ТАБРИКОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН, УЗВИ ВОБАСТАИ АМИТ ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ
Ҳамдиёрони азиз, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳамасола 10- ноябр дар саросари кишвар Рӯзи кормандони милитсия таҷлил мегардад. Бо фурсати муносиб ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, родмардони ватан, ки дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзишманд доранд иди касбияшонро табрику таҳният мегуям.
Мақомоти корҳои дохилии кишвар ҳануз аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар рушди давлати демократӣ, таъмини сулҳу суботи комил, ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва инчунин барои ба низом даровардани тартиботи ҷаъмиятӣ саҳми арзишманд гузоштааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш иброз доштаанд: "Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд".
Бо дарки ин суханҳо мебояд қайд намуд, ки пойдори имрӯзаи давлати тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона аз масъулият ва шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот вобастагии амиқ дорад.
Бори дигар тамоми кормандони милитсияи кишварро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулияташон ба нафъи давлат ва халқи кишвари азизамон Тоҷикистон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.