Вақте деворҳо фурӯ мерезанд ....
Деворҳо фурӯ мерезанд,
Ва ту онҳоро намебинӣ.
Ва ту онро ҳис намекунӣ.
Рон Вилс – шоири амрикоӣ
Имрӯз 9-уми ноябр, мусодиф аст бо рӯзи фурӯрезии Девори Берлин, ки 28 сол (байни солҳои 1961-1989) дар қалби Аврупо қомат афрохта, рамзи вуҷуди ду низоми ҷаҳонӣ – ҷаҳони сармоядории Ғарб бо роҳбарии ИМА ва олами сотсиалистии Шарқ бо роҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт. Девор инчунин рамзи “ҷанги сард” низ буд. Девор марзи сиёсӣ, марзи иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҳам буд.
Чанд нуктае ки барои насли аз чилсола поён шояд аҷиб бошад. Ману насли аз мо боло он рӯзҳоро ёд дорем. Зеро ба мо дар мактаби Шӯравӣ таҳсил кардаву ба ормонҳои коммунистӣ парвариш ёфта, ба он ормонҳо бовар ҳам доштем. Аммо вақте телевизиони Шӯравӣ навори фурӯ рехтани девори Берлин ва бар вайронаҳои он рақсу пойкубиии мардумро намоиш дод, барои мани 17-сола хеле аҷиб буд, ки деворе ки ба андешаи онрӯзаи мо намегузошт, “ҷаҳони пӯсидаи ғарб” ба “шарқи шукуфон” ояд, чӣ тур дар они воҳид фурӯ рехту моли таърих гашт. Давлати Олмон як қисми кӯчаки ин деворро ҳамчун осорхонаи зиндаи таърих барои ибрати мардуми хеш ва мушоҳидаи он аз ҷониби ҷаҳонгардон боқӣ гузоштааст, ки он ҳам ибратангез аст.
Аммо нуктаҳои ҷолиб дар бораи ин девор чунинанд:
1. Олмон соли 1945 аз ҷониби муттаҳидон (ИҶШС, ИМА, Англия ва Фаронса) тасарруф гашт ва чор сол баъд (1949) дар давоми як моҳ дар қисматҳои тасарруфшудаи ин кишвар давлати Олмони федерол (ФРГ ё BRD) ва Олмони демократӣ (ба қавли шӯравиҳо ГДР ё DDR) таъсис ёфтанд. Дар ҳар ду қисмати ғарбӣ ва шарқӣ артиши кишварҳои фотеҳ мустақар гардид.
2. Деворро Олмони Шарқӣ бунёд кард, чун мардум бо мушоҳидаи низоми коммунистии ҳоким бар Олмони Шарқӣ аз ин кишвар фирор мекарданду кишвар холӣ мегашт. Зеро мардум ба чашми сар диданд, ки музди кору осоиши рӯзгор дар қисмати ғарбӣ бештар аст. “Роҳи наҷот”, ба андешаи маъмурони ҷаҳони сотсиалистӣ дар бастани марз буд. Муҷозоти касоне ки аз ин девор мехостанд гузаранду Олмони Шарқиро тарк кунанд, зиндонӣ гаштану ҳатто марг буд. Дар давоми 28 соли вуҷуди девори Берлин наздик ба 5 ҳазор тан бо роҳҳои гуногун (ҷаҳидану паридану нақб кандану ...) аз Олмони Шарқӣ ба Олмони Ғарбӣ фирор карданд. Дарозии девори Берлин 155 (1) километр буд.
3. Фурӯпошии деворе ки дар ҳар ду самти он мардум бо нафрат ба он менигаристанд, хеле иттифоқӣ ва ғайри барномарезишуда рух додааст. Соли 1989 (соли панҷуми сиёсати перестройка-бозсозӣ) Шӯравӣ аз Афғонистон комилан хориҷ шуд ва дар байни кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки низоми коммунистӣ доштанд, тамоюл ба самти Ғарб зиёд гардид. Робитаи ду Олмон низ бо ҳам наздик шуд. Рӯзи 9-уми ноябр шахсе бо номи Гунтер Шабовский ки масъули расонаву ахбор дар Ҳукумати Олмони Шарқӣ буд, дар посухи як рӯзноманигори хориҷӣ дар бораи боз шудани гузаргоҳҳои марзӣ ҷавобе дод, ки сабаби ҳуҷум овардани мардум ба назди ин девор шуд. Маъмурони нигаҳбони девор роҳе ҷуз боз кардани роҳи издиҳомро надоштанд. Ҳамин тавр девори Берлин ба таври ногаҳонӣ ва ғайри қобили пешбинӣ фурӯ рехт ....
4. Фурӯпошии девори Берлин мавҷе аз ҳамбастагиро дар Олмон эҷод кард ва заминраро барои иттиҳоди ду Олмон фароҳам сохт. Як сол пас аз фурӯпошии девори Берлин ҳар ду Олмон бо ҳам муттаҳид гаштанд. Дурусттараш Олмони шарқии коммунистӣ дар дохили Олмони Ғарбӣ идғом шуд. Дар давоми ду моҳи гуфтушуниди Олмони Шарқиву Ғарбӣ (август-сентябри соли 1990) қарор ба ин шуд, ки Олмони шарқӣ, ки вобастагии бештар ба Иттиҳоди Шӯравӣ дошт, ба Олмони Ғарбӣ, ки низомаш нисбат ба шарқӣ демократӣ буд, бипайвандад. Рӯзи 3-октябр ду кишвар расман муттаҳид гаштанд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи ваҳдати Омон ҷашн гирифта мешавад.
Бо фурӯпошии девори Берлин ва поёни “ҷанги сард” рақобату душмании кишварҳои санъатии ҷаҳон ва кӯшиши тавсеъаталабии онону тақсими нави ҷаҳон ба поён нарасид, ки ин мавзуи дигар аст....
Ду панди муҳим дорад ин таърих: яке он, ки барафроштани девори ҷудоиро мардумони олмонӣ намехостанд, вале он рӯз онҳо наметавонистанд сарнавишти худро ба дасти худ нависанд. Дигар он ки, ҳар истеъморе рӯзе поён меёбаду аз кишвари тасарруфкардааш меравад ва миллатҳои озодаи ҷаҳон рӯзи рафтани онро ҷашн мегиранду гиромӣ медоранд.
Устод Турсунзода дар достони машҳури худ ду байте дорад дар бораи ҳузури ноҳумоюни пири истеъмори ҷаҳон – Англия дар сарзамин Ҳинд, ки чунин аст:
Ҳукми вай имрӯз агарчӣ равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост...
Гарчӣ дусад сол дар ин хона монд,
Боз ба ин оила бегона монд.
Поянда бод рӯзи озодиву раҳоии ҳамаи миллали мазлуми ҷаҳон аз ҳузури номубораки ИСТЕЪМОР!
Аз саҳифаи Фейсбукии доктори илмҳои таърих, Сайфуллоҳ Муллоҷон