ҲАФТ БАРДОШТ ДАР БОРАИ “КИТОБХОН”
Дуюним сол пеш (22.05.2023) ёддошти кутоҳе перомуни пойгоҳи фарҳангию маърифатии «Китобхон» навишта будам. Ҳоло бо такмилу илова онро бознашр мекунам. Умедворам дастандаркоронаш кори хуби худро идома медиҳанд. Чун аз муҳтавои имрӯзаи «Китобхон» бармеояд, ки марҳилаи шаклдиҳии чорчӯбаи мавзуҳо дар авҷ аст ва эҳтимол дар оянда самтҳои дигари маърифатиро фаро мегиранд.
9 ноябри соли 2025 аз таъсири лоиҳаи фарҳангию маърифатии “Китобхон” чор сол сипарӣ шуд. Аз рӯйи иттилои саҳифаи канал дар “YouTube” бармеояд, ки то ин дам муҳтавои онро 3103915 дидаанд. Аз рӯйи иттилои саҳифа дар ин муддат 268 навор, аз он ҷумла 150 барномаи вижа (гуфтугӯҳо бо меҳмонон)-ро нашр шудаанд. Ба ҳисоби умумӣ ҳар як навори пахшударо 11 581 кас тамошо карданд. Барои як саҳифаи маърифатӣ ин дастоварди нағз аст, чун бинандаи ватанӣ то ҳол ба муҳтавои “ҷиддӣ” таваҷҷуҳи зиёд надорад ва бештар аз пайи роликҳои сабуки тафреҳӣ ё ҳангомасоз аст. Ҳамзамон, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин пойгоҳҳо фаъоланд, ки перомуни таърих ва рӯйдодҳои гузашта муҳтаво месозанд. Як фарқи “Китобхон” аз он пойгоҳҳо дар он аст, ки ба таҳрифи таърих даст намезанад, муҳтавои сабуки папулистӣ намесозад ва мероси мардумони дигарро моли кишвар ё мардуми мо қаламдод намекунад. Агар ҳамин усул дар оянда риоя гардад, хидмати шоистае хоҳад буд.
Ҳадафи навиштаи мазкур нақди фаъолияти ин канали маърифатӣ аст. Ҳафт бардошти худро дар зер меорам, ки даъвои фарогир буданро надоранд ва диди як бинанда мебошанд:
1. Таблиғи китобхонӣ. “Китобхон”, тавре аз номаш бармеояд, барои таблиғи китобхонӣ таъсис ёфтааст, вале андешаҳои фаротар аз китобхониро матраҳ мекунад. Дар барномаҳо таҷрибаи шахсии меҳмонон перомуни китобхонӣ шиносӣ мешаванд. Аз ҳар як меҳмони барнома пурсида мешавад, ки кадом китобҳоро мехонад ва барои чӣ ин корро мекунад. Нуктаи мазкур ниҳоят ҷолиб аст, чун ба бинанда посухи гуногунро дар мавриди зарурату аҳамияти китобхонӣ пешкаш мекунад. Аз рӯйи муҳтавои мавҷуда метавон хулоса кард, ки “Китобхон” то ҷойе дар ин самт муваффақ гардидааст. Ба назари ин ҷониб, қадами баъдӣ роҳандозии тақризнависӣ ба китобҳои тозанашр буда метавонад. Албатта, чандин навор перомуни китобҳои нав пахш шуданд, вале таҳияи матн аҳамияти вижа хоҳад дошт, чун ба фалсафаи пойгоҳи “Китобхон” ҳамовозӣ дорад.
2. Навоварӣ ва муаррифии биниши нав. Дар бархе аз барномаҳо зарурати ислоҳи соҳаи фаъолияти меҳмон зикр мешавад. Дуруст аст, ки дар расонаҳои ватанӣ пештар дар ин маврид хело зиёд навишта мешуд ва имрӯз низ то ҷойе ба назар мерасад, вале дар шакли видео ба вуҷуд омаданаш қобили дастгирист. Таъсири чунин барномаҳо ба муҳити афкори умумӣ баъдан падидор мегарданд, чун айни замон дар зеҳнҳо саволҳоро ба вуҷуд меоранд ва шояд дар шакли андешаи комил ва ё барномаи алоҳида сари кор оянд.
3. Равиши омӯзиши малакаҳои муосир. Дар бахши дигари барномаҳо сухан дар мавриди аз худ кардани малакаҳои муосир ва шаклгирии тафаккури интиқодӣ меравад. Меҳмонон андеша ва ривоятҳоеро матраҳ мекунанд, ки нигоҳи нав ба рӯйдод ё ба мавзуъ аст ва тафаккури интиқодии онҳоро ба намоиш мегузорад. Ҳамчунин, меҳмонони барнома перомуни омӯзиши малакаҳои муосир, имломӯзӣ, забондонӣ (техникаи аз худ намудани забонҳои хориҷӣ), фановариҳои нав ва ғайра суҳбат мекунанд, ки дар шароити имрӯзаи мо ниҳоят муҳим ҳастанд.
4. Рӯҳияи мусбатандешӣ. Муҳтавои аксари барномаҳо сохтани рӯҳияи мусбати мутавозин (бидуни ифроту тафрит) ва паҳну таблиғи он дар фазои расонаӣ мебошад. Чунин иқдомро дастандаркорони “Китобхон” ҳам дар видеахостинги “YouTube” ва ҳам “Facebook, “Instagram”, “Telegram”, “Tik Tok” ва “ВКонтакте” идома медиҳанд. Ҳар яке аз ин платформаҳо корбарони алоҳидаи худро доранд, ки аз рӯйи завқ ва синну сол аз ҳам фарқ доранд.
5. Шиносоии чеҳраҳои нав. Аксари меҳмонони барномаи “Китобхон” устодони соҳаи худ ва касони машҳур мебошанд. Дар баробари онҳо шиносоии чеҳраҳои нав, ба вижа олимону пажуҳишгарони зодаи кишвар, ки дар донишгоҳу пажуҳишгоҳҳои маъруфи ҷаҳонӣ кору фаъолият доранд, як гоми муҳим мебошад. Ҳамзамон, даъват гардидани меҳмонон аз кишварҳои дигари ҳамзабон барои шинохти зинда аз вазъи он ҷуғрофиё мусоидат мекунад. Дар қадами баъдӣ, сабти барномаҳо бо пажуҳишгарони таъриху фарҳанги тоҷикон ва умуман форсизабонон аз кишварҳои дигар аз аҳамият холӣ нест, чун аксари онҳо забони модарии моро медонанд ва умри худро ба пажуҳиши мардуми мо сарф мекунанд.
6. Ривоятсозӣ барои расидан ба худсолории фикрӣ ва ё эҳёи он. Аз рӯйи муҳтавои барномаҳои “Китобхон” бармеояд, ки ин муҳимтарин самти фаъолияти пойгоҳ мебошад. Аҳамияти нуктаи мазкур дар он аст, ки дар муҳити фикрӣ то ҳол ривоятҳои қудратҳои беруна перомуни гузашта, имрӯз ва ояндаи мардуми мо бештар матраҳ ҳастанд. Аз ин ҷост, ки як бахши ҷомеа ба тарафдории ривоятҳои бегона ва дигарон ба муқобили он мавқеъ мегиранд. Ин нуктаро аз баҳсу баррасии корбарон перомуни рӯйдодҳои гузашта ва имрӯза метавонем мушоҳида кунем. “Китобхон” тавонист як миқдор аз ривоятҳои берунаро ба чолиш кашад ва дар ин самт то ҷойе муваффақ ҳам шавад. Барои чӣ чунин рӯйкард муҳим аст?
Нахуст, дар ду-се соли охир даҳҳо саҳифаю каналҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки зоҳиран “иттилоотию таҳлилӣ”, вале дар асл абзори таъсир ба афкори умумии кишвар мебошанд. Ҳадафи ин саҳифаю каналҳо тафсири рӯйдодҳои имрӯза, зери нуфузи худ нигаҳ доштани афкори умумӣ ва эҷоду таҳмили ривоятҳои барояшон муносиб аст.
Дуюм, дар се-чор соли охир рақобати қудратҳои беруна перомуни тафсири таърихи гузаштаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои он дар авҷ аст. Як ҷониб гуфтумони “истеъморзудоӣ”-ро маблағгузорӣ мекунад ва тарафи дигар дар ҳимояти “ҳақиқати таърихӣ” истод аст. Ҳарду рӯйкард дар ниҳоят барои истеъморӣ боқӣ мондани андешаи мардумони минтақа, аз он ҷумла мо хидмат мекунанд. Чун агар гуфтумони берунаи “истеъморзудоӣ” пирӯз гардад, пас дар минтақа гашти геополитикие бояд ба вуқуъ ояд, ки худ дар меҳвараш навистеъморӣ аст. Агар гуфтумони ҳимояти “ҳақиқати таърихӣ” устувор бимонад, ин низ фаргашти геополитикие хоҳад буд, ки боз ҳам дар меҳвараш навистеъморӣ аст. Аз ин рӯ, даст задан ба “истеъморзудоӣ” ва ҳимоят аз “ҳақиқати таърихӣ” аз рӯйи барномаи қудратҳои беруна – вазъи бунбастиро дар минтақа ба вуҷуд оварда, дар ҳарду ҳолат кушандаи андешаи худӣ ва истеъморӣ боқӣ мондани ҷаҳонбинӣ мебошад.
Сеюм, дар робита ба ду нуктаи боло ва то ҷойе барои истеъморӣ боқӣ намондани худи андешаи “истеъморзудоӣ” дар барномаи “Китобхон” чандин суҳбат бо меҳмонон сабту пахш гардид. Олимону пажуҳишгарон андешаҳои худро перомуни гуфтумони “истеъморзада”, “истеъморӣ” ва зарурати доштани дидгоҳи интиқодӣ ба таърихи гузаштаро барои бардоштани сабақҳои мусбату манфӣ матраҳ карданд. Ҳамзамон, пажуҳишҳои тоза перомуни шахсиятҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ шиносоӣ гардиданд, ки бешубҳа кори мусбат мебошад. Эҳтимол дорад, дар ояндаи наздик “ҷанг”-и гарми тафсирҳо перомуни таърихи гузаштаи минтақа ба миён ояд. Ҳоло ин падида дар ҳолати нарм дида шуда, ҳам аз ҷониби баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам бозингарони беруна роҳандозӣ гардидаанд. Дар чунин шароит доштани абзори худӣ ниҳоят муҳим аст, чун таъсири манфии “таҷовуз”-и берунаро кам мекунад.
7. Шиносоии симои нави тавонмандиҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Арзёбии ин паҳлуи фаъолияти пойгоҳи фарҳангию маърифатии “Китобхон” шояд як андоза мушкил бошад ва баррасии васеъеро талаб мекунад, чун ба қолаби мавҷудаи кори як пойгоҳи иттилоотӣ мувофиқат намекунад. Барои бозкушоии ин андеша чанд нуктаро меорем:
Нахуст, дар кишвари мо аксари лоиҳаҳои иҷтимоиро созмонҳои байналмилалӣ ё бунёду ниҳодҳои давлатҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мекунанд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иҷро мешаванд. Ҳамон тавре ки баъзан ривоятсозӣ мешавад - ин падидаи комилан манфӣ ё мусбат нест, чун ба даст овардани маблағ ё пирӯзӣ дар озмун кори сангин аст ва бахши муайяни сармоя барои мардуми мо сарф мешаванд.
Дуюм, шумораи андаки лоиҳаҳои иҷтимоӣ рӯзномаи худи созмонҳои ватанӣ аст ва бештар аз рӯйи барномаи созмону ниҳодҳои маблағгузор амалӣ мегарданд. Дар ин самт, пойгоҳи фарҳангию маърифатии “Китобхон” бидуни сармоягузории созмон ё ниҳоди хориҷӣ фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст. Ин андеша аз набудани пешгуфтору пасгуфтори арзи эҳтиром ба маблағгузор дар барномаҳо бармеояд, ки то ҷойе симои дигари тавонмандиҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварро ба намоиш мегузорад.
Сеюм, “Китобхон” то ба имрӯз дар бораи мавзуҳое муҳтаво месозад, ки дастанадаркоронаш ба он арзишу боварҳо пойбанданд. Ин нукта барои чӣ муҳим аст? Барои он ки баъзан дар саҳифаи расонаҳо муҳтавое ба назар мерасанд, ки муқобили ривоятҳои таърихию фарҳангию сиёсии кишваранд. Азбаски созмонҳои байналмилалӣ ё сафаротҳои хориҷӣ нашри чунин муҳтаворо сармоягузорӣ мекунанд, аз рӯйи қонунҳои иқтисодӣ ва зарурати молиявӣ дар саҳифаи расонаҳо рӯйи чопро мебинанд. Солҳои сол дар фазои расонаӣ чунин муҳтавосозӣ дида мешавад: яке чизеро нашр мекунад, ки комилан бознависӣ ва таҳрифи таърих ба зарари мо аст (чун ба бознависию таҳрифи таърих ба фоидаамон ниёз надорем); дигаре рӯйдодҳои ҷаҳонӣ, рафти низоҳо, рақобатҳо дар Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои дигар ва ғайраро аз зовияи бозингарони беруна (маблағгузор) матраҳ мекунад, ҳатто он ҳодисаҳои хурде, ки аслан ба мардуми мо робита надоранд. Тазод дар он аст, ки дар фазои расонаӣ масъулини ҳарду ривоятсозӣ худро пойбанди арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ муаррифӣ мекунанд, вале бо назардошти зарурат ё эҳтиёҷ ба иқдоми баръакси он даст мезананд. Аз ин рӯ, будани чунин пойгоҳи фарҳангию маърифатӣ, ки дастандаркоронаш ба ҳамаи муҳтавои эҷодкардаи худ бовар доранд, як падидаи нодир ва мусбат дар фазои расонаӣ мебошад.
Инҷо ёддоштро тамом мекунам ва ба дастандаркорони пойгоҳи фарҳангию маърифатии “Китобхон” дар корашон барору пешрафтро хоҳонам ва боз ҳам умедворам, ки муҳтавои ҷолибро барои мо бинандагон пешкаш мекунанд.