April 21, 2025

ШОҲОН АЗ БАҲРИ ПОСИ РАЪИЯТАНД ВА РАЪИЯТ ПОСДОРИ БЕМИННАТИ КИШВАР!

(Бахшида ба Рӯзи бузургдошти Шайх Саъдии Шероз)

Дар ду шоҳкори бехазони Саъдӣ – дар «Гулистон»-у дар «Бӯстон» таваҷҷуҳ ба кишвардорӣ, ахлоқи подшоҳӣ, риояти адабу адолату адлу инсоф аз сӯи ҳокимон ва нопойдории зулму заҷру ситами кишвардорон ҳар гоҳе таъкид шудааст. Ба вижа, дар «Гулистон» аз шоҳон ёдоварӣ мешавад, ки дар канорашон дарвешон сояи раҳмат доранд ва ё бо васфи дарвешон зангула ба подшоҳон мезанад, ки хайру хайрхоҳиро нисбати мардумон аз ёд набаранд. Ва дар шароите, ки чунин итобу хитоб ба ҳуккоми замон мисле бозӣ ба оташро мемонд, Саъдӣ бо ҷасорату ҷуръати тамом мегӯяд, ки сиришти ман раводори ситоиши подшоҳон нест ва андешаи мадҳи ононро надорам:

Маро табъ аз ин навъ хоҳон набуд,

Сари мидҳати подшоҳон набуд.

Вале назм кардам ба номи фулон,

Магар боз гӯянд соҳибдилон,

Ки Саъдӣ, ки гуйи балоғат рубуд,

Дар айёми Бубакри бин(н) Саъд буд.

Аммо, ин орифи адолаткеш, бино бар риволи адабии замон, «Бӯстон»-у «Гулистон»-ро ба атобакони Шероз, ки дар сарзамини Форс ҳукумат меронданд, тақдим медорад. Дар ин ду равзаи ҳамешабаҳор ӯ аз сурату сирати подшоҳон ҳадису ҳикмат меорад, аз рӯзгори дарвешон сухан мекунад.

Шоҳону амирони мавриди тасвири Саъдӣ ҳар фирқаанд: оқилу боандеша, хирадкешу некандеш, золиму саффок, бадмасту айёш ва кавдани беандеша. Аммо адиби мумтози мо аз пайи ин марому аҳдоф аст: ба худ овардани сарону саркардагон дар кори кишвардорӣ, риояти адолат дар мулкдорӣ, посдошти ҳаққу ҳуқуқи раъияти кишвар, эъмори як иқлими маъмуру ободон бо таъмини осоишу хушнудии мардумон. Шайхи Шероз аз нодирадибонест, ки бидуни тамаллуқ ва ғулувву иғроқ ҳуккоми даврро дар қабои мадҳ панди воло медиҳад, ки ҳону ҳон, агар шоҳӣ, аммо муҳтоҷтар аз дарвешӣ. Андешаҳои бикри Саъдӣ дар ин замина гоҳ дар риштаии танз мепечанд, гоҳе ҳам панди зарифе зевари аруси ҳикматаш мегардад ва ӯ гоҳ чун адибу омӯзгори ҳаким чӣ шоҳу чӣ вазирро ки дар умури корӣ хатокору дағалбозанд, танбеҳи ҷиддӣ медиҳад. Саъдӣ ҳамчун бузургтарин ҷомеъашинос пояи устувору муҳками ҳар давлату ҳукуматро дар барпоию дастгирии раъияти якдилу якмаром дидааст. Ба ин маънӣ дар «Бӯстон» гӯяд:

Раъийят чу беханду султон дарахт,

Дарахт, ай писар, бошад аз бех сахт!..

Муруре кунем кӯтоҳ ба «Гулистон» сирати шоҳону симои дарвешонро дар се пайт: дар як дарича кибру нахват маҳкум аст ва ҷое ҳам дари Биҳишту раҳмат боз, дар сарочаи сеюм – ҳарами шоҳӣ, ҷамоли Лайлию ғавғои салотини тозӣ.

I. ПОДШОҲ ВА ДАРВЕШ

(аз боби аввал, ҳикояти 28)

Дарвеше муҷаррад ба гӯшае нишаста буд. Подшоҳе бар ӯ бигузашт. Дарвеш аз он ҷо, ки фароғи мулки қаноъат аст, сар барнаёварду илтифот накард. Султон аз он ҷо, ки сатвати салтанат аст, биранҷиду гуфт:

– Ин тоифаи хирқапӯшон амсоли ҳайвонанд ва аҳлийяту одамийят надоранд!

Вазир наздикаш омаду гуфт:

– Эй ҷавонмард, султони рӯйи замин бар ту гузар кард, чиро хидмате накардиву шарти адаб ба ҷой наёвардӣ?

Гуфт:

– Султонро бигӯй, таваққуъи хидмат аз касе дор, ки таваққуъи неъмат аз ту дорад! Ва дигар бидон, ки мулук аз баҳри поси раъийятанд, на раъийят аз баҳри тоъати мулук!

Подшаҳ посбони дарвеш аст,

Гарчи ромиш ба фарри давлати ӯст.

Гӯспанд аз барои чӯпон нест,

Балки чӯпон барои хидмати ӯст!

**

Яке имрӯз комрон бинӣ,

Дигареро дил аз муҷоҳада реш.

Рӯзаке чанд бош, то бихурад

Хок мағзи сари хаёландеш.

Фарқи шоҳию бандагӣ бархост,

Чун қазои нибишта омад пеш.

Гар касе хоки мурда боз кунад,

Нанамояд тавонгару дарвеш!

Маликро гуфти дарвеш устувор омад. Гуфт:

– Аз ман таманно бикун.

Гуфт:

– Он ҳамехоҳам, ки дигарбора заҳмати ман надиҳӣ!

Гуфт:

– Маро панде бидеҳ.

Гуфт:

Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст,

К-ин давлату мулк меравад дастбадаст.

Луғат:

дарвеш: ин ҷо ба маънои ориф, суфӣ;

муҷаррад: вораста аз ҳавасҳои дунёӣ;

аз он ҷо, ки фароғи мулки қаноъат аст: фароғ: осудагӣ; Яъне дарвеш ба он сабаби осудаагӣ аз қаноъат (аз ҷаҳони ҳирсу озу тамаъу ҳавасҳо рӯ гардонда), дар мулки ризову сабру қаноъат хушнуд аст;

сар бар наёварду илтифот накард: сари хеш боло накарду аҳаммият надод, таваҷҷуҳ накард;

сатват: хашму шавкату шукӯҳ, қаҳр, ғалаба, виқор; Яъне султон намоди шукуҳу шавкат ва виқору қаҳри ҳукумат аст.

тоифаи хирқапӯшон: гурӯҳи дарвешон (суфиён);

пос: нигаҳдошт, нигаҳбонӣ, ҳурмат.

тоъат: фармонбурдорӣ, бандагӣ, ибодат.

Паёми ҳикоят:

Тасвири Саъдӣ то ҷое ёдовари муколамаи Буқроти ҳаким бо Искандари ҷаҳонкушой аст дар «Ҳадиқату-л-ҳақиқа»-и Саноии Ғазнавӣ. Дар ин саҳна ҳам подшоҳе раҳгузар ба дарвеше вораста рӯбарӯ меояд. Табъан шоҳро фавҷи надиму чокару сарбоз бо аспу астари зеваророста бадрақаанд ва дигарон дастафшону мадҳхонон, ин мафхари замонро васф доранд. Дарвеш, оё сарпаноҳе дошта бошад ё на, ё магар дар кулбааш ҷуз ним бурёву қурсе нони хушк чизе наанбошта, аммо дар равзаи мулки ризову қаноъат ва хушнуд аз бандагии Илоҳӣ нишастааст. Султони раҳгузар – бандаи виқору хашму ғавғову худбинӣ, аз он ки дарвеше хокнишин ба ӯ нигоҳ накардааст, дар худ мепечаду тираву хира мешавад. Воқиъан, онон, ки ғанитаранд, муҳтоҷтаранд! Ин хазинаву дафина ва ин таҷаммулу шавкат ҳамоно оташи кибрашонро фурӯкаш накардааст. Аз он ки ҳама васоили рифоҳашон муҳайё, бо силсилаи шаҳрёру шаҳбонуҳошон дар боргоҳи маишату амирии сарвату мукнатанд, ҳамчунон тавққуъ доранд, ки ҳамаву ҳама кас баробари ҷоҳу ҷалолашон, ки ҳосил аз ғасбу ғорати мардум аст, бо оҷизию фурӯтанӣ биистад, чокарона таъзим ба ҷой оварад, дастбӯсишон кунад, дар роҳравшон гул нисор кунаду хоки қадмаҳошонро тутиё созад! Аз ин рӯ, шоҳ аз сари хашм ба вазир мегӯяд: ин гурӯҳи пашминапӯшон (дарвешони нодору жӯлидаву ҳақир) чун чорпоёнанд, ки шоистагию одамияте надоранд.

Ва вазир, ки маҳз чунин бистари ғуруру нахватро ӯву вазирону надимону мушовирону муфтиёни маддоҳи дарборӣ барояш густардаанд, рӯ ба дарвеш меорад, ки чиро русуми одоби хидматгузорӣ дар назди шоҳро ба ҷо наёвардӣ?

Дарвеш бо хӯйи озодагии хеш ҳамчунон назар ба шоҳи муъаззам намекунад ва ба вазир мегӯяд: шоҳ вазифаи ҳимоят ва нигаҳбонӣ аз раъиятро дорад, на ин ки раъият дар ихтиёри бандаи шоҳ! Ба султон бигӯй, ки аз касе умеди хидмату таъзим дошта бош, ки аз ту интизори молу пул дошта бошад!

Ин ҷо киноя аз он, ки ҳама хидматҳо дар назди шоҳ дурӯғинанду риёкорона ва танҳо аз баҳри тамаъи молу сарвату мансабанд. Нуктаи дувум дар ин муколама (дар гуфтори шоҳ мебинем): шоҳон мехоҳанд, ҳама зердастон дар рӯбарӯяшон бо пушти дуто истода бошанд, яъне ормону мароми шоҳон намоиш додани бартарии худ аз дигарон аст, на хидматгузорӣ ба мардумон!

Бад-ин гуна, манзараҳое дар ин достони кӯтоҳ аз муҳити иҷтимоъии Шайх Саъдӣ бозтоб шуда: яке дарвешӣ, ки ин ҷо мурод ҳам суфии ҳақиқӣ ҳаст ва ҳам саффи мардони дарроҳуфтодаи бебизоат, ки аз фарти бехирадии чунин шоҳони ғофил ба ин рӯз расидаанд. Саъдӣ дарвеше муҷаррад (ҳақиқӣ)-ро, ки фароғи мулки қаноъат аст, бо султони худбини кареҳназар муқобил мегузорад. Ин фақири нодор орӣ аз тамаъу дурӯғу риё ва дар чунин мулки озодагӣ танҳо ба ибодати Худованди Якто хушнуд аст, на аз шукуҳи намоиши савлати шоҳ! Ва дигар – шоҳ сатвати салтанат асту дар банди виқору ғурур Офаридгорро фаромуш кардааст ва фақри раъияти худро ба масхара мегирад, бо лоқайдӣ ҳатто ба дарвеши муттақии беозор дуруштӣ раво медорад. Дар ҳоле ки фазои мулки озодагӣ дарвешро ба мартабаи одамият расонида, ки парвое аз ин олами нафсонӣ ва аз ин шоҳи ғарра ба тахту қаср надорад. Дарвеш бо фарҳехтагӣ рӯ ба вазиру хитоб ба шоҳ, таъкид мекунад, ки маҳз шоҳонро мебояд, ки раъияти хешро эҳтиром кунанду шарафу номуси онҳоро ҳифз! На ин ки раъият дар баробари шоҳ чун рамаи чорпоён маҳруму оҷизу сархам бошад!

Маҳаки аслии паёми ҳикоят пеш аз ҳама қаноъат аст, ки дар ҳар табақа боиси бениёзию озодагии инсон мегардад ва ҳамчунин посдории ҳайсияту шарафи мардумон дар ҷомеъа вазифаи аслии шоҳ дониста мешавад. Панди дарвеш ба шоҳ дар поёни достон низ ҳакимона аст: ҳоло, ки соҳибнеъматӣ, фурсатро ғанимат шумору дар роҳи хайру некукорӣ қадам бардор, ки ин ҷоҳу сарвату савлатат ҷовид нест, аз дасте ба дасте даргузар аст...


II. ПОДШОҲИ РАСТАГОР ВА ПОРСОИ ДӮЗАХӢ

(боби дувум, ҳикояти16)

Яке аз ҷумлаи солеҳон ба хоб дид подшоҳеро дар Биҳишт ва порсое дар Дӯзах. Пурсид, ки муҷиби дараҷоти ин чист ва сабаби даракоти он, ки мардум ба хилофи ин муътақид буданд?

Нидо омад, ки ин подшаҳ ба иродати дарвешон ба Биҳишт андар аст ва ин порсо ба тақарруби подшоҳон дар Дӯзах.

Далқат ба чӣ кор ояду мисҳиву мураққаъ,

Худро зи амалҳои накуҳида барӣ дор!

Ҳоҷат ба кулоҳи баракӣ доштанат нест,

Дарвешсифат бошу кулоҳи татарӣ дор!

дараҷот: ин ҷо ба маънои пойгоҳҳои биҳиштӣ;

даракот: табақоти пойини Дӯзах;

иродат: хоста, хоста, хостаи нек; ҳавохоҳӣ;

тақарруб: наздикӣ ҷустан;

далқ: ҷомаи ашмини суфиён; хирқа;

мисҳӣ: ҷомаи зибру хашин,

мураққааъ: либоси пора-пораи васладори суфиён;

баракӣ: бофтае аз пашми уштур;

татарӣ: тоторӣ, муғулӣ.

Паёми ҳикоят:

Дар ин ҳикояти кӯтоҳ як солеҳ ва подшоҳеву порсое дар қиболи ҳам омадаанд ва зоҳиран таъкиди тунди Саъдӣ дарбориёнрост, ки дар тан ҷомаи порсоӣ, бозори фисқу фасодро пиромуни шоҳ гарм мегиранду дар поёни кор ҳезумкаши Дӯзах мегарданд. Ҷумлаи ахири ҳикоят: «ин подшаҳ ба иродати дарвешон ба Биҳишт андар аст...» баргирифта аз ин ҳадис аст: «Беҳтарини амирон касест, ки бо донишмандон ҳамнишинӣ кунад ва бадтарини донишманд он аст, ки бо амирон муъошарат намояд». Ва низ навиштаанд: «Хушо амире, ки ба хонаи дарвеш равад ва бадо ба ҳоли дарвеше, ки ба даргоҳи амир ояд…». Дар баъзе китобҳо ин иборат ба унвони ҳадис забт шуда…

Ба ҳар ҳол, он чӣ аз ҷумла бар меояд, метавон чунин бардошт кард, ки 1. кору корбурди подшоҳ мувофиқи иродати дарвешон (ё худ ҷамеъи мардумони кишвар) айни савоб аст; 2. подшоҳону ҳокимон ва дар умум давлатмардонро лозим аст, ки ба вижа, ба донишмандону порсоёну аҳли андеша таваҷҷуҳу ғамхорӣ дошта бошанд. Аз назари Саъдӣ дарвешӣ ба дастору далқпӯшӣ нест, набояд худро дарвешона намоиш дод, балки, ҳар кӣ иҷтиноб аз кори нописанд кунад, ҳатто бо кулоҳи тоторӣ бар сар, дар зумраи некон аст.

Дар ин ҳикоят подшоҳ дарвешсифат аст ва наҷотёфта, зеро таваҷҷуҳаш на ба савлату сарват, балки ба дарвешону раъият аст ва аммо порсо бо тамои порсоӣ ба дӯзах меравад.


III. МАЛИКИ АРАБ ВА МАҶНУН

(боби панҷум, ҳикояти 19)

Якеро аз мулуки араб ҳадиси Маҷнуни Лайлию шӯриши ҳоли ӯ бигуфтанд, ки бо камоли фазлу балоғат сар дар биёбон ниҳодаасту зимоми ақл аз даст дода.

Бифармудаш, то ҳозир оварданд ва маломат кардан гирифт, ки дар шарафи нафси инсон чӣ халал дидӣ, ки хӯйи баҳоим гирифтийу тарки ишрати мардум гуфтӣ?!

Гуфт:

Кош, к-онон, ки айби ман ҷустанд,

Рӯят, эй дилситон, бидидандӣ,

То ба ҷойи турунҷ дар назарат,

Бехабар дастҳо буридандӣ!

Маликро дар дил омад ҷамоли Лайлӣ мутолаъа кардан, то чӣ сурат аст, муҷиби чандин фитна. Бифармудаш талаб кардан. Дар аҳёи араб бигардиданду ба даст оварданд ва пеши малик дар саҳни сароча бидоштанд. Малик дар ҳайати ӯ назар кард. Шахсе дид, сияҳфоми борикандом. Дар назараш ҳақир омад. Ба ҳукми он, ки камтарини худдоми ҳарами ӯ ба ҷамол аз ӯ дар пеш буданду ба зинат беш! Маҷнун ба фиросат дарёфт, гуфт:

– Аз даричаи чашми Маҷнун бояд дар ҷамоли Лайлӣ назар кардан, то сирри мушоҳадаи ӯ бар ту таҷаллӣ кунад.

Тандурустонро набошад дарди реш,

Ҷуз ба ҳамдарде нагӯям дарди хеш.

Гуфтан аз занбӯр беҳосил бувад

Бо яке, дар умри худ нохӯрда неш!

То туро ҳоле набошад ҳамчу мо,

Ҳоли мо бошад туро афсона пеш.

Сӯзи ман бо дигаре нисбат макун,

Ӯ намак бар дасту ман бар узви реш!

Маҷнун: дар луғат ба маънои девонаву ҷунунзада;

шӯриш: ошуфтагӣ, парешонӣ;

зимоми ихтиёр сарриштаи иродаву интихоб;

шарафи нафси инсон: бузургвории вуҷуди одамӣ;

то ба ҷойи турунҷ: ишора ба достони ҳазрати Юсуф, ки занони Миср аз фарти зебоии Юсуф ба ҷойи турунҷ дасти худро буриданд;

аҳёъ: ҷамъи ҳайй; қабилаҳо;

саҳни сароча: миёни сарой ё хонаи андарунӣ; сароча: хонаи андарунӣ.

худдом: ҷамъи ходим, канизу чокар, хидматгорҳо

Дар боби ин ҳикоят

Саъдӣ дар адои паёми хеш ин ҷо ду тимсолро пеш меорад: яке малики Араб, сарвару сарпарасти як кишвар ва дигар Маҷнуни ошиқ, ки ӯ Қайс ном дорад ва бар бинои рафтори ҷунуномез «маҷнун» лақабаш додаанд, яъне девона! Аммо ин малик ба дарки зебоии Лайлӣ нарафтааст ва сурати зоҳирии ӯро мебинаду Маҷнунро зери бори маломат мегузорад. Дар поёни кор, посухе зебо аз Маҷнун мебишнавад, посухи як ҳушёри дарбадар бар бемағзи афсарбарсар!

Дар ин саҳна малик аз ишқ хабар надорад ва ҳамчунон аз анҷумани ҳарами худ – завҷаҳову канизҳояш меболад, ки ба ҳусну ҷамол бартар аз Лайлии сиёҳҷурдаанд. Дар пушти ҳодиса рӯшан нест, ки ин силсилаи завҷаву ин корвони канизу чокар аз куҷо ва бо чӣ тариқ орояи боргоҳи ин малик шудаанд! Аз ин рӯ, дар тасвири Саъдӣ зебоӣ аз манзари ошиқ маънӣ пайдо кардааст: иффати маъшуқ, ҳилму ҳаё, садоқату заковату дониш... Ин ишқи ҳақиқӣ аст, на суратпарастию шаҳватпарастӣ.

Аммо ин достони пуршӯр борҳо дар адаби форсӣ бозтоб ёфтааст. Инак намунаи нахуст аз Фаридуддини Аттор:

Гуфт Ҳорун: Ишқи Маҷнун мешунуд,

Он ҳавас ӯро чун Маҷнун даррубуд!

Хост, то дидори Лайлӣ бинад ӯ,

Пеши Лайлӣ як нафас биншинад ӯ.

Хост Лайлирову чун кардаш нигоҳ,

Саҳл омад рӯйи ӯ дар чашми шоҳ!

Хонд Маҷнунрову гуфт: «Эй бехабар,

Нест Лайлиро ҷамоле бештар!

Ту чунин масти ҷамоли ӯ шудӣ

В-аз ҷунунӣ дар ҷамоли ӯ шудӣ!

Тарки ӯ гиру мадораш низ дӯст,

З-он ки бар ҳар ним тарке сад чу ӯст!»

Гуфт: «Ту кай дидӣ он рухсорро?

Ишқи Маҷнун бояд он дилдорро!

Нест нуқсон дар ҷамоли он нигор.

Ҳаст нуқсон дар назар, эй шаҳрёр!

Гар ба чашми ман бибинӣ рӯйи ӯ,

Тутиё созӣ зи хоки кӯйи ӯ!»

(«Мусибатнома», 138 – 139).

Дар «Мақолот»-и Шамси Табрезӣ (с. 108) низ омадааст:

«Гуфт Ҳорунуррашид, ки ин Лайлиро биёваред, то ман бибинам, ки Маҷнун чунин шӯре аз ишқи ӯ дар дунё андохт ва аз Машриқ то Мағриб қиссаи ишқи ӯро ошиқон ойинаи худ сохтаанд!... Лайлиро биёварданд… Халифа… дар ӯ назар мекард соатеву соате сар пеш меандохт. Бо худ гуфт, ки дар суханаш дарорам, бошад ба воситаи сухан дар рӯйи ӯ он чиз зоҳиртар шавад. Рӯй ба Лайлӣ карду гуфт: «Лайлӣ туӣ?» Гуфт: «Бале, Лайлӣ манам; аммо Маҷнун ту нестӣ! Он чашм, ки дар сари Маҷнун аст, дар сари ту нест…» .

Маҷнунии Маҷнун аз назари Мавлоно ҳам дур намондааст:

Гуфт Лайлиро халифа, «К-он туӣ,

К-аз ту Маҷнун шуд парешону ғавӣ?

Аз дигар хубон ту афзун нестӣ!»

Гуфт: «Хомӯш, чун ту Маҷнун нестӣ!»

(«Маснавӣ», 1/26).

Аблаҳон гуфтанд Маҷнунро зи ҷаҳл,

Ҳусни Лайлӣ нест чандон ҳаст саҳл.

Беҳтар аз вай сад ҳазорон дилрубо

Ҳаст ҳамчун моҳ андар шаҳри мо!

Гуфт, сурат кӯза асту ҳусн май,

Май Худоям медиҳад аз нақши вай!

Мар шуморо сирка дод аз кӯзааш,

То набошад ишқи ӯтон гӯшкаш!

Кӯза мебинӣ, валекин он шароб

Рӯй нанмояд ба чашми носавоб!

(«Маснавӣ», 5/аз б. 3486...).

Ваҳшии Бофқӣ ҳам ҳикояти зерро гуфтааст, ки маъруф аст:

Ба Маҷнун гуфт рӯзе айбҷӯе,

Ки пайдо кун беҳ аз Лайлӣ накуе!

Ки Лайлӣ гарчи дар чашми ту ҳурест,

Ба ҳар ҷузве зи аъзояш қусурест!

Зи ҳарфи айбҷӯ Маҷнун барошуфт,

Дар он ошуфтагӣ хандон шуду гуфт:

«Агар дар дидаи Маҷнун нишинӣ,

Ба ғайр аз хубии Лайлӣ набинӣ!

Ту кай донӣ, ки Лайлӣ чун накуест,

К-аз ӯ чашмат ҳамин бар зулфу рӯест?!

Ту қад бинию Маҷнун ҷилваи ноз,

Ту чашму ӯ нигоҳи новакандоз!

Ту мӯ биниву Маҷнун печиши мӯ.

Ту абру, ӯ ишоратҳои абру!…»

(«Девон»-и Ваҳшӣ, 230)».

Дида мешавад, пурсишгари Маҷнун дар «Мақолот»-и Шамс ва «Мусибатнома»-и Аттор Ҳорунуррашид аст ва Мавлоно дар як ривоят халифа, дар як ҷойи дигар яке аз аблаҳон, дар «Гулистон» яке аз мулуки араб ва дар «Девони Ваҳшии Бофқӣ» айбҷӯе омада. Кӯтоҳтарини ривоятҳо аз Мавлоност дар дафтари аввал ва ҳикояти Саъдӣ тулонист. Аммо Шайхи Шероз ҳам дар навъи ривоят ва ҳам бо созу пардохти ҳунарӣ шигирди нобе ба намоиш гузоштааст; ӯ бо ҳунармандӣ достонҳои гузаштагонро бо либоси фохираи нав манзур мекунад. Аз ин рӯ, ин ҳикояти «Гулистон» муассиртар ва аз лиҳози ҳунарӣ зеботар таҷаллӣ ёфтааст (поёни матлаб).

Дуруд бар равони поки Саъдии қудсошён; Худованди Эронзамин, ки бонии ҷаҳонҳост, ин Кишвари моро бо ин гуфтору бо ин навиштори дуррфишони Саъдиёни сарфарозаш ҳофиз бод!

20. 04. 2025; ш. Душанбе.

Обид ШАКУРЗОДА