January 15

ШАБИ МЕЪРОҶ

"Шаби меъроҷ" дар адабиёти динии мо шаби болоравӣ ва уруҷ ба осмонҳост. Шабест, ки ҳазрати Муҳаммад (с) аз Макка ба Байтулмуқаддас ва аз онҷо ба осмонҳо сафар кард.

Сафари хидматӣ.

Сафаре, ки баъди азобу ранҷи фаровон дар адои рисолат ва таблиғи амонат, ба он бузургвор ҳадя шуд.

Сафаре, ки ба сӯйи оянда буд.

Дар он сафар, Ҳазрати Рисолатпаноҳ савори саманди вақту замон шуда, ба осмонҳову оянда рафт.

Моҷароҳои зиёде бар ӯ гузашт.

Паямбар (с) намози муштараке дар Байтулмуқаддас, ҳамроҳи анбиё, бо имоматии худ гузошт.

Дар истиқбол, барояш ҷоми майу ҷоми шир доданд. Он бузургвор қадаҳи шир бардошту ҷоми шароб фурӯ гузошт.

Ҳафт осмонро гашту бо паёмбарони қабл аз худ мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.

Роҳбаладаш дар он сафар ҳазрати Ҷабраил - фариштаи ваҳй буд:

"Пой пуробила Ҷибрилу Ту чобуксаворӣ".

Дар рафти он сафар ҳазрати Муҳаммад (с) бо биҳишту дузах, азобу ранҷи дузахиёну неъмату роҳати биҳиштиён ошно шуд.

Достонҳои бисёр пурдаҳшат ва ҳам бисёр ширин аз он шаб нақл намудааст, ки дар кутуби ривоёт дарҷ аст.

Нуқтаи атфи меъроҷи Пайғамбар, мулоқот бо ҳазрати Худованд аст.

Вақте ҳамроҳ бо роҳбаладаш то нуқтае бо номи "Сидратул мунтаҳо" расид, Ҷабраил истод ва Муҳаммад по пеш ниҳод.

Ӯ мехост фариштаи паёмрасон ҳамроҳияш кунад, аммо Ҷабраил гуфт агар як қадами дигар ҷилавтар ниҳам бисузад болу парам.

Аз он нуқта ба баъд, Паёмбар ба танҳоӣ қадам ниҳоду ба мулоқоти ҳазрати Ҳақ шитофт.

Овардаанд, ки дар он мулоқот ҳазрати Муҳаммад (с) чеҳраи гирифтаву ғамгине дошт.

Ҳазрати Ҳақ аз ӯ пурсид, ки чӣ шуда? Чаро ғамгинӣ?

Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфт, ки нигарони умматонам ҳастам.

Гуфт чаро?

Гуфт: Эй Рабби вадуд умматони ман заъифанд.

Ҳазрати Худованд ба Паёмбари ноздонааш гуфт: Онҳо агар заъифанд, Паёмбаре шариф доранду Раббе Латиф.

Миёни ошиқу маъшуқ рамзест,

Киром-ул-котибинро ҳам хабар нест.

Шаби меъроҷ ҳодисаи бисёр ҷаззобе барои бузургони мо будааст. Дар адабиёти классики порсӣ-тоҷикӣ ашъори зарифу маҳине дар баёни нукоту паҳлуҳои мухталифи он зикр шудааст.

Адабиёти муосири мо ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ накард, ки албатта далелҳои худро дорад.

Мегӯянд, ки оқои Данте Алегрӣ китоби дунёларзони "Комедияи илоҳӣ"-и худро ба илҳом аз ҳамин шаб эҷод кардааст.

Бузургони дину адаби мову тозиён: Боязиди Бастомӣ, Ибни Арабӣ, Аттор, Саноӣ, Низомӣ барои мисол, бо илҳомгирӣ аз иттифоқоти шаби меъроҷи ҳазрати Муҳаммад (с) осору ашъори мондагоре бо таълимоти нағзу пурмағзе эҷод кардаанд.

Саъди Ворисов

Аз муосирони ҳамзабони мо Аллома Иқболи Лоҳурӣ асаре бар ҳамон тартиби меъроҷ офарида: "Ҷовиднома".

Мегӯянд дар оғоз, Иқболи Лоҳурӣ номи ин асарашро "Меъроҷнома" гузошта буд.

Яке аз бузургони тасаввуф бо ишора ба мулоқоти Пайғамбар (с) бо Худо мегӯяд, ки агар ман то онҷо мерасидам ҳаргиз барнамегаштам.

Иқболи Лоҳурӣ аммо дар асари худ, уруҷ ба осмонҳо намуда, боз ба замин бармегардад. Ба бовари ӯ сайри такомулии инсон ба осмонҳо, бояд ба дарди зиндагии ин ҷаҳон низ бихурад:

Аз шуъур аст ин ки гӯӣ назду дур,

Чист меъроҷ? Инқилоб андар шуъур.

Инқилоб андар шуъур аз ҷазбу шавқ,

Во раҳонад ҷазбу шавқ аз таҳту фавқ.

Ин бадан бо ҷони мо анбоз нест,

Мушти хоке монеъи парвоз нест.


P.S: Аз саҳифаи фейсбуки Саъди Ворисов