June 17, 2023

Табрикнома барои зодрузи падар

Падар эй чароғи хона! Марди дарё, марди дилҳо

Бо ту зиндагӣ боғе ҳаст,бе ту сарду зиндон.

Ҳарчи дорам аз ту дорам,туи баҳори орзуҳо.

Ҳанузам агар аз дастам нагири , меафтам аз по…

Падар таваллудат муборак!

Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем. Бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ҳамкоронатон «Ном» ва «Ном»