Мастона Эргашева: Аз ҳунарам обрӯ ва баракат ёфтам...
Муаллиф: Манзума Фирӯз, Asia-Plus
Овозхони шинохта, оҳангсоз ва устоди мақомсароёни ҷавон Мастона Эргашева чанд муддат аз мадди назари ҳаводорони ҳунараш дур монда буд. Ӯ ба хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи шебу фарози касбу кор ва рӯзгори худ нақл кард.
- Чаро имрӯз мухлисонатон Шуморо дар саҳна кам мебинанд?
- Шояд саҳна ҷавониро дӯст медорад. Соли 2003 ба собиқаи кориям дар ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизион 25 сол пур шуд ва маро аз он ҷо шодравон Талабхӯҷа Сатторов барои ташкил додани Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷалб карданд. Дар ин ҷо 16 сол боз ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорам. Корҳое, ки мо мекунем, ҳар рӯз ба навор гирифтаву дар телевизион пахш намешавад, зеро он дарс аст. Барои ҳамин кам метобам. Лекин ҳар ҷое даъват кунанд, рафта, ҳунарнамоӣ мекунам.
Ман дигар на ҳамчун сароянда, балки ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорам. Ҳоло ба донишҷӯёни ансамбли гурӯҳихонии шашмақом дарс медиҳам. Ин кор хеле душвор аст, аммо ҳеҷ кас намебинад, ман чӣ кор мекунам.
- Шуморо ба чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ даъват мекунанд?
- Бале, ба ҳамаи чорабиниҳо даъват мекунанд ва ширкат меварзам.
Ҳоло ҷавонони сароянда бештар аз техника истифода мекунанд, ки ман ин хел карда натавонистам. Барои сабти овозу оранжировка маблағи муайян даркор аст, барои телевизион баромадан боз алоҳида пул додан лозим. Мани омӯзгор ин қадар пулро аз куҷо меёбам?
- Дар тӯю маъракаҳо овозхонӣ мекунед?
- Солҳои пеш ба ғайр аз маош дар тӯйҳо овозхонӣ мекардам ва даромади бештар доштам. Имрӯзҳо мо тӯй намеравем.
Ҳозир овозхонҳоеро, ки зинда месароянд, ба тӯй даъват намекунанд. Ба сарояндаҳое, ки бо фонограмма мехонанд, пули зиёд медиҳанд. Ман намефаҳмам, ин чӣ гуна ҷомеа аст.
- Фарзандон касби Шуморо интихоб карданд?
- Як духтару як писар дорам, ки ба ҳайси иқтисодчӣ кор мекунанд. Ҳарчанд шавқи зиёд дошта бошанд ҳам, ин пешаро интихоб накарданд. Аммо наберагонам шавқ доранд ва асбобҳои зарбиро ҳаваскорона менавозанд. Танҳо як ҷиянам – Соҳиба Каримова шуъбаи шашмақоми Донишгоҳи санъатро хатм кард ва айни замон дар Хонаи фарҳанги ноҳияи Гулистон (Қайроқум) кор мекунад. Вай дар вилояти Суғд машҳур аст ва дар чорабиниҳои манотиқи дигари кишвар низ ҳунарнамоӣ мекунад.
- Сароянда будан барои зан дар ҷомеаи мо душвор аст?
- Агар завқи ҳақиқӣ дошта бошед ва касбу кори сарояндагию навозандагиро дӯст доред, ягон душворӣ ба чашм наметобад ва пеши роҳи шуморо намегирад. Ман дар соли 1969 ба Донишгоҳи санъат омадам, ки соли ҷорӣ 50 сол сипарӣ шуд.
Албатта, ҳар касб душворӣ дорад ва тоқату таҳаммул кардан лозим аст. Ҳар шахсе, ки душвориҳоро тоқат кард, бурд кард. Фикр мекунам, ки дар ҳамин 50 сол хеле пастию баландиро ҳам дар ҷодаи ҳунар ва ҳам дар зиндагӣ дидам. Аммо ба ҳамаи мушкилот сабр кардаву тоб овардам. Шукри Худо, имрӯз омӯзгор ҳастам ва боз дар ҳамин соҳа шогирдонро тарбия мекунам.
- Касби интихобкардаи Шумо ба зиндагии шахсӣ халал нарасонд?
- Не, ягон халал ворид накард. Вақте касби интихобкардаи худро аз дилу ҷон дӯст доред, ба ҳаёти оилавӣ, зану шавҳарӣ, фарзандон ҳеҷ халал намерасонад.
Бовар кунед, ман аз касбу ҳунарам фақат обрӯ ва баракат ёфтам.
- Аз синни чандсолагӣ месароед?
- Аз синни 10-солагиям дар мактаби миёнаи ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) рубобнавозӣ ва сароиданро оғоз кардам. Ман вақте худамро шинохтам, фаҳмидам, ки овоз дорам ва дар оянда сароянда мешавам.
- Волидайни Шумо зид набуданд?
- Шавқи маро волидайн ва наздиконам дида, ҳеҷ кас мамониат нишон надод. Розӣ шуданд ва омада, хондам ва ба муроду мақсадам расидам. Фақат дар фикри касбам будам. Худоро шукр, оилаю фарзанду наберадор ҳам шудам.
Агар фидоии касби худ бошед, ҳаргиз гапи мардум халал намерасонад. Фақат меҳнат кардан, пеш рафтан ва ба қуллаҳои баланди ҳунар баромадан лозим аст.
- То имрӯз чанд тарона сароидаед?
- Тӯли 25 соле, ки дар асамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизион кор кардам, қариб 200 суруд дар фонди тиллоӣ ҳаст. Оҳангсози чанде аз ин сурудҳо худам ҳастам. Ҳамчунин барои сурудҳоям Саидқул Билолов, Муборакшо Ҷумъаев, Саодат Гулбеков ва дигарон оҳанг эҷод кардаанд.
- Чӣ орзу доред?
- Орзу дорам, ки тинҷию амонӣ бошад. Илоҳо осмони диёрамон ва тамоми рӯйи замин софу беғубор бошад, Ватанамон тинҷ бошад, халқамон сиҳату саломату хушбахт бошад.
Мирзо Турсунзодаи бузург гуфта буданд: “Ҷашми ман серӣ надорад аз тамошои замин”. Ба мисли ҳамин гуфтаашон чашми ман ҳам серӣ надорад аз тамошои шаҳрам, Ватанам, диёрам, умуман, хонаводаам, фарзанду наберагонам. Торафт умри одам зиёд шудан гирад, зиндагиро дӯст медоштааст, ҳаёт боз ширинтар мешудааст.
Дар ин мавод аз видеоҳои YouTube – 4 қисми консерти “Базми Мастона” (Шабакаи мусиқии Tamoshow), сурудхонии Мастона Эргашева дар маҳфили Фарзона “Бодо панохат бар Худо” (Ozarakhsh and Farzona channel), наворҳои Телевизиони “Синамо” (барномаи “Ёди рӯзгори ширин...”) ва Телевизиони “Сафина” истифода шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.