November 4

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲИЯ ВА ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз аввалин рузҳои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба гардишҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардид, ки заминаҳои воқеии рушди батадриҷи мамлакат, сулҳу субот ва амнияту осоииштагии истиқлолро халалпазир гардонид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист баҳри ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ ва пойдору бегазанд нигоҳ доштани истиқлоли давлатӣ ҷиҳати қабули Конститутсияи нави мамлакат ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ талош намояд. Дар ин санади муҳимми сарнавиштсоз ҳама арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили озодии инсон, хуқуқи шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.

Маълум аст, ки дар таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазми Пешвои миллат беназир аст. Маҳз иродаи қавии сиёсии роҳбари давлат дар шароити бисёр мушкили сиёсӣ имкон дод, ки қувваҳои сиёсии гуногуни мавҷуда дар кишвар ба созиш омада, муҳимтарин меъёрҳо аз қабили мардумсолорӣ ва демократия ба сифати принсипҳои асосӣ дар Конститутсия мақоми хоси худро пайдо намоянд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мустаҳкам баҳри инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа буд, ки механизми ҳокимияти давлатиро ба шохаҳо тақсим намуда, салоҳияту ваколати ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судиро ба таври мушаххас ва возеҳ муайян намуд. Дар ин замина дар минбаъда дар мамлакат низоми комилан нави парламентаризми дупалатагӣ ташаккул ёфт, ки баҳри тақвият ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ шароити мусоидро фароҳам овард.

Ҳамин тариқ, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ низ инъикоси бевоситаи худро пайдо кард. Қабули ин санади тақдирсоз дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мардуми кишвар таҳаввули ҷиддиро ворид намуд. Дигаргуниҳои дар ин замина бадастомада нишонаи возеҳи талошҳои созандаи Роҳбари давлати тоҷикон дар масъалаи таҳкими давлатдории миллӣ ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушду такомули он буд.

Маҳз тавассути қабули Конститутсия мушкилиҳои мавҷуда ба тадриҷ роҳи ҳалли худро ёфта, муносибатҳои ҷамъиятӣ танзими созандаи худро ёфтанд. Ба қавли Пешвои муаззами миллат «фақат қабули он (Конститутсия) метавонист, ки барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам орад».

Конститутсия моҳияти давлат, шакли идоракунӣ, шакли сохтори давлатӣ ва фазои сиёсии онро муқаррар намуда, дар моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат эълон доштааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Муқаррароти мазкур ифодаи маҷмуи арзишҳои муҳимми демократияву тантанаи ҳуқуқи инсон мебошад. Дар ин замина дар моддаи 5-и Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудаанд. Маҳз ҳамин нуқта моҳияти инсонпарваронаи Конститутсия ва дар маҷмуъ сиёсати давлати моро инъикос менамояд. Инсонмеҳварӣ хосияти асосии сиёсати имрӯзаи давлат буда, маҳз инсон дар меҳвари он қарор дорад.

Имрӯз бо гузашти 30 сол аз қабули он мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ, тавонист роҳнамои боэътимоди ҷомеа ва давлат дар масири таҳкиму рушди минбаъда гашт.

Конститутсия ҳамчун санади муҳимми раҳнамунсоз мардуми сарбаланди моро ба сӯйи музаффариятҳои нав ҳидоят намуда истодааст.

Мирзоева Нушофарид Зафаровна докторант PHD-и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи баноми А.Баҳоваддинови АМИТ