September 30, 2025

Муллои Рум

Чанд иқтибос аз китоби "Бо корвони ҳулла"-и Абдулҳусайни Зарринкӯб

Вақте най ҳикояти худро ба забони шеър мегӯяд, ҳар касе аз вай қиссаи дигар мениюшад. Лермунтуф (Лермонтов) - шоири рус дар ин овози ғамолуд достони духтари ранҷкашидаро мешунавад ва Мавлавӣ - орифи бузурги мо саргузашти рӯҳи дардмандеро, ки аз найистони ҷонҳо ҷудо мондааст. Достони Лермунтуф чунон ки аз хулқу хӯи Печорин (Pechorin) интизор меравад, қиссаи ҳавасҳои ҷисмонист, аммо саргузашти Мавлавӣ, чунон ки иқтизои андешаи як орифи огоҳ аст, ҳикояти дардҳои фалсафист. Албатта, ин ҳикояти най, ки рози нуҳуфтаи худро дар навои хеш фош мекунад, фарҷому саргузашти ҳикояти тозае нест. Ҳам достони Искандар ва шохҳои афсонаии у як намунаи он аст ва ҳам достони Мидос (Midas), ки худ шояд маъхази достони мансуб ба Искандар аст. Аз он гузашта, дар афсонаҳои қадими Юнон достони Пон (Pan) низ аз ин ҳикоят нишон дорад. Чунон ки қиссаи Лермунтуф шояд нишонаест аз он сурат, ки ин хикоят дар достонхои омиёнаи ислов (славянӣ) ёфтааст. Дар ин достон нолаи най забони ҳоли як духтари зебоест, ки аз дасти зани бобо ситамҳо кашидааст. Саранҷом писари нобакори ин зани бобост, ки ӯро танҳо ба биёбон мебарад ва чун омодаи таслим ба шаҳватҳои хеш намебинадаш, мекушадаш ва даруни чоҳаш меандозад, Аммо аз хуни у най мерӯяд ва нолаҳои зори ӯ ин ҳикояти бедоду фиребро барои як моҳигири бехиёл баён мекунад.

***

«Маснавӣ» албатта, китоби таълим аст: таълими тариқат барои найл ба ҳақиқат. Аммо назди Мавлавӣ шариат низ аз гузаргоҳи тариқат дур нест, аз ин рӯ, аҷаб нест ки шоир гоҳ дар ҷустуҷӯи ҳақиқат шеваи аҳли шариатро пеш гирад. Дуруст аст, ки «Маснавӣ» сухани аҳли ҷидолу калом нест, аммо шоир дар он мисли аҳли калом дар исботи ақоиду орои аҳли шариат эҳтимом дорад, бо ин ҳама мисли аҳли калом нест, ки танҳо як мазҳабу як андешаро ҳаққу дуруст бидонад. Кашмакаши мутакаллимонро низ аз мақулаи низоъҳои кӯдакона мешуморад, монанди низоъи он чаҳор касе, ки барои хотири ангур ба ҳам дарафтода буданд ва ихтилофи забон онҳоро аз иттиҳоди мақсад боздошта буд...

***

Дунёе ки васфи он дар «Маснавӣ» омадааст дунёи рӯҳ аст. Дунёест ки дар он ҳама чиз ҳаёт дорад, ҳама чиз самеъу басир аст. Ҳам ҳаёҳӯи хомӯши абру насимро дар он метавон шунид ва ҳам садои нафаси гулу гиёҳро метавон эҳсос кард. Дар ин дунё ҳеҷ чиз гунгу хомӯш нест. Ҳама чиз бо касе, ки ҷонаш рози ошност, ҳарф мезанад. Най аз дарди дил шиква сар мекунад; об бо олудагон сухан мегӯяд; оташ ҷуҳуди бедодгарро сарзаниш мекунад; кӯҳи Қоф бо Зулқарнайн аз асрори азамат ҳикоят мекунад; шикофи хона бо соҳиби хона ҳарф мезанад; сутуни санги аз дурии Пайғамбар ба нола дармеояд; тути кори поконро аз худ қиёс мегирад ва монанди ҳамаи мантиқиён ки фирефтаи қиёс мешаванд, хато меравад; шағол дар хуми ранг меравад ва даъвои товусӣ мекунад, аммо ҳангоми имтиҳон аз ин иддаои носавоб хиҷил мешавад ва хору беравнақ аз пеши чашми хонанда мегурезад; боз дар миёни ҷуғдону оҳу дар истабл(огил)-и харон аз нишастан бар бозуи шоҳ ва давидан дар дашти фарох ёд мекунанд ва андӯҳу норизоии орифи соҳибдилеро, ки дар миёни ҷуҳҳол (ҷоҳилон)-и моддапараст гирифтор шудаанд, таҷассум медиҳанд; хар бо он ки саранҷом, чунон ки иқтизои харист, дар доми фиреби рӯбоҳ меафтад, ба қадре дар маънии таваккулу ризо таҳқиқу мӯшикофӣ мекунад, ки дарозгӯши ҳушёри Ҳугу (Гюго)-ро ҳангоми баҳсу мунозира бо Конт (Кант/Кant) - файласуфи олмони ба хотир меоварад ва хонандаро аз нуктасанҷии худ ва қареҳаи шоир дучори эъҷоб мекунад.

***

Мавлавӣ на файласуф аст, на шоир. Ҳам фалсафаро таҳқир мекунад ва ҳам бар фалсафа метозад. Чунон ки қофияандеширо абас мешуморад ва аз дасти муфтаъилун муфтаъилун низ шикоят мекунад. Бо ин хама шӯри ишқ ӯро ҳам фалсафӣ кардааст, ҳам шоир. Шеър мегӯяд ва дар он на ҳамон ҳаяҷонҳои рӯҳонии хеш, балки андешаҳои фалсафии худро низ баён мекунад.

***

Алоқа ба табиат дар сухани ӯ ҷилваи хос дорад. Аз баҳору хазон, аз обу бод, аз хоку дона, аз мурғу мӯр дар «Маснавӣ»-и хеш ёд мекунад. Рангҳову найрангҳои ҷаҳонро мешикофад ва ҳатто коргоҳи адамро рангомезӣ мекунад, табиатро ҷилвагоҳи Худо мебинад ва ҳатто гоҳ ҷуз Худо ҳеҷ чизи дигар дар саросари коинот намебинад. Ин андеша аз истиғроқи ӯ дар вуҷуди Ҳак ҳикоят дорад. Ҳамин истиғроқ аст, ки вуҷуди ӯро аз ишқ, аз ишқи инсони ва илоҳӣ пур мекунад ва дар амвоҷи фурӯғи ваҳдат ғарк медорад. Ин фикри ваҳдат, ки дар баёни ӯ ҳаст, мисли фикри Ибни Арабӣ назарӣ нест, амрест завқиву шуҳудӣ, ки махсуси худи ӯст. Он чи вай баён мекунад, эҳсосу кашфи иттиҳоду иттисоли инсон аст бо ҳамаи коинот, ки дар тайи он ориф ҷуз вуҷуди ҳак ҳеҷ чиз намебинад. Ҷилваи Ҳак девораи вуҷуди халқро мисли сангҳои Тур (номи кӯҳ) фуру мерезад ва аз байн мебарад. Дар мақоми фано, он ҷо ки най аз вуҷуди худ тиҳӣ мешавад, айни нойе мешавад, ҳиҷоби касрату ваҳдат бардошта мешавад ва мисли як оҳани тафтае, ки ҷуз оташ номи дигар надорад, вай низ айни Ҳак мешавад ва аз ҳастии ӯ нишоне боқӣ намемонад. Бад-ин гуна, Мавлавӣ ҳарчанд аз роҳи кашфу шуҳуд ба фикри ваҳдат мерасад, аммо ваҳдати ӯ чунон нест, ки фосилаи байни инсону Худоро пур кунад. Агарчи вай низ ҷуз як вуҷуд чизи дигаре дар ин роҳ намебинад, аммо намехоҳад, ки ин андеша ӯро ба бунбасти ҷабри мутлақ ва суқути такаллуф бикашонад. Ва аз ин ҷост ки роҳи вай аз Испинузо (Спиноза/Spinoza) ва ҳатто Ибни Арабӣ ҷудо мешавад ва дар вай тариқат бо шариат ҳамқадам мегардад.

Боре, таълими Мавлавӣ, ки дар «Маснавӣ» аз забони най баён мешавад ва дар «Фиҳи мо фиҳӣ» ва «Маҷолис» ва ҳатто гоҳ дар ғазалиёт низ ҷилваҳое аз он ҳаст, дар ҳавсалаи талхис намеғунҷад. Ба эътикоди вай инсон мабдаъ ва асле дорад, ки маншаи ваҳдату иттиҳод аст ва вай дар ин дунёе, ки олами касрату ихтилоф аст, аз асли хеш ҷудо мондааст. Тамоми сайру ҳаракати мустамир(ҳамешагӣ)-и ӯ низ ғояташ он аст, ки бори дигар ба «асл»-и хеш бозгардад. Ин талаби васл, ки ҷуз талаби асл нест, ғояти сайру сулуки ориф аст. Роҳи найл бад-он ҳам тамассук (чанг задан) ба шариат ва сайр дар тариқат аст, то найл ба ҳақиқат, ки ҳадафи васл ҳамон аст, ҳосил ояд. Аз ин рӯ, Мавлавӣ ба шариат, ки василаи таҳзибу риёзати нафс аст, аҳамияти хос медиҳад. На тарки шариат ва таслим ба тундравиҳои сӯфиёнро тавсия мекунад ва на гароиш ба фақру узлату раҳбониятро таблиғ менамояд. Марди комилро касе медонад ки ҷомеъи сурату маънӣ бошад. Аз зиндагиву зебоиҳои он низ худро маҳрум накунад ва ҳатто вуҷуди зану фарзандро низ ҳиҷоби роҳ нашиносад. Дуруст мисли як мутакаллим, аммо ба кӯмаки қиёсати тамсиливу ташбеҳоти шоирона дар исботу таъйиди мабониву таъолими “Қуръон” ва аҳли шариат эҳтимом меварзад ва қазоёе монанди ҳақиқати тавҳид, воқеияти рӯҳ, кайфияти ҳашру нашр ва ҳудуди ҷабру ихтиёрро мувофиқи мазоқи аҳли шариат табйин мекунад. Бо ин ки ҳама ҷавҳари шариату тариқатро иборат аз ишқ медонад ва муҳаббатро, ки сабаби тазкия (покӣ)-ву тарбияти дил аст, муассиртарин омил дар таҳзиби нафс мепиндорад ва муҳимтарин василаро барои найл ба меъроҷи кашфи ҳақиқат аст ишқ мешуморад. Аммо ин ишқро, ки дар воқеъ давои ҷумла иллатҳои мост ва бе он махсусан иллати башарият аз байн намеравад зодаи кашиши маъшуқ медонад ва ҷазбаи Ҳақро барои ин роҳ шарт мешиносад. Бо ин ҳама ишқро хоҳ инсарӣ бошад ва хоҳ онсарӣ ба ҳақиқат, ки дар он рангу дурангӣ ва ҷангу ситезро ҷой нест, мунтаҳӣ мешуморад ва ин маъониро шоир ба кӯмаки ҳикоёту тамсилоти латифқ ҷолиб дар “Маснавӣ” баён мекунад.