October 28, 2019

Аз шоири халқии Тоҷикистон то “шоири миллӣ”

Муаллиф: Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Акси мавзӯӣ аз торнамои lider-press

Унвони фахрии Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон 25-уми октябри соли 1961 таъсис ёфтааст. То имрӯз 33 шоир ва 15 нависанда соҳиби ин унвон шудаанд. Соли ҷорӣ шоири маъруф Озарахш (Толиб Каримӣ) дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сазовори он дониста шуд.

Оё адибоне дорем, ки арзандаи унвони Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон мебошанд, аммо то ҳол онро соҳиб нашудаанд?

Абдуқодири Рустам, адиб ва мунаққид:

- Аслан, мухолиф бо унвони Шоири (нависандаи) халқии Тоҷикистон ҳастам. Бахусус, ки ин унвон ҳоло бештар аз пештар сиёсию идеологист, то он ки бори адабиётро бикашад.

Агар сирфан хидмати адабиёти бадеиро ба назар бигирем, бояд нависанда Баҳманёр ва шоирон Сиёвушу Суруш ин унвонро медоштанд.

Озарахш, шоири халқии Тоҷикистон:

- Мақомеро, ки ба мо доданд, бояд нисфи шоирони Тоҷикистон бигиранд. Хеле шоирони варзидаи мо ҳастанд, ки ба ин унвон сазоворанд.

Нависандаҳои хеле бузурги мо аз қабили устод Баҳманёр, ки адабиёти моро муаррифӣ мекунанд. Аз шоирон Алимуҳаммад Муродӣ, Рустами Ваҳҳоб, Сиёвуши Ҷунайдӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Ато Мирхоҷа ва дигарон дар адабиёти мо нақши худро доранд. Боз хеле зиёданд шоирони ҷавон, ки оянда метавонанд соҳиби ин унвон гарданд. Воқеан, адабиёт, шеър ва насли имрӯза ҳавою нафаси дигар дорад.

Одили Нозир, рӯзноманигор:

- Шоир ва нависандаи халқии Тоҷикистон олитарин унвонҳои адабии кишвар ҳастанд, ки дар солҳои мухталиф адибони маъруфи мо ба он сазовор гардидаанд. Дар 20 соли охир дар миёни арзандаҳо онҳое ҳам буданд, ки ин унвонҳоро гирифтанд, вале ба он сазовор нестанд.

Ба андешаи банда, айни замон ҳамаи шоиру нависандагони мо, ки арзандаи унвон ҳастанд, онро ба даст овардаанд, ба ғайр аз Баҳманёр, ки халқитарин нависандаи мост. Дигар шоиру нависандаи арзандаи ин унвонро ман ҳанӯз намебинам. Албатта, адибони хуби зиёд дорем, ба монанди Рустами Ваҳҳоб, Ато Мирхоҷа, Салими Зарафшонфар, Озар, Адибаи Хуҷандӣ ва дигарон, ки дар оянда ин унвонҳои олии адабӣ интизорашон аст.

Шоирони мардумӣ дар фазои маҷозӣ

Барои мардуми тоҷик ва аҳли зиёи кишвар тайи солҳои охир шабакаи иҷтимоии Facebook як василаи хуби интишору мутолиаи навиштаҳои ҳамдигар шудааст. Эҷодиёти шоирони муосир дар он хуб пазируфта мешавад. Корбарони фазои маҷозӣ бархе аз онҳоро “шоири мардумӣ” ва ё “шоири миллӣ” меноманд, ки дар ин шумор Сиёвуш Ҷунайдӣ, Исфандиёри Назар, Озар Салим, Орзу Исо, Шоира Раҳимҷон, Фирдавси Аъзам, Юсуф Муҳаммадзода ва дигарон зикр мешаванд.

Сиёвуш Ҷунайдӣ (Маҳмадалӣ Ҷалилов)

Шоири навгӯ ва тасвиргаро 20-уми июли соли 1963 дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Бохтар ба дунё омадааст. Соли 1985 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст...

Дар зер навиштаи Сиёвуш Ҷунайдӣ ва намунаи шеъраш баргирифта аз сафҳаи фейсбукии ӯ:

ДИДОРИ ИШҚ

Ин аксро худам гирифтаам… Вале дар бораи ин шеър ҳаминро дар ёд дорам, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз он “Ҷанги шаҳрвандӣ” идома дошт.

Ҷанги шаҳравандиро аз он дар нохунак мегирам, ки аз назари ман он ҳодисаи шум ва он рӯйдоди палид ва манҳус ҳаргиз ҷанги шаҳрвандӣ набуд! Як ҷанги шаҳрвандӣ вижагиҳо, хосиятҳо, таърифҳо ва билохира равишҳо ва шеваҳои худро дорад.

Устод Лоҳутӣ дар оғози достони “Ғалабаи Таня” мегӯяд:

Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд,

Ҷанге хунину бераҳмона буд.

Вале он хунрезӣ ва куштори ҷамъӣ, ки дар Тоҷикистон буд, дар таърих ҳамтои зиёд дорад. Мо аз ингуна достонҳоро зиёд дар ёд дорем. Дар воқеъ, ин як ҷанги таҳмилӣ буд бар миллати тоҷик. Вале, барномарезӣ шуда. Дар русӣ ин гуна ҷангҳоро мегӯянд “гибридная война”. Ба инглисӣ, агар иштибоҳ накунам, барои таърифи ин қабил ҷангҳо ин истилоҳро дар кор мегиранд “hybrid warfare”. Дар Эрон иборати “Ҷанги таркибӣ”- ро ба кор гирифтаанд.

Ман намедонам, дар Тоҷикистон олимон, муаррихон, коршиносон, таҳлилгарон, шоирон ва нависандагоне, ки дар мавзӯи рӯйдодҳои ахири садаи бист ва аввали садаи бисту як фикр мекунанд, ё ихтисос доранд ва чизхойе менависанд, бар чӣ усул такя мекунанд.

Ман намедонам, ки ин усул аслан вуҷуд дорад, ё хайр. Ба назар мерасад, ки аслан усуле дар ин замина вуҷуд надорад. Ин вазъ бисёр дардовар аст. Як миллат танҳо ҳамон вақт ба ҷойе мерасад, ки аввалан – бидонад, ки хостаҳои ӯ чист. Ва сониян – бидонад, ки хостаҳои душманонаш чист.

Ва аммо, дар бораи ин акс.

Аксест, ки дар даврони ҳамон “Ҷанги шаҳрвандӣ” гирифта шудааст. Ман дар “остановка” мунтазир будам ва ин бачаҳо низ мунтазири хатсайри худ буданд. Иттифоқан хатсайри мо ба як ҷо будааст ва бо ҳам дар як минибус нишастем. Ин бачаҳо ҳамон паноҳандони дохилӣ аз он ҷанги гражданӣ буданд.
Аксбардор: Сиёвуш Ҷунайдӣ

ДИДОРИ ТУ

...Дидори Ту Сапед. Чунон Шири Модарам, Ва гарм. Ҳамчу ёди ҳамон Гоҳвори Ноз, Боз омадам, Ватан! Ту маро мешиносӣ? На? Чуз ҷони хаста ҳадяи дигар надорамат Аз ин ҳаёти кӯтаҳу аз ин раҳе дароз. Боз омадам, Ватан! Ту маро мепазирӣ? Хайр? Менвозиям Ба меҳр, ту эй Меҳмонавоз?! Ин роҳ то Ту аз бари гулгаштҳо набуд! Бар Гоҳвори Ноз, ки баргаштҳо набуд! Ин роҳ! Рақси рӯйи мағелон! Ба дашти Ишқ, Ин Бозгашти Ишқ. Аз он саргузашти Ишқ. Боз омадам ба ёди ту, эй меҳрубони дур, Танҳо. Зи ёд рафта. Чунон мурдае зи гӯр Ин ҷисми хаста. Рӯҳи ҳазин. Ҷони носабур. Менвозиям Ба меҳр, ту эй Меҳмоннавоз?!

***

Дидори ту ба ростӣ, дидори он Худост! Аммо, Ватан, ҳисоби ту бо он Худо ҷудост! Ҷурму қазоват, эй Ватан, аз мост, ки ба мост! Дидори Ман ва Ту, Ватан ин Дидгоҳи мост, Дидори Ман ва Ту, Ватан ин Додгоҳи мост. Парвандаест – ҳар чи ҷинойӣ ва кайфарист, Моро дар ин ҷинояту парванда доварист! Моем шокиёну шикоят ба пеши Ӯ! Он ҷо ману туем, касе нест хеши Ӯ! Даъвогару ҷавобгар он ҷо – ману туем Парвандаест сиррӣ. Пур аз розу моҷарост, Дар ин қазия Довари Танҳо фақат Худост!

***

Дидори Ту Сапедадамони Баҳори Ишқ! Дидори он Худо! Ва дар ин Шаҳри Бехудо, Шаҳре Шулуғу Васваса. Пур аз Сару Садо, Шаҳре пур ҳарому ҳаромӣ. Ҳарими Ишқ. Бар Бобуле вазида насими ҳалими Ишқ, Аз жарфнойи тираву тори вуҷуди ту Қавме зи раҳ расида чу Луту Самуди ту. Дасте шикаста, хаста, пур аз хуну чирку ғажд, Дар остини тарси ту Дасти Калими Ишқ! Ин Шаҳр! Ин гузаргаҳи Аъроф! Ин Сукут! В-ин бодаи Шаҳодати Ошиқ! Ва Ратли Ишқ! Ин он сукути талхи Худо рӯзи Қатли Ишқ, Ратли Гарони Ишқ, ки дархурди ман набуд. Қатли Сиёҳи Ишқ. Ки бархурди ман набуд. Дар рӯзи Қатли Ишқи ману навҷавониям, Субҳе, ки медамид дар уфқи ту, эй Ватан Карбосвор, эй Ватан. Он тоқивори ман Ҷуз субҳи рӯйи он ҷасади поки навҷавон, Садҳо ҳазор он ҷасади поки навҷавон, Моро кафан набуд! Моро Ватан набуд!

***

Дидори Ту Сапедадамони Баҳори Ишқ! Аз дурдасти ёди ту аз рӯзгори Ишқ Ман то ту, эй Баҳор, пароканда омадам. Ин як паранда. Ин ҳама парканда омадам. Умре паноҳҷӯй зи дасти Ту, эй Ватан, Имрӯз аз Ту бар Ту паноҳанда омадам. Ту хуб будӣ, эй Ватан. Хубӣ ҳануз ҳам Ту ҳуб ҳастӣ, Эй Ватан. Ман ганда омадам. Аз хоку хун гузашта ба кӯйи Ту омадам! Бо бӯйи Ту, ба бӯйи Ту, бӯйи Ту омадам! Боде шудам парешу ба боғи ту рехтам! Обе шудам зулолу ба ҷӯйи Ту омадам!

Хунро ба об шуставу бекина омадам! Дар рӯ ба рӯйи ойина, ойина омадам!

Исфандиёри Назар

Шоир ва рӯзноманигори шинохта Исфандиёри Назар 24-уми ноябри соли 1973 дар рустои Дарғи ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДДМТ мебошад. Айни замон берун аз Тоҷикистон зиндагӣ дорад. Дар шабакаи иҷтимоии Facebook хеле фаъол аст. Муаллифи чандин маҷмӯаи шеърист.

Адабиётшиноси маъруф Сафар Абдуллоҳ дар навиштаи фейсбукияш ӯро “шоъири миллӣ” номидаву афзудааст: “...бо тамоми вуҷуд ошиқи меҳану ошиқи миллат аст ва ҳама дардҳои ин миллат аз қалби поку синаи пурдарди ӯ убур мекунад...”

МАБОДО ИН... МАБОДО ОН...

Чӣ айёме? Намедонӣ, ки бо кӣ по куҷо монӣ, Намедонӣ киро бовар кунӣ в-аз кӣ ҷудо монӣ. Чӣ давроне? Ғами худро, ғами ин халқу Меҳанро Бигӯйӣ – дар бало печӣ, нагӯйӣ – дар бало монӣ! Қадам бебоктар чун мениҳӣ, роҳи туро банданд, Бибуррандат чу хар гӯшу дум аз галла қафо монӣ. Худо гӯйӣ – забонатро кашанд аз ҳалқи ту дар дам, Ба санги таъна кӯбандат в-агар дур аз Худо монӣ. Ба дунё дил ниҳӣ – дунёпарастонат набигзоранд, Ба уқбо дил диҳӣ – дар моҷарои ин саро монӣ. Нагӯйӣ ҳам бадат гӯянду гӯйӣ ҳам бадат хонанд, Намедонӣ – чаро байни ду дунё рӯсиё монӣ. Дар ин дуроҳаи бӯронӣ зери сақфи гардунҳо, Намедонӣ – чаро ронӣ? Намедонӣ – чаро монӣ? Миёни чор дарё тахтабандат кардаву гӯянд: Мабодо ин... мабодо он... мабодо... то куҷо монӣ.

Озар Салим

Шоири номдори тоҷик Озар Салим 13-уми декабри соли 1968 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Ӯ муаллифи якчанд маҷмӯаи ашъор аст. Соли гузашта шеъри ӯ “Модар фаришта буд” миёни мардум хеле маъруф шудаву сарояндагони зиёд онро ба риштаи оҳанг кашиданд.

МОДАР ФАРИШТА БУД

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт, Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт. Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт... Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт. Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт. Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам Рӯйи лабаш ба ғайри “видоъ, эй писар” надошт... Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт, Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт. Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд, Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.

Орзу Исо

Шоир, рӯзноманигор ва муаллифи матни таронаҳо Орзу Исо 14-уми октябри 1976 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав мебошад. Овозхонҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин таронаро бар ашъори ӯ сароидаанд. Пиромуни масоили доғи рӯз ҳам шеър менависад.

Бо эҳтироми хос талаб дорам аз шумо, Бар ман барои ҳурмати шеърам нафас диҳед, Завлонаҳо зи пойи ман, э вой, барканед, Парвозҳои гумшударо бозпас диҳед.

Созандагони ҳолу ҳаво, дар нигоҳатон, Умрест, як намунаи овору иллатам! Охир чӣ шуд, ки даст ба дастам намедиҳед? Ман ҳам баробари ҳама фарзанди миллатам!

Ҳарчанд аз хутути варақҳои субҳдам Исми маро ба шеваи хасмона хат задед, Аввал шикаста қомати лабташнагӣ, сипас Бе арҷу бе сипос лагад рӯйи шат* задед.

Созандагони ҳолу ҳаво, дар ҳаво дигар Кай пар кашад зи хашми шумо шаҳпари ҳунар? Дар пушти абри кинаву худхоҳии шумо Афсурду мурд, вой дареғ, ахтари ҳунар.

Бо эҳтироми хос талаб дорам аз шумо, Аз бар кунед фалсафаи баргу такдарахт, Хоҳам навишт рӯйи варақҳои субҳдам: Дар лобалои ойина сангед, сарду сахт!

Шоираи Раҳимҷон

Эҷодкори суруднавис ва оҳангсози шинохтаи тоҷик Шоираи Раҳимҷон 31-уми марти соли 1977 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДДМТ мебошад. Ӯ бо овозхонҳои тоҷик ҳамкорӣ дорад ва барои онҳо шеъру оҳанг эҷод мекунад.

Ин ҷо, ки ҳастии ману мо бас баҳонаист, Пиндоштӣ, ки кори ҷаҳон ҷовидонаист? Сад офарини ҷони мани ранҷдидае, К-андар ҳарими хеш ба ҳоли таронаист. Таҳсин чу дар даҳони шумо зангбастааст, Таҳқир аз забони шумо бекаронаист. Ингуна аз нигоҳи ҳасудона хастаам , Бекина дар замона дигар дона-донаист! То чанд қабза-қабза канӣ мӯйи ҳавсала, В-он гаҳ гунаҳ ба гардани мо бори шонаист?! То кай каломи шоири маддоҳи косалес, Аҳсаншунав барои шумо шоиронаист. Шоира сархати ҳама ҷоро магар гирифт? Душман азо гирифтаву гуфто:"Расонаист"!

Намунаҳои ашъор ва аксҳо аз сафаҳоти фейсбукии муаллифони онҳо, видеоҳои мавзӯӣ аз YouTube истифода шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20191027/az-shoiri-khalqii-toikiston-to-shoiri-milli