October 15

Обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 12+14º гарм, рӯзона 18+20º гарм мешавад.

Дар ноҳияи Рашт – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, баъзан ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10º гарм, рӯзона 9+11º гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боришот:борон-барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 8+13º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9º гарм, рӯзона 14+16º гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боришот:борон, барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 5+10º гарм мешавад.

ш.Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 14+16º гарм, рӯзона 19+21º гарм мешавад.

ш.Кӯлоб – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 14+16º гарм, рӯзона 18+20º гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан ҳолатҳо бошиддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боришот:борон-барф) меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона 8+13º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8º гарм, рӯзона 14+16º гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб. - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 8+10º гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бошиддат (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боришот:борон, барф) меборад. Шамол аз самти шимолу-ғарб бо суръати 4-9м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º хунук, рӯзона 5+10º гарм мешавад.


Манбаъ: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон