ИДМ – ПОЯВУ АСОСИ РАВАНДҲОИ МУОСИРИ ИНТЕГРАТСИОНӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ ПАСОШУРАВӢ
Раванди ҷаҳонишавӣ ҳамгироиро миёни кишварҳои ҷаҳон наздиктар сохтааст. Кишварҳои ҷаҳон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили СММ ва Созмони Умумиҷаҳонии Тиҷорат, ҳамкориҳоро бештар намуда, баҳри пешрафтҳо дар сатҳи байналмилалӣ кор мекунанд. Вале ин созмонҳо ва ин сатҳи ҳамкориҳо барои расидан ба ҳадафҳои муштарак дар як минтақа басандагӣ намекунанд. Бинобар ин, ҳар минтақа барои худ созмону ташкилотҳои минтақавиро ташкил намуда, барои расидан ба рушду пешрафти худ дар доираи онҳо ҳамкориҳои бештар мекунанд.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои тозаистиқлоли минтақа ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ гаштанд. Дар ҳамон солҳои аввал маълум шуд, ки ба якборагӣ даст кашидан аз ҳама шакли ҳамгироиҳои минтақавӣ ба иқтисод зарари зиёд мерасонад. Ин буд, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил карда шуд ва дар доираи он тиҷорату рафтуомади шаҳрвандон миёни кишварҳои аъзои ин иттиҳод осонтар гардид. Ин як созмоне буд, ки бояд зарару зиёни деинтегратсияшавиро камтар мекард ва заминае барои ба вуҷуд омадани иттиҳодҳои ҳамгироии қавитар миёни кишварҳои пасошуравӣ мешуд.
Имрӯз метавон гуфт, ки ИДМ то дараҷаи муайян вазифаи худро иҷро кард. Дар солҳои баъдӣ созмонҳои дигаре дар минтақа роҳандозӣ гаштанд, ки ҳамгироии кишварҳои пасошуравиро ба маротиб бештар намуданд. Дар бахши амниятиву мудофиавӣ Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва дар самти иқтисод Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташкил карда шуд. Ин созмонҳои минтақавӣ ҳамгироиҳоро миёни кишварҳои мазкур қавитар намуда, боиси рушди устувор ва таъмини сулҳу субот дар минтақа гардиданд. Бо вуҷуди ин, ИДМ аҳамияти худро барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани муносибатҳои кишварҳои минтақа аз даст надодааст ва фаъолияти худро идома дода истодааст.
Бо назардошти аҳамияти ИДМ дар осон намудани ҷудошавии кишварҳои собиқ сотсиалистӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои ба миён омадани созмонҳои нави интегратсионӣ, кишварҳои аъзо дар доираи он ҳамкориҳоро идома дода истодаанд. Ҷаласаи навбатии ин иттиҳод рӯзи 7–уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он ба ғайр аз президенти ин кишвар сарварони кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат карданд. Дар ин ҷаласа раҳбарони кишварҳои номбурда суханронӣ намуда, диду назари худро доир ба масъалаҳои мубрам ироа доштанд. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи бештарро ҷалб намуд. Чунки аз 1-уми январи соли 2025 кишвари мо раёсат дар ИДМ-ро ба уҳда хоҳад гирифт ва сарвари давлат авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин иттиҳодро муаррифӣ намуданд. Яке аз чорабиниҳои аҳамиятнок барои ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ хоҳад буд, ки ҷониби Тоҷикистон омодагии худро барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани он таъкид намуд. Масоили иқтисодӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ ҳамчун авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ муаррифӣ гардиданд.
Бо вуҷуди он ки қисме аз вазифаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар солҳои охир иттиҳоду ташкилотҳои дигари минтақавӣ иҷро менамоянд, ин иттиҳод аҳамияти худро гум накардааст. Чунки бахшҳои зиёде дар муносибатҳои кишварҳои минтақа ҳастанд, ки маҳз дар доираи ин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, ҳалли худро меёбанд.
Илова бар ин, созмонҳое, ки сатҳи ҳамгироии қавитаре доранд, ба монанди СПАД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, на ҳамаи кишварҳои ИДМ-ро дар бар мегиранд. Ин аст, ки мавҷудияти ИДМ дар ояндаи наздик нигаҳ дошта шуда, дар доираи он мушкилоти зиёде дар минтақа ҳалли худро хоҳанд ёфт. Раҳбарияти Тоҷикистон низ ин аҳамияти иттиҳоди мазкурро ба пуррагӣ дарк намуда, омодагии худро барои боз ҳам қавитар намудани он дар давраи раёсати худ изҳор доштанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки соли оянда таҳти раҳбарии Тоҷикистон кишварҳои аъзои ИДМ 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар сатҳи хеле баланд ҷашн гирифта, масоили дигари баррасишуда дар ҷаласаи мазкурро зери назорати қатъӣ мегиранд ва дар натиҷа ҳамгироиҳо бештар мегарданду рушди устувори минтақа нигадорӣ ва амният дар он таъмин карда мешавад.
Баротов Л. - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон