ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР ШИМОЛИ АФҒОНИСТОН. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ
Рӯзи душанбе, 21 июн, соати 19:00 гурўҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба Комиссариати сарҳадии «Шерхон-Бандар»-и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд, омадааст дар изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид.
Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад:
Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд.
Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд. Дар миёни ҳарбиёни ҶИА 4 нафар маҷрўҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дорад.
Вазъият дар хати сарҳади ҶТ ва ҶИА дар минтақаи мазкур мураккаб арзёбӣ гардида, теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбии афғон, ки аз дасти толибон дар Шерхон-Бандар захмиву кушта ё асир афтодаанд, то 100 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти тасдиқшуда, даҳ рўзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади ҶИА задухўрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дорад. Дар натиҷа вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти Толибон гузаштанд.