Обу ҳаво дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17º гарм, рӯзона 24+26º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Рашт – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с, мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10º гарм, рӯзона 20+22º гарм мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, рӯзона 17+22º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд. - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 11+13º гарм, рӯзона 25+27º гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд. - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм мешавад.
ш.Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 14+16º гарм, рӯзона 25+27º гарм мешавад.
ш.Кӯлоб – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17º гарм, рӯзона 25+27º гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, (дар ноҳияҳои ҷанубӣ бебориш) дар баъзе ноҳияҳо эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 14+19º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10º гарм, рӯзона 20+22º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боришот (борон-барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 8+10º гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. - Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят боришот (борон-барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то +25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º хунук, рӯзона 5+10º гарм мешавад.
Манбаъ: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон