Muhammad Aminzod
@akademia44
129 posts

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ ДАЪВАТИ ҲАФТУМ: ЗАМИНАИ РУШДИ СИЁСӢ ВА ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки 11 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар ҳаёти ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ин иҷлосия на танҳо ба интихоби роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, балки ба муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир нигаронида шуда буд. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханронии ҳамаҷонибаашон дар ин иҷлосия аҳамияти онро ҳамчун платформаи муҳим барои баррасии масъалаҳои стратегӣ ва қабули қарорҳои муҳим барои ояндаи кишвар таъкид намуд.

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ“САҲМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР РУШДИ ИЛМ, ФАЛСАФА ВА ТАМАДДУНИ ҶАҲОНӢ”

ҲАМОИШИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО: АСОС ВА ДУРНАМОИ РАВАНДИ ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК

Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва кишварҳои Осиёи Марказӣ маротибаи аввалин дар доираи як ҳамоиши расмӣ бо ҳам ҷамъ омаданд. Ин ҳамоиш, ки рӯзҳои 3–4 апрели соли 2025 дар шаҳри таърихии Самарқанд баргузор гардид, як рӯйдоди муҳим ва таърихӣ дар равобити ду минтақа маҳсуб мешавад. Зери шиори расмии «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор шудани ҳамоиш нишон медиҳад, ки тарафҳо ният доранд муносибатҳоро ба сатҳи нав бароранд ва барои ояндаи дарозмуддат шарикии устувор бунёд кунанд. Дар ин мақолаи таҳлилӣ мо мақсадҳо ва заминаҳои геополитикиву иқтисодии ин ҳамоишро баррасӣ карда, равобити ИА ва Осиёи Марказиро дар заминаи таърихӣ ва муосир таҳлил менамоем. Ҳамчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ – аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорат, амният, рақамисозӣ, иқлим...

«СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО» ВА ДИГАР ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА МАСОИЛИ ОБ

Ҳамкорӣ бо СММ барои кишвари мо авлавият буда, пешниҳодоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳаллу фасли муқовимати шаҳрвандӣ аз тариқи гуфтушунид ва ғайра, ки аз минбари он иброз шуда буд, мавриди ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Дар навбати худ, СММ ба фаъолият ва масъалагузориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ба кишвари мо таваҷҷуҳи хоса дорад.

АЗ ТАЪРИХИ ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ИНСОНДӮСТ, ОДИЛ ВА МЕҲРУБОН

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2025, №1009 “Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум карда шудаанд” дар рӯзҳои пуршукӯҳи ҷашни Наврӯз ба имзо расид ва як рӯйдоди таърихӣ барои Тоҷикистон ва тоҷикистониён гардид. Ин фармон, ки озодшавии 897 нафар маҳкумшударо дар бар мегирад, на танҳо як амали ҳуқуқӣ, балки нишонаи олии инсондӯстӣ, адолат, меҳрубонӣ ва дилсӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдоми шоиста дар дили ҳар як тоҷик эҳсоси шодӣ бедор кард ва собит намуд, ки дар симои Пешвои миллат мо як роҳбари хирадманд ва инсони бузургро мебинем, ки қалбаш пур аз муҳаббат ба мардуми тоҷик худ.

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

“Имрӯзҳо ба сарзамини мо қадами зиндагисози баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову Шумо муборак бошад. Ба куҳандиёри мо, ба кӯҳу водиҳоямон нафаси тозае омадааст, Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодати мулкамон бошад”. Эмомалӣ РАҲМОН