“РОҒУН”-КАФОЛАТИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН
Бардошт аз дидори НБО-и Роғун,01 ноябри 2024
Агар мо перомуни оғози офариниш андеша намоем, пас ибтидои онро ба шарофати нур метавон рабт дод. Яъне ибтидои ҳаёт аз рӯшноӣ маншаъ гирифта, пояи зиндагӣ ва ҷавҳарӣ ҳастӣ ба падид омадани ин унсури муборак асос мегирад.
Рушди давлатдории миллиамон дар марҳалаи нав тавъам ба пайкори созандаву ободиовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон буда, дар ин масир пеш гирифтани сохтмони чунин иншооти муҳим ва ояндаофари аср дар сиёсати давлатдорӣ падидаи бузург ва дастоварди барҷаста дар таърихи навини Тоҷикистон мебошад. Яъне, Неругоҳи барқӣ-обии Роғун воқеан кафили рушди босуботи Тоҷикистон буда, ба ин васила таъминкунандаи зиндагии босаодати мардуми кишвар арзёбӣ мегардад.
Возеҳ аст, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ҳалли масъалаи энергетика ва таъмини кишвар бо неруи барқ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина бунёди НБО Роғун шарафу номуси миллати куҳанбунёду тамадунпарвари тоҷик буда, аз сифати созандагии тоҷикон дарак медиҳад. Оғози ба кор андохтани НБО-и Роғун муҳимтарин рӯйдоди таърихи нави давлатдории халқи тоҷик буда, дар солномаҳои таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Аз ҷониби дигар, бунёди Роғун истиқлолияти энергетии кишварро таъмин намуда, аз ояндаи дурахшон миллати тоҷикро башорат медиҳад.
Мувофиқи маълумотҳо бо мақсади расидан ба истқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмуъ, 75 дарсади инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ шуд.
Аз ин рӯ, НБО «Роғун» ҳамчун бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон омили асосии рушди босуботи кишвар ва мақому нуфузи он дар минтақа ва ҷаҳон аст. Чуноне, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд «Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».
Ҳамин тавр, вобаста ба бунёди сохтмони НБО Роғун ва аз ҷараёни боздиди ин иншооти аср метавон чунин натиҷагӣрӣ намуд: дар марҳалаи нави давлатдории тоҷикон бунёди НБО Роғун воқеан арсаи номусу нанг ва мабдаи сафову саодати миллат аст; дар сурати сохтани Роғун давлатҳои Осиёи Миёна аз баҳрабардории муштарак ва имконоти энергетикӣ- обии ҳавзаи Омӯ ва Сир ба манфиат буда, сохтмони он ва бунёди обанборҳо дар дараҳои танги кӯҳӣ моро аз зарари зиёди бухоршавӣ раҳо карда, ба иқлим, экологияи муҳити атроф таъсири ҳадди ақал расонда, имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ масъалаҳои таъминоти нерую об дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум барои ояндаи наздику дур ҳаллу фасл шаванд;
пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» истиқлоли энергетикии Тоҷикистонро таъмин намуда, заминаи усувори гузаштан ба мамлакати саноатӣ – аграрии он хоҳад шуд; сохтмони сарбанди 335-метраи сангреза НОБ-и Роғунро ба баландтарин неругоҳи барқии обии ҷаҳон табдил медиҳад. Ва иқтидори он 3600 МВт бузургтарин дар Осиёи Марказӣ аст;
неругоҳи барқи обии Роғун метавонад Тоҷикистонро дар содироти неруи барқ нисбат ба кишварҳои ҳамсоя пешсаф гардонида, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кунад;
нерӯгоҳи «Роғун» омили таҳкими ваҳдати милллӣ ва дарки баланди ҳувиятнокӣ ва ватандӯстӣ аст. Зеро он ҳалқае, ки сотмончиёнро ба ҳам муттаҳид месозад, он шабеҳ ба ҳамон халқаи ваҳдату ба ҳам омадан ва муттаҳидона барои рушди кишвар саҳм доштанро инъикос менамояд;
ҳар як сокини кишварро мебояд аз раванди кор дар НБО Роғун дидан намояд. Ин ба он хотир буда метавонад, ки ҳини дидан кардан аз Роғун бемуҳобо ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлати миллат боло гирифта, инсон ғарқи таассуроти нек ва наҷиб мегардад; НБО Роғун дар системаи ҳамкориҳои хориҷииТоҷикистон нақши муҳим ва ва ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро роҳандозии воҳидҳои он метавонад ба боло бурдани эътибори кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мусоидат намояд.
Ардамеҳр Ашуров - ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон