи васеи чунин системаҳо гузаронидани санҷишҳои клиникӣ ва арзёбии дақиқии онҳо муҳим мебошад. Ҳамчунин, бояд масъалаи масъулияти ҳуқуқӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани хатои алгоритм пешакӣ муайян карда шавад.

Таҷрибаи рушди илми тиб нишон медиҳад, ки пешрафт дар бисёр ҳолатҳо маҳз тавассути ҳамкории мутахассисони соҳаҳои гуногун ба даст меояд. Дар рушди тиб низ ҳамкории табибон бо физикон, муҳандисон, барномасозон ва олимони дигар кишварҳо натиҷаҳои муҳим ба бор овардааст.

Аз ин рӯ, рушди зеҳни сунъӣ дар соҳаи тандурустӣ низ ҳамкории зичи табибон ва мутахассисони технологияро талаб мекунад. Зеҳни сунъӣ бояд ҳамчун воситаи ёрирасон истифода шавад, ки кори табибро осонекунад, на ҷойгузини ӯ. Қарорҳои муҳим вобаста ба ташхис ва табобат бояд бо иштироки мутахассиси тиб қабул карда шаванд.

Барои сохтани як системаи воқеан муфиди зеҳни сунъӣ дар самти тиб бояд табиб, муҳаққиқ, мутахассиси соҳибмаълумот, муҳандис, ҳуқуқшинос иштирок кунанд ва ин боиси пайдоиши як самти нави илмӣ — информатикаи тиббӣ ва зеҳни сунъии тиббӣ дар кишвар мегардад.

Ҳамин тавр, таҳлили масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи тиб нишон медиҳад, ки технологияҳои рақамӣ метавонанд ба яке аз омилҳои муҳими рушди минбаъдаи илми тиб дар Тоҷикистон табдил ёбанд. Зеҳни сунъӣ имконият медиҳад, ки ҳаҷми зиёди маълумоти тиббӣ зуд таҳлил гардида, дар ташхиси бемориҳо, пешгирии онҳо, интихоби усулҳои табобат, мониторинги беморон ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ба табибон ва муҳаққиқон ёрӣ расонида шавад. Бо вуҷуди ин, истифодаи он бояд бо риояи талаботи илмӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, ҳифзи маълумоти шахсии беморон ва назорати ҳатмии мутахассисон амалӣ гардад.

Дар ин раванд сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди илм, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосир аҳамияти муҳим дорад. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илм ва технологияҳои навин, инчунин қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040, заминаи мусоидро барои истифодаи имкониятҳои технологияҳои муосир дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ, фароҳам месозанд.

Барои соҳаи тиб истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад на танҳо сифати ташхис ва хизматрасонии тиббиро беҳтар намояд, балки барои рушди самтҳои нави таҳқиқоти илмӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ташаккули тибби рақамӣ низ замина гузорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамкории табибон, олимон, муҳандисон ва мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ тақвият дода шуда, барои рушди таҳқиқоти байнисоҳавӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Дар ниҳоят, зеҳни сунъӣ бояд ҳамчун воситаи тақвиятбахши имкониятҳои табиб ва олим истифода шавад, на ҳамчун ҷойгузини масъулияти инсонӣ. Ҳамон тавре ки Абӯалӣ ибни Сино илму донишро ба хизмати саломатии инсон равона карда буд, вазифаи насли муосири олимон низ истифодаи дастовардҳои технологияи асри нав ба манфиати инсон мебошад. Бо чунин муносибат зеҳни сунъӣ метавонад ба яке аз заминаҳои муҳими рушди илми тиб ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон табдил ёбад.

Ибодзода С.Т., ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ, д.и.т., профессор,
Каримов Ш.Қ., сармутассиси шуъбаи шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ,