Акбари Турсон: тафаккури интиқодӣ ва ҷустори тадбир
Таҳиягар: Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus
Бахши саввуми гуфтугӯйи хабарнигори Asia-Plus бо донишманди барҷастаи тоҷик, академик Акбари Турсон.
Ёдовар мешавем, ки бахши аввали ин мусоҳиба рӯзи 1-уми октябр ба ифтихори 80-солагии Устод таҳти унвони “Акбари Турсон: Ҳеҷ гоҳ суди шахсӣ наҷустаам...” ва пас аз як ҳафта “Бахши сонӣ: андар Ватанпарварӣ” нашр гардида буд.
- Имрӯзҳо ба чӣ кор машғулед ва иҷрои кадом нақшаҳои илмиро дар мадди назар доред?
- Ба ин суолатон ҷавоби мушаххас додан бароям осон нест. Ман одатан якчанд корро баробар шурӯъ мекунам ва ҳар пагоҳӣ, вақте компутарамро мекушоям, намедонам, ки кадоме аз онҳоро идома хоҳам дод. Инаш ба рӯҳияву кайфияти ҳамонсоатиам вобаста аст. Муҳим ин аст, ки бефосила кор мекунам. На рӯзи истироҳат дораму на моҳи мураххасӣ. Мабодо димоғам сӯхта бошад ҳам, корро бас намекунам, фақат рангу раванди машғулиятамро тағйир медиҳам: ба таҳриру такмили навиштаҳои дирӯзаам мепардозам, ки баъзан кори басе шавқовар бувад. Матни худатон навиштаро аз назари интиқодӣ таҳлилу таркиб кардан аҷаб лаззати илҳомбахш доштааст!
Ман худамро ҳамчун як автомати табиӣ вонамуд карданӣ нестам, вале айбу аҷаб набудагист, агар бигӯям: бекор нишаста наметавонам. Дар дарункисаам ҳамеша қаламу дафтарчае дорам, ки ҳангоми ширкатам дар маҷлису ҷаласаҳои бефоидаву дилгиркунунда ва ё интизориҳои бесомон дар таги дари духтур ё ягон калоншавандаи мағрур берун бароварда, перомуни шакл ё мазмуни ягон кори нотамомам фикру мулоҳиза мекунам…
- Балки пажӯҳишҳои нотамоми худро номбар мекунед?
- Танҳо дутояшонро ном мегирам, ки ба назари худам муҳим менамоянд: яке ба забони русӣ буда, “Одноликий Хумо и двурогий Искандар. (Пролегомены к историософии таджиков)” унвон шудааст. Ва он дигар ба забони тоҷикӣ: “Андар падидаи шарқзадагӣ: эй мурғи саро, хезу паридан дигар омӯз!”
- Асари аввалинатон фалсафӣ-ихтисосӣ метобад. Лекин дуюмаш барои ман ва умедворам, барои хонандагони Asia-Plus низ шавқовар аст. Агар онро муфассалтар муаррифӣ мекардед, айни муддао мебуд.
- Солҳост ба як суоли ҷолиби шоирона ҷавоб меҷӯям, ки дӯстам Лоиқ баҳори соли 1992 ҳангоми миёнҷигариҳоямон дар байни ду майдони шӯридаи пойтахт пеш оварда буд:
Жарф бияндеш, чӣ асрор ҳаст
Дар сифати тоҷику тоҷик будан?
Лоиқ худаш ҳам дар ин бора гаштаю баргашта меандешиду пайваста ғам мехӯрд. Хусусан, солҳои сахту сангини ҷанги ҳамватанӣ, вақте ки номатлубтарин унсурҳои менталитети қавмиамон бар рӯйи кор омаданд, дар миёнҷойи гирдоби ташвишу ғуссаи шаҳрвандона қарор дошт. Дар шеъри “Ту напурсу ман нагӯям” шоири ватандӯст ба муколамаи ботинӣ пардохта, андаруни он ҳаммеҳани мулоҳизакорашро суолборон кардааст: “Кӣ шикаст муҳраи мо? Кӣ бурид решаи мо? Кӣ бисӯхт бешаи мо? Кӣ маро чунин пароканд? Кӣ туро ба хун биёганд? Зи худост ё худи мо?” Пурсиши хотимавии шоири ҷигархун сарҳалқаи худшиносии миллии мост: “Чӣ касем дар ду дунё?”
Таҳлилу таркиби беғаразонаи воқеаҳои таърихӣ, хусусан, рӯйдодҳои таърихи навтаринамон ба як хулосаи умда меорад, ки аз ҷумлаи ҳақиқатҳои талху тунди рӯзгори тӯлонии мост: ҳар балои иҷтимоие, ки ба сари халқи азияткашидаи мо фурӯ рехтанд, танҳо иттифоқи осмонӣ набуд, дар ноомади кори таърихиамон басе худамон ҳам шарик ҳастем!
Ҳам сабаб ва ҳам оқибати бадбахтиҳои гузаштаамон аз маҷрои умумии тараққӣ ва такомули таърихӣ берун мондани қавми тоҷик буд. Ин омили таъинкунанда махсусан дар оғози садаи бистум аз худ асари сарнавиштсозе боқӣ гузошт. Ақибмондагии куллии иқтисодию норасидагии иҷтимоӣ, ҷудоии ҷуғрофию ҷудоиҷӯйиҳои сиёсӣ, хешношиносии миллию хештандориҳои мазҳабӣ, ниҳоят, худфикании равонию худшиканиҳои рӯҳонӣ дар маҷмӯъ ба беғайратию бефаъолиятӣ ва ҳатто беҳавсалагию берағбатии ҷомеаи тоҷикон, бахусус, аҳли қалам боис шуданд. Ин ҳама омилҳо рафта-рафта ба ахлоқу одоби ҷамъиятӣ нуфуз карда, саранҷом дар психологияи инфиродӣ ва иҷтимоии тоҷикон нақш пазируфтанд.
Аммо баъд, иллати умдаи пасмондагии таърихиамон худаш чӣ буд? Ин муаммо мавзӯи дандошикани фалсафаи таърихи тоҷикон аст, ки дар ҳамон китоби аввал (“Ҳикмати таърихи тоҷикон”) матраҳ мешавад. Ҳоли ҳозир бошад, мавзӯи мазкурро дар қарина (контекст)-и падидаи куллитари таърихию фарҳангӣ ва рӯҳонию равонӣ матраҳ мекунам, ки дар навиштаҳои кунуниам ҳамчун шарқзадагӣ зикр мешавад. Сарчашмаи илҳомам “Ғарбзадагӣ” ном китоби илмию публисистии адиб ва ҷомеашиноси маъруфи эронӣ Ҷалоли Оли Аҳмад (1923-1969) мебошад.
Ҷалоли Оли Аҳмад суханро аз накӯҳиши ҳамватанони тақлидкораш (манзураш падидаи фарҳангие буд, ки ба сурати як навъ мӯди рӯз дар хоки маънавии ҷомеаи эронӣ реша гирифта натавонист) сар карда, баъд ба танқиди идеологияи урупомеҳварӣ гузашта, андешаҳои ҷомеашинохтиашро бо тааммули интиқодии суннатҳои антропологияи ҳамқавмонаш анҷом додааст. «Дар ин даврони таҳаввул мо муҳтоҷ ба одамҳое ҳастем бо шахсият ва мутахассису тундрав ва усулӣ... На ба одамҳое, ки анбони маълумоти башариятанд ё ҳамакораанду ҳеҷкора, ё танҳо марди «неканд» ва одами «хуб» ё сарбазер ва ё побароҳ, ё одамҳои созишкор ва ором, ё «ҷаннатмакон» ва ҳарфшунав! Ин одамҳо буданд, ки таърихи моро то кунун чунин навиштанд. Дигар басамон аст!»
Ин хулосаи инқилобии нависандаи соҳибназари эронӣ ҳанӯз кӯҳна нашудааст; баръакс, акнун даъвати пурҳарорати Ҷалоли Оли Аҳмад боз ҳам мубрамтар садо медиҳад. Дар воқеъ, он чизе, ки ӯ дар ҳаққи эрониёни замони худаш гуфтааст, рӯҳиёти тоҷикони оғози садаи бисту якумро ҳам бозгӯ карда метавонад. Лекин ба иллати ҳамон хислате, ки ба қавли дуктур Миршоҳӣ, эронӣ ва тоҷики кунуниро аз ҳам фарқ мекунад (якумӣ фарҳангӣ будасту дувумӣ хурофотӣ), умдатарин мушкилии маънавии тоҷиконро ғарбзадагӣ не, балки шарқзадагӣ унвон кардан салоҳи кор аст, гарчанде ки тоҷикон низ 70 сол зери таъсири ҳамагонии фарҳанги ғарбимаоби русӣ буданд.
Мо, тоҷикон, ки акнун дар остони “ҷаҳонисозӣ” гуфтанӣ як падидаи яксонкунандаи ҳамагонӣ бепарво истодаем, ба тарбияи “Одами нав” ниёзи мавқуфнопазире дорем на камтар аз эҳтиёҷи замони Оли Аҳмад.
Вазифаи умдаи иҷтимоиву таърихии ҷомеаву давлати соҳибистиқлол тарбияи шахсиятҳои барҷастаи миллӣ мебошад – одамоне, ки тақлидкору мутаассиб набошанд ва фаъолияти эҷодиашонро тафаккури интиқодӣ ҳусни оғоз бахшаду анҷомаш саршор аз ҷустори тадбир бошад.
Аз ҷумлаи намояндагони интеллигентсияи шӯравипарвард, хоссатан ба ном “интеллигентсияи эҷодкор”, барои мо онҳое оинаи ибрат буда наметавонанд, ки дар аҳди Горбачёв сар бардошта ва ба танқиди хомфикронаю кӯтоҳандешонаи давлату ҷомеаи шӯравӣ пардохта, бо дастгирии балегӯёни хориҷӣ бозсозии омиёнаи Горбачёв ном як сиёсатмадори худкому ношудро ҳадафмандона ба Бозсӯзии сиёсӣ табдил доданд.
Дар мавриде, ки мегӯям, манзур аз тафаккури интиқодӣ тафаккури иҷтимоиест, ки дар ҷодаи маънавии ахлоқи ҳамида ҷараён мегирад ва аз ин рӯ, аз масъулиятшиносии таърихӣ саршор буда, рангу раванди созанда дорад.
Ғояти таассуф аст, ки барои иҷрои чунин барномаи тарбияи “Тоҷики Нав” бархе аз унсурҳои менталитети суннатиамон мусоидат намекунад. Менталитет таҳкурсии хулқи миллӣ бувад (дар даврони Шӯравӣ ба иллати идеологӣ аз истилоҳи характери миллӣ ҳазар мекарданд). Фарди одамӣ дар баробари одоби фозила феълу хӯ ва одатҳое низ дорад, ки на зеби ҷомаи ӯстанду на қабули оммаи тамошо. Халқҳо низ дар баробари одоби фозила урфу одатҳои разила ҳам дошта метавонанд.
Аз ҷумла, тоҷикон ҳурмати калонсолон, хосса падару модар ва устодон, хоксорӣ, меҳмондӯстӣ ва дигар хислату анъанаҳои хуб доранд, ки мавриди таваҷҷуҳи мардумони ғайр қарор гирифтаанд. Лекин бузургони худамон, инчунин мардумшиносон ва сайёҳони бегона ба дигар унсурҳойи хулқи қавмиамон низ дидаи эътибор дӯхтаанд, ки тоҷи сари миллати тоҷикро зинат намедиҳанд.
Чунончи Садриддин Айнӣ дар ғояти ташвишу хавотирӣ дарёфта буданд, ки тоҷикон ба иллати ҳамон ҷиҳатҳои салбии характери миллиашон дар аввалҳои қарни бистум дар ҳадди “завол ва фанои ирқӣ ва қавмӣ” қарор доштанд. То он вақтҳо касе андар вазъи таърихии тоҷикон бад-ин дараҷаи ҳолдонӣ сухани интиқодӣ нагуфта буд. Ва маҳз устод Айнӣ буданд, ки дар ғояти хушбинии таърихӣ ва ихлоси тоҷикона Инқилоби болшевикиро ҳамчун “Офтоби дурахшони адолат” мадҳу ситоиш карда, ба коммунистони рус барои он шукру сипос гуфтаанд, ки ҳамқавмони азияткашидаашонро аз асорати “ҳокимони ҷоҳил, сипоҳиёни ғаддор, қозиҳои нодону ришвахӯр ва муллоҳои шариатфурӯш” озод карданд. Шояд устод Айнӣ, ки худашон яке аз қурбониҳои низоми сиёсию мазҳабии ғосибони турку муғул буданд, андак муҳобот карда бошанд. Ба ҳар ҳол, ҳамаи муллоҳои онвақтаро “шариатфурӯш” ё ҷамеи қозиҳои Аморати Бухороро “нодону ришвахӯр” хондан аз рӯйи ҳақиқату адолат набуд, хусусан ки миёни ҳамон қозиҳо Садри Зиё (падари Муҳаммадҷони Шакурӣ) барин равшангарони доною ватандӯст ҳам буданд.
Дар омади гап гӯям, ҳамон бародарони фарҳангимаоби эрониамон аз ҷиҳати сабки тафаккури суннатӣ аз тоҷикони “хурофотӣ” чандон, ки мебоист, фарқ намекардаанд, вагарна дар авҷи садаи бистум ҳамаро монда, ба “Инқилоби исломӣ” намепардохтанд. Ин инқилоби ногаҳонӣ натиҷаи мӯдгароиҳои муқаллидони шаҳрӣ набуд; ҳомилону ҳомиёни падидаи нави иҷтимоию сиёсӣ суннатгароёни деҳотӣ буданд. Ҳамонанди ин инқилоб дар Тоҷикистони мо ҳам ҷараён гирифт, вале он ба иллати дар ҷомеаи пасошӯравии тоҷик решаи иҷтимоӣ надоштанаш бо дахолату далолати нерӯҳои деҳзоду шаҳрпарвард ба ҳадафи муроди сиёсиаш расида натавонист. Бо вуҷуди ин, ҷунбишҳои сиёсии мусулмонони ҳар ду кишвари ҳамзабону ҳамсуннат рангу раванди муштарак доштанд, ки аз ҳамгунии рагу решаҳои рӯҳонию равониашон дарак медод.
- Ба ҷомеаи ҳозираи тоҷик аз кадом айнак менигаред – ғарбзадагӣ ё шарқзадагӣ?
- Аввал ин ки ғарбзадагӣ зуҳуроти хоси падидаи шарқзадагист. Гузашта аз ин, ман илман аминам, ки ҳамон падидаи шарқзадагӣ барои идроку маънидоди рӯйдодҳои динию сиёсии на фақат кишварҳои порсизабон, балки умуман Шарқи исломӣ дастури методологию консептуалӣ буда метавонад.
Дигар ин ки шарҳу таъбири вазъи кунунии ҷомеаи моро, ки ҷиҳати маънавиаш буҳронист, аз тасаввуру тааммули антропологияи иҷтимоӣ ва инфиродии қавми тоҷик оғозида, онро дар зимни баррасӣ кардани хулқи миллиамон шарҳу таъбир мекунам; хусусан, бархе суннатҳои менталитети суннатиамон ҳанӯз ҳам дар ташаккулу тараққии иҷтимоию маънавии мо, тоҷикон, ба унвони миллати баркамол сади роҳамон мебошанд.
Ҳақиқатан ҳам як ба феҳристи меъёру маҳакҳои одоби суннатиамон назар афкандан кофист, то дарёбем, ки идеали этикиамон ё камоли матлуби ахлоқи суннатиамон одами бешахсият аст. Умдатарин нишонаи тоҷики бешахсият фурӯтании ӯст. Дар муҳити маънавии мо ҳатто хоксорӣ барин хислати некӯи одамӣ ба маънии хештанфурӯнишонӣ таъбир ва талқин мешавад. “Рӯҳнома”-и Туркманбоширо нахонда бошам хам, нағз медонам, ки хоксор будан даркор аст, вале хоксорӣ худро бо хок яксон донистан нест!
Гузаштагони мо худро ба санги кам зада, ба ҷойи “ман” гуфтан “бандаи ночиз”, “каминаи камтарин”, “гадо” менавиштанд ва ҳатто дар осори илмиашон худро “бечораи шикаста” гуфта, муаррифӣ мекарданд. Дар китоби “Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ” насиҳате чунин сабт шудаст: “Ҳар кӣ худро паст занад – мард он бувад!” Ин гуфта ё фармудаи баъзе одамони муғриз нест; зарбулмасал ва мақолҳо ба ҷумлагӣ муҷассамаи ахлоқу одоби асили мардум ҳастанд, ки аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.
Пас, чӣ ҷойи тааҷҷуб аст, ки дар адабиёти мо аз қасидаи фахрия дида қасидаи мадҳия бештар нуфузу эътибор дошту ҳанӯз ҳам дорад. Шоирону носироне кам набуданду кам нестанд, ки муболиғаи ғулувро ягона воситаи тасвири бадеӣ дониста, аз қавли Низомии Арӯзиии Самарқандӣ гӯям: “накӯро дар хилъати зишт ва зиштро дар сурати некӯ” ҷилва медоданду ҳанӯз ҳам чунин риёкориро идома медиҳанд.
Дар ин ҷодаи рушди маънавии ҷомеа мо бо гароише бармехӯрем, ки муҳаққиқони хориҷӣ дар ташхиси он истилоҳи “ре-исламизатсия”-ро корбаст мекунанд. Сухан дар бораи эҳёи ислом ба гунаи исломи бунёдгаро меравад, ки пиндору кирдораш бо зӯровариҳои ҷисмонӣ ва маънавӣ тавъам бувад. Дар ҷодаи ҳамин гароиши рӯҳонию сиёсӣ, ки барояш таназзулгароӣ (регрессизм) фалсафаи асили таърихи одамизод асту кӯҳнагардонии шуури иҷтимоӣ радифи табии ӯ, гузаштагароӣ ба гунаи таърихзадагӣ дар мақоми аввалааш барқарор шуда истодааст.
Кӯҳнагардонӣ ё ба истилоҳ архаизатсияи ҷомеа падидаи мураккабу бисёрҷиҳата буда, ҳанӯз мавриди пажӯҳиши илмию тааммули густурдаи фалсафӣ қарор нагирифтааст. Ин падида ҳадафҳои мухталиф дорад: идеологӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳонию равонӣ; мақсади умдааш бошад, аз ҷорӣ кардани қонуну қоидаҳои шариат дар ҷомеа иборат мебошад, ки аллакай ба гунаи ҳиҷобпӯшонии занон ва духтарони маъсум оғоз ёфта, ки танҳо ибтидои бозсозии динист.
Барҷастатарин ва аёнтарин аломати шарқзадагиро гузаштагароӣ унвон мекунам. Ин падида ба худии худ айбу аҷаб надорад. Ҷиҳати ташвишовари вай чизи дигар аст: гузаштагароиҳои тоҷикона сириштан омиёна бувад ва бад-ин иллат созанда нест. Аввалан, гуфтаниам, ки ифтихори мо аз мероси гаронмояи гузаштагони фарзонаамон ҳадди аксар ифтихори огоҳона нест. Ҳақиқатан ҳам гузаштагароиҳои тоҷиконе, ки даҳонашонро аз кафк пур карда, “замоне, ки мо Фирдавсию Сино доштем, дигарон ҳанӯз дар ҷангал давида мегаштанд” мегӯянду дар бораи кӣ будану чӣ навиштани Фирдавсию Бӯалиҳо фақат аз рӯйи китобҳои дарсӣ медонанд (ва агар он ҳам дар ёдашон монда бошад), худнамоии хушку холиест тиҳӣ аз мазмуну маънии волои таърихию фарҳангӣ!
Дарвоқеъ ҳам дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии бузургонамон дар китоби комёбиҳои тамаддуни инсонӣ бо оби тилло навишта шудаанд ва барҳақ мояи ифтихори миллии ҳар як порсигӯст. Валекин пурсидан равост, ки ҳамон китоби бо зарҳал навишташударо чанд нафар тоҷик хонда баромада бошад?! Лоиқи нозукбин маҳз ҳамингуна «миллатпарастон»-ро фикран ба курсии масъулияти таърихию иҷтимойӣ шинонда, аз ӯ надоматомезона мепурсид:
Ту худнашнохта, худнозият чист?
Сари ҳар бом парчамбозият чист?
Даҳон пуркафк андар роҳи миллат,
Чу дар сар ақл не, сарбозият чист?
Лоиқ ҳамин шикофи маънавиро миёни одоби ашроф ва одати мардум дар гуфтору пиндору кирдори ҳамқавмонаш дида, дарун-дарун месӯхт. Охир, ангуштшумор буданду ҳастанд шахсоне, ки аққалан “Шоҳнома”-ро ба дасташон қаламу қоғаз гирифта, аз сар то охир хонда баромада бошанд. Охир, чунонки Лоиқ ғуссамандона шаҳодат медод, ҳатто дар қатори онҳое, ки шеърнависию нависандагӣ ё нақди суханро касби худ медонанд, шумораи шоҳномахондагиҳо ночиз аст!
Дар омади гап гӯям, матни аз алифбои арабӣ ба хати русӣ пурра бозгардон шудаи “Шоҳнома” инъикоси дараҷаи худшиносию худшиносонии тоҷикона дар сатҳи академист: ба вай на корномаи эҷодии Фирдавсӣ ва на тафсиру таъбири гуфта ва фармудаҳои манзуми ҳакими Тӯс афзуда шудаанд. Далели ҷолиб барои муқоиса: ба нашри академии “Шоҳнома” ба забони русӣ, ки мавриди таҳқиқу таҳрири эроншиносони машҳури Русия (Е. Э. Бертелс, А. Н. Болдирев ва А. А. Стариков) қарор гирифта буд, муаррифиномаи Фирдавсӣ ва шоҳасари ӯ дар ҳаҷми 133 саҳифа ва ба ҳар як ҷилди тарҷума ба ҳисоби миёна 100 саҳифа шарҳу тавзеҳоти илмӣ афзуда шудаст. Гумон намекунам, ки хонандаи кунунии тоҷик ба ҳадде саводи адабӣ дошта бошад, ки ба чунин шарҳу тавзеҳот ниёзи фарҳангӣ надошта бошад.
Сабаби гузаштагароӣ фақат омили равонӣ нест, ки ба забони ҳикмати мардумӣ мефармояд: корди гумкарда дастааш тилло! Бинобар ин, ман ҳам аввал мисли Лоиқ “ҳайфи он фарҳанги олӣ!” гуфта, фарёд мекунам...
Асл ин ҷост, ки гузаштагароиҳои мо ҳамчун бахши таркибии падидаи шарқзадагӣ усулан ва куллан ба хотири андарёфти амиқу дақиқи имрӯзу фардо нест. Ва маҳз ҳамин шарқзадагие, ки ба мурури замони ҳол бепарвосту аз ғаму андешаи замони истиқбол холӣ, тайи ҳазорсолаи гузашта қавми тоҷикро қомат рост кардан намонд! Иллат дар наҳоди табиӣ ё заминаи биологии тоҷикон нест; сабаби асосӣ дар таърихи иҷтимоии онҳост; таърихи сахту сангине, ки қариб буд ҷисму ҷони аҷдодамонро дар осиёи гаронсангаш орд карда партояд. Аз қавли манзуми Лоиқ гӯям, “кӯчиёни хокираҳ”
Нахле насабзонидаву карданд моро решакан,
Бидрида тору пудамон, пайвандамон бигсехтанд!
Дарвоқеъ, бо мурури замон ба рангу раванди тафаккури суннатиамон осебҳое расидаанд, ки аз ҷумлаи осебҳои назар ё ахтар (бахусус, офати ситораи думдор!) набуданд; онҳо осори саргузашти печидафарёди аҷдодамон буданд, хосса муосирони Чингизу Темур ва дорудастаи манғитҳо. Муассиртарин асари ин таърихи ноҳамвор кӯр ё бенур шудани майли ояндасозӣ дар таҳтуззеҳни мост, ки онро Сайидои Насафӣ бо ифтихори тамом ба қолиби назми динию фалсафӣ кашидааст:
Фикри рӯзи оянда кардаам зи сар берун,
Аз абад наметарсам, бим аз азал дорам!
Бар асари ҳамин эътиқоди диние, ки бо мурури замон ба эътимоди иҷтимоӣ табдил ёфтааст, дар ниҳояти таҳаввули таърихӣ тақдиргароӣ дар бунёди ҷаҳоншиносиамон реша гирифту таваккал дастури кори рӯзмарраамон шуд. Ҳикмати мардумии “Таваккал нар асту андеша мода” таҷассуми буду шуди ҳамин тариқи суннатии тафаккури иҷтимоиямон бувад, ки аз тааммули интиқодии айёми гузашта ва ҳозира орӣ буда, ба тадбирандешӣ ба хотири оянда майлу ҳаваси ботинӣ надорад.
Дар хотима ба унвони як навъ пешгирӣ аз суистифодаи гуфтаҳоям боз ба як андешаи бузургон истинод мекунам. Қариб сад сол пеш Садриддин Айнӣ дар шарҳи як хислати номатлуби тоҷикона гуфтаанд: вақте ки “баъзе мутафаккирони аз байни мо сар барзада дарди моро ба худи мо нишон доданд, мо чун омосдоре, ки дар муқобили ништари ҷарроҳ мешӯрад, ғавғо мекунад, шӯридем, ғавғо барпо кардем. Табибони худро ин кофир, ин ҷадид, ин даҳрӣ, ин зиндиқ гуфтем”.
Бале, ҳамин тавр будаст; ҳанӯз ҳам мегӯем... Чаро ки дар табақаҳои баргузидаи ҷомеаи тоҷик – на танҳо элитаи сиёсӣ, балки инчунин, ба истилоҳ, “зубдагони ақлонӣ” – дилсӯхтагоне хеле кам буданд, ки дарди дили сӯхтаи аҳли бедормағзро мисли задани набзи худ ҳис кунанд...
Ҳамасру ҳамнаслу ҳамдарди ман Лоиқ ҳам ба яке аз аломатҳои падидаи шарқзадагии тоҷикона дидаи эътибор дӯхта буд:
Чораи дардаш биҷӯйӣ, менафаҳмад,
Боз созад шикваю бечораҳолӣ.
Чораи ҳолаш бигӯйӣ, кина гирад,
Боз нолад аз ғами бечораҳолӣ!
Маълумотнома
Акбари Турсон 1-уми октябри соли 1939 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.
Соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (айни ҳол ДМТ)-ро бо ихтисоси “фалсафа” хатм кардааст. Солҳои 1961-1963 ходими хурди илмии Шуъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1963-1967 аспиранти шуъбаи мазкур, 1969-1979 ходими калони илмии Институти фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1979-1986 ҷонишини сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Тоҷик буд. Директор ва мудири шуъбаи таърихи тамаддуни Осиёи Марказии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1986-1992), муовини директори Институти иқтисодии ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байнулмилалии АИ Тоҷикистон (1993-1994).
Аз соли 1994 то 2011 дар ИМА кор ва фаъолият кардааст.
Соли 2011 ба Тоҷикистон баргашта, дар вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон то соли 2015 фаъолият кардааст. Аз апрели соли 2015 ба нафақа баромадааст.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи илмҳои ҶТ Акбари Турсон муаллифи зиёда аз 250 мақола ва асарҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ мебошад. Дар таълифоти худ масъалаҳои фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳонро мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.