May 15, 2025

Рӯзи бузургдошти шоири тавонои порсигӯй Абулқосими Фирдавсӣ

Наёвардаву н-оварад рӯзгор,
Сухангӯ чу Фирдавсии номдор.
Агар хонӣ ӯро худои сухан,
Сазои вай асту сазои сухан!

Имрӯз 25-уми урдибиҳишт ва рӯзи бузургдошти шоири тавонои порсигӯй Абулқосими Фирдавсӣ аст. Мо шоирони бузург зиёд дорем вале ҳеч кас Фирдавсӣ нест. Дар китоби ӯ фазилатҳои бешуморӣ одамӣ, аз қабили мардӣ, некномӣ, хирадмандӣ, ойиндорӣ, ватандӯстӣ, беозорӣ мукаррар зикр шудаанд. Аммо шояд муҳимтарин нуктае ки Фирдавсӣ ҳамчун паём ба ворисон гузошта, ин ШАХСИЯТ шудан ва ШАХСИЯТ будани инсон аст, сарфи назар аз он ки ӯ дар кадом ҷойоҳ аст, кишоварзи хокпош аст ё вазири шоҳаншоҳ. Чизе ки душвор аст, шудан, ҳамин ШАХСИЯТ будан аст. Касонеро дар ин умри панҷоҳу анд сола дидем, ки ҳамаи вазифаҳои баланду унвонҳои сутургро соҳиб шуданд, вале ҳеч гоҳ шахсият нашуданд (Оҳ, чӣ қадр аз дидану бархурд бо чунин касон мардумон дар ранҷанд!!!) Зеро бар панҷ асле ки Фирдавсӣ онро барои шахсият шудан, зарур шумурда, пойбанд набуданд, аз ин панҷ агар яке ҳам набошад, дар фароянди шахсият шудани инсон латма ворид мекунад. Инак, ин панҷ фазилат ва шоҳиди маъноӣ аз шоири тавонои мо, ки раҳмати Ҳаққ ба хоки покаш бод:

1. Хирадмандӣ. Ҳеч фазилате болотар аз хирадмандӣ нест ва хирад гавҳари зиндагисту касе онро пайдо карда, дар ду ҷаҳон растагор аст. Хирадманд машғул ба худ аст ва камтар ба айби дигарон мепардозад.

Хирад бояд андар сари марди кор,
Ки тезию тундӣ наёяд ба кор.

2. Фарҳанг. Хираду фарҳанг бо ҳам вобастаанд ва ҳар кас хирад ёфт, дунболи фарҳанг мегардад. Маҳз фарҳанг моро расми зиндагӣ меомӯзад ва инсониятро мешукуфонад.

Гуҳар бе ҳунар зору хору асту суст,
Ба фарҳанг бошад равон тандуруст.

3-4. Беозорӣ ва ростӣ. Касе дар ин ҷаҳон растагор аст, ки дар фикри озори касон набошад, беозор зарурат ба дурӯғ гуфтан ҳам надорад. Як мардумозор, ки мешиносам, ҳамин дирӯз дар амре хайре халал ворид кард ва субҳи имрӯз пӯзиш хосту кирдори худро натиҷаи машварати як дад номид. Ҳам озор расонд ва ҳам дурӯғ гуфт. Фирдавсии покзод дар як байт ин ду маъниро чунин тавсиф кардааст:

Набояд зи гетӣ туро ёр ҷуст,
Беозориву ростӣ ёри туст!

5. Номи нек. Инсоне ки ба ҳар қиммате зиндагӣ мекунад, ҳеч гоҳ номи нек нахоҳад бурд, шиори ӯ “хоҳӣ нашавӣ русво ҳамранги ҷамоат шав” аст. Инчунинон ҷисман зиндаанд, касе дар зиндагӣ номашон ба некӣ набарад, чӣ монад ба марг. Чунинҳо бо дод кардану сухан аз дод гуфтан бегонаанд

Ҷуз аз некномиву фарҳангу дод,
Зи кирдори гетӣ нагиред ёд.

Аз саҳифаи фейсбукии Сайфуллоҳ Муллоҷон