September 20, 2024

НИШАСТИ ДУЮМИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЛМОН: ИМКОНОТ ВА ПЕШОМАДҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН



17-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Казоқистон дуввумин нишасти “Осиёи Марказӣ – Олмон” бо иштироки Канслери федералии Германия Олаф Шолтс, Президенти Ҷумҳурии Казоқистон Касим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ва ҳамзамон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас, дар ҳошияи нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот анҷом доданд.

Зимни суханрониҳо дар кори ҳамоиши номбурда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон барои истеҳсоли «энергияи сабз», ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои барқӣ дар кишвар, ба роҳандозии истеҳсоли таҷҳизоти маҳфуздорандаи энергия ва электротехникӣ, ҳамкории босамар ба хотири таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон ҷалб намуд. Дар баробари ин, Пешвои миллат вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои мухталифи иқтисод, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда андешаронӣ карда, дар ин самт густариши ҳамкориҳоро бо Олмон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар идомаи суҳбат бо ОлаФ Шолтс Пешвои миллат ҷониби олмониро барои саҳмгузорӣ дар сохтмони Роғун даъват намуданд. Дар ин ҳошия Олаф Шолтс изҳор дошт, ки Олмон ҷиҳати таҳким ва тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидоэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст. “Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонидоштаи Олмонро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем” – таъкид намуд Олаф Шолтс.

Дар умум, яке аз мавзӯҳои меҳварии мулоқотро роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо, тағйирёбии босуръати иқлим ва амнияти озуқаворӣ, инчунин истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон фаро гирифт.
17 сентябр дар шаҳри Остона дар ҳошияи нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон мулоқоти ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо доираҳои иқтисодию тиҷоратии Олмон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд. Дар вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии Олмон, аз қабили аз қабили KNAUF, Gunter Papenburg, CLAAS, Siemens Energy, Aurubis, Ernst Klett, Siemens Healthineers, Herrenknecht, DB Engineering & Consulting, Svevind Energy, Rhenus, HMS Bergbau иштирок карданд. Вобаста ба ин, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони иқтисодиву тиҷоратии Олмон даъват намуд, ки бо истифода аз фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкориро густариш бахшанд.
Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс зимни суханронии худ дар нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон чунин қайд кард: “Осиёи Марказӣ ҳамеша як минтақаи муҳим барои Олмон ба шумор мерафт. Аз ин лиҳоз, агар мо ба таърихи 30 солаи равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Олмон назар афканем, равшан аст, ки ин ҳамкориҳо дар асоси эҳтиром ва эътимоди тарафайн ба вуҷуд омаданд.”

«Имрӯз, мо гуфта метавонем: мубодилаи байни ҷамъиятҳои мо ҳеч гох ин кадар наздик набуд ва дар марҳалаи нав дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мунтазам дар ҳолати рушду инкишоф қарор дорад. Аз ин рӯ, мо тасмим дорем, ки айни ҳол ва дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судмандро идома бахшем. Зеро дар шароити мураккабшавии низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ба чунин ҳамкориҳо ниёз дорем.

Вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Олмон Шолтс ба он назар аст, ки “ҳамкориҳо ва ҳамгироии дохили минтақавӣ аз мавзӯъҳои муҳими нишасти Остона буда, ҳалли масъалаҳое, аз қабили норасоии об, тағирёбии иқлим, масъалаҳои обу энергетика фаъолияти муштаракро талаб менамояд. Чунин ҳамкориҳои муштарак барои сулҳ, шукуфоӣ ва ҳамзистии осоиштаи мардуми минтақа мусоидат менамояд.

Дар анҷоми нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.

Баҳои коршиносон оид ба фаъол шудани Олмон дар Осиёи Марказӣ чунинанд:

- Олмон пас аз соли 2022 ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бештар пайдо кардааст. Пештар Олмон дар чорчӯбаи лоиҳаҳои минтақавӣ аз қабили: «Осиёи Марказии Сабз» (“Green Central Asia»), Ташаббуси Германия оид ба об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” (Раванди Берлин) ( The German water initiative ("Вerlin process), Саммити «Осиёи Марказӣ ва Германия (С5+1), (Summit "Central Asia and Germany (C5+1) дар Осиёи Марказӣ фаъолона кор мекард,дар айни замон дар чорчӯбаи Саммити Осиёи Марказӣ ва Олмон (С5+1) саъй дорад, ки ҳамкориҳоро минтақавиро бештар ривоҷ диҳад;

-Олмон робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва мубодилаи технологияи навро бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ вусъат бахшида истодааст, ширкатҳои олмонӣ лоиҳаҳои навро барои ҳамкорӣ пешниҳод намуда, барои суръат бахшидани робитаҳои мутақобилан судманд манфиатдоранд;

- Олмон ният дорад, ки ҳамкориро дар соҳаи маориф инкишоф дода, омӯзиши забони олмониро дар хориҷи кишвар ба таври васеъ ба роҳ монад ва ин иқдом бояд ба вусъати ҳамкории байни аҳолии ҷонибҳо мусоидат намояд.

- Олмон ба Осиёи Марказӣ ҳамчун манбаи ашёи хоми табиӣ ва бозори молҳо таваҷҷуҳ дорад ва аз ҷониби худ ният дорад воридоти технологияи ҳозиразамонро барои кишварҳои минтақа ба роҳ монад

- Ҳамкорӣ дар самти коркарди канданиҳои фоиданок бо Олмон метавонад, барои Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида шавад

Пешниҳодҳо:
1.Ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Олмон бояд дар чорчубаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шаванд. Дар ин замина, имзои санади “Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияҳои илмҳои Олмон оид ба баррасии проблемаҳои муҳити зист, тағирёбии иқлим ва устувории захираҳои обӣ мувофиқи мақсад мебошад. (Дар Олмон Академияияи илмҳои ягона вуҷуд надорад. Ҳар як замини федеративӣ Академияи илмҳои худро дорад).
2. Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф: ба роҳ мондани таҳқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи афкор ва таҷриба, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи гуногун ба манфиати ҷонибҳо буда, ташкили барномаҳои муштараки магистратура, аспирантура ва докторантура, мубодилаи сафарҳои мутахассисони олмонӣ бо ҳамтоёни тоҷик, бо мақсади табодули таҷриба ва таҷрибаомузӣ , ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои мутхассисони тоҷикистонӣ мувофиқи мақсад аст.
3. Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Олмон роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули илмӣ оид ба муҳити зист ва тағирёбии бо суръати иқлим, қабули барномаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои олмонӣ оид ба истифодаи оқилонаи об, модернизатсияи системаҳои обёрӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи экология ба шумор меравад.

4. Дар Тоҷикистон солҳои 2020-2040 “Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон шудааст. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Олмон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба рушди неруи илмии кишвар ва амалигардони “Бистсола”-и мазкур мусоидат менамояд. Масалан, барои омӯзиши технологияҳои навтарин бо марказҳои илмии Олмон лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ гузаронидан манфиатнок арзёбӣ мегардад.

5.Имрӯзҳо масъалаи обшавии пиряхҳо дар мадди назари мутассисон қарор дорад, ки хеле нигароникунанда аст ва аз ихтисосмандон талаб менамояд, ки мутахассисон бештар ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Зеро таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон, мушкилоти энергетика ва рушди устувор пайваст аст. Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, дар раванди татбиқи “Осиёи Марказии Сабз” ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Маркази омӯзиши пиряхҳои назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ва “Осиёи Марказии Сабз” тақвият бахшида шавад.
6. Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии кишвар мебошад, ки дар ин росто рушди муносибатҳои ҳамаҷониба бо Олмон, яке аз бузургтарин кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ ва технологӣ пешрафта дар Аврупо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки иқтидори худро дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ба таври назаррас афзоиш дода, суръати рушди истеҳсолотро вусъат бахшад ва Олмон имкон дорад ва дар омода намудани мутахассисони тоҷик ҷиҳати кор бо технологияи нав саҳм гузорад. Дар ин замина, дар шароити нави бавуҷудомада вобаста ба тағйири сиёсати Олмон дар Осиёи Марказӣ ҷониби Тоҷикистонро зарур шуморида мешавад, ки бо ҳамтоёни олмонӣ ҳамкориҳоро ҷиҳати пайдо намудани роҳу усулҳои нав ба роҳ монад.

7. Имрӯз, сайёҳӣ яке аз бахшҳои афзалиятнок ва ояндадори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, соҳаи муаррифгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ барои хориҷиён ҳисобида мешавад.Тибқи назари коршиносон олмониҳо одатан сайру саёҳатро дуст медоранд ва аксарияти сайёҳони олмонӣ на ба мавзеъҳои сайёҳии оммавӣ, балки кишварҳои экотуризм, самтҳои оромтар, саёҳати деҳотӣ ва кӯҳиро афзал медонанд. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои табиати нотакрор, зебоманзар ва дилнишин, махсусан минтақаи Помир аз таҳкими ҳамкориҳо бо Олмон дар бахши сайёҳӣ метавонад манфиатдор бошад.

8. Сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон раванди амалигардонии лоиҳаҳои нави минтақавии Олмонро аз қабили: «Осиёи Марказии Сабз» (“Green Central Asia»), Ташаббуси Германия оид ба об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” (Раванди Берлин) ( The German water initiative ("Вerlin process), Саммити «Осиёи Марказӣ ва Германия (С5+1), (Summit "Central Asia and Germany (C5+1) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти вазъияти нави ба вуҷуд омада мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Олмон иброз намояд.

Хулоса, баргузории нишастҳои болозикр бозгӯйи он аст, ки дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон саҳифа нав кушода шудааст, ки он шароитҳои хеле мусоидро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба миён оварда истодааст. Ҳамчунин, натиҷаҳои асосии ҳамоишҳои зикршуда, далолат бар он менамоянд, ки ҳамкорӣ дар самти иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дошта, сохторҳои марбутаи ҷониби Тоҷикистон имкон доранд, дар ин замина ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ҳамтоёни олмонии худ густариш диҳанд.

Саидов Нуралӣ Шамсович,
ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои фалсафа,