September 17, 2019

Мурофиаи Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо мавқуф гузошта шуд

Падари Ҳувайдо бо тарҷумон Бахтовар Ҷумъаев дар назди бинои додгоҳи вилоятии Маскав. Акс аз бойгонии шахсии Абдусалом Саидов.

Додгоҳи вилоятии Маскав мурофиаи судии Александр Сёмин, қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик Ҳувайдоро мавқуф гузошт.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баррасии навбатии додгоҳӣ бояд рӯзи 19-уми сентябр доир мешуд. Аммо ба ӯ аз додгоҳи вилоятии Маскав барқия омадааст, ки мурофиа ба рӯзи дигар гузаронида шуд.

Имрӯз бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов вомехӯрам ва умедворам, ба мушкили мо расидагӣ мешавад, - гуфт падари Ҳувайдо.

Ба гуфтаи Саидов, баъд аз нашри мавод дар сомонаи Хабаргузории “Азия-Плюс” – “Падари Ҳувайдои кушташуда аз ҳукумати Тоҷикистон кумак мехоҳад”, Консулгарии Тоҷикистон дар Русия ва чандин ҳимоятгар бо ӯ тамос гирифта, пешниҳоди ёрии ҳуқуқӣ карданд.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола. Акс аз бойгонии хонаводаи Саидов.

Дар ҳамин ҳол Ҳамза Ҳакимзода, узви раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси адвокатҳои шаҳри Душанбе, ки дар ин мурофиа ҳуқуқи Абдусалом Саидовро ҳимоя мекунад, ба “Азия-Плюс” гуфт: “Мурофиаи судӣ мавқуф гузошта шуд. Дар барқияи гирифтаи мо рӯзи мурофиаи навбатии судӣ номаълум аст ва иттилои бештар надорем”.

Ӯ аз аввали рух додани ин ҳодиса кумаки худро ба хонаводаи Саидов пешниҳод кардааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳама ҳолат омодааст, зимни баррасиҳои додгоҳӣ дар паҳлӯи онҳо бошад ва кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонад.

- Ҳоло натанҳо ҳуқуқшиносону адвокатҳо, балки тамоми мардум ба ин ҳодисаи мудҳиш ва бераҳмонаи нисбат ба як кӯдаки нотавон раводидаи он қотил таваҷҷуҳи хос доранд. Вақте дар ин масъала ҳарф мезанам, ҷигарам реш- реш мешаваду гиря гулӯгирам мекунад. Бо ин хонавода аҳд карда будем, ки ройгон ба онҳо хизмат мекунам, - гуфт Ҳакимзода.

Додгоҳи вилоятии Маскав бо як қарори худ муҳлати нигаҳдории Александр Сёмин, қотили Ҳувайдоро то феврали соли 2020 тамдид кард.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.

Куштори Ҳувайдо аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод. Ҷониби Тоҷикистон бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро дархост кард. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия изҳор дошт, ки дар ҷазо гирифтани қотили ин кӯдаки 5-солаи тоҷик шубҳае нест.