April 11

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ ДАЪВАТИ ҲАФТУМ: ЗАМИНАИ РУШДИ СИЁСӢ ВА ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки 11 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар ҳаёти ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ин иҷлосия на танҳо ба интихоби роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, балки ба муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир нигаронида шуда буд. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суханронии ҳамаҷонибаашон дар ин иҷлосия аҳамияти онро ҳамчун платформаи муҳим барои баррасии масъалаҳои стратегӣ ва қабули қарорҳои муҳим барои ояндаи кишвар таъкид намуд.

Мақоми конститутсионии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар таъмини фаъолияти муназзами низоми қонунгузорӣ, намояндагии манфиатҳои минтақаҳо ва таҳкими суботи сиёсии кишвар нақши калидӣ дорад. Салоҳиятҳои он, ки дар Конститутсия ва қонунҳои марбута (Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 № 1 "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, № 1871 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон") муайян шудаанд. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳиятҳои конститутсионии муҳим, аз қабили таъсис, барҳам додан ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои судҳои олии кишвар бо пешниҳоди Президент, ҳалли масъалаи дахлнопазирии онҳо, ризоият ба таъин ва озодкунии Прокурори генералӣ ва муовинонаш, инчунин қабули қарорҳо бо аксарияти овозҳо дар доираи ваколатҳои муайяннамудаи Конститутсия ва қонунҳо мебошад, ки ба таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва адолати судӣ мусоидат мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии даъвати ҳафтум бо интихоби роҳбарияти он, аз ҷумла Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз гардид. Ин интихоб на танҳо як амали расмии маъмурӣ, балки нишонаи идомаи сиёсати устувори давлатӣ дар таъмини пайвастагӣ ва муносибати мутавозин дар идоракунии давлат буд. Савганди садоқати Раиси тозаинтихобшуда ба давлат ва мардуми Тоҷикистон рамзи масъулияти баланд дар назди миллат маҳсуб мешавад. Инчунин, интихоби муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ низ ба таҳкими сохтори идоракунии ин ниҳоди қонунгузор мусоидат намуд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосия як барномаи ҳамаҷонибаи сиёсӣ буд, ки тамоми паҳлуҳои муҳими ҳаёти давлат ва ҷомеаро дар бар гирифт. Дар ин суханронӣ чанд мавзӯи калидӣ ба таври возеҳ таъкид гардиданд:

1. Таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд дар таҳияи қонунҳое, ки ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, амният, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, саҳми фаъол дошта бошанд. Ин даъват ба он нигаронида шудааст, ки қонунҳо бояд ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди миллӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ хизмат кунанд.

2. Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Дар суханронӣ ба масъалаҳои саноатикунонии босуръат, рақамикунонии иқтисоди миллӣ, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ин афзалиятҳо бо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мувофиқат доранд, ки нишондиҳандаи пайвастагии сиёсати давлатӣ мебошад.

3. Мубориза бо таҳдидҳои муосир. Президенти кишвар ба вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камобӣ, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва таъсири он ба бозори дохилӣ ишора намуданд. Ин таҳдидҳо талаб мекунанд, ки мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои қонунгузор дар якҷоягӣ бо мардум барои пешгирии оқибатҳои манфии онҳо чораҳои фаврӣ андешанд.

4. Ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ. Як нуктаи муҳими суханронӣ даъват ба ҳамкории зич бо мардум ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати давлат ба таҳкими демократияи иштирокӣ ва ҷалби фаъоли аҳолӣ дар раванди қабули қарорҳо нигаронида шудааст.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии даъвати ҳафтум як платформаи муҳим барои муайян кардани афзалиятҳои сиёсати давлатӣ дар соли 2025-2030 маҳсуб мешавад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо самтҳои фаъолияти Маҷлиси миллиро муайян кард, балки ба аъзои он масъулияти баланди таърихиро барои амалӣ кардани ҳадафҳои миллӣ вогузор намуд. Инчунин, иҷлосия аҳамияти худро дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ нишон дод, ки дар шароити таҳдидҳои ҷаҳонӣ омили муҳими устувории давлат аст.

Маҷлиси миллии даъвати ҳафтум бо вазифаҳои пурмасъулият рӯбарӯ аст, ки аз таҳияи қонунҳои муосир то мусоидат ба амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ иборатанд. Дар ин раванд, ҳамкории зич бо мардум, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар субъектҳои қонунгузорӣ барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ муҳим мебошад. Иҷлосияи мазкур на танҳо як марҳилаи нави фаъолияти Маҷлиси миллиро оғоз намуд, балки заминаи мустаҳкам барои таҳкими субот, амният ва пешрафти Тоҷикистон дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ фароҳам овард.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор