October 5

АБАРМАРДЕ АЗ ОЛАМИ СИЁСАТ

5 - октябри соли 1952 тифле ба дунё омад, ки ояндаи дурахшон дошт. Падару модараш бо як орзуву ниятҳои нек ба ӯ Эмомалӣ Раҳмон ном ниҳоданд. Дар ҳалқаи волидайн ба воя расиду имрӯз ғамхори халқу давлати тоҷикон гардид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди Худод аст. Ба бахти миллати тоҷик дар рӯзҳои мушкили ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Худованд ба халқи парокандаи тоҷик ҳадияе намуд, ки он сабаби хомуш гардонидани оқибатҳои харобовари ҷанги хонумонсӯз ва фароҳам овардани сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ дар кишвар гардид.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дуои модари бузургвори хеш ба фаъолияти худ шурӯъ намуда, аз рузҳои аввалини кории хеш ба мардуми ғусадидаи тоҷик қавл дод, ки ман бо баробари ҷон ҳам бошад ба кишвари шумо сулҳро фароҳам меоварам. Ин абармарди олами сиёсат яке аз нахустин роҳбароне, дар таърихи давлатдории мо тоҷикон аст, ки ба савганди худ содиқ монда дар кишвари Тоҷикистон фазои сулҳу суботи комилро фароҳам гардонид.

Хушбахтона бо ҷонисориҳои ин фарзанди содиқи ватан мо соҳиби Истиқлолияту озодӣ ва соҳибихтиёриву ягонагӣ шудем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар миёни сиёсатмадорони кишварҳои олам мавқеъи басо бузург дошта, яке аз нахустин роҳбароне аст, ки дар ҳалли мушкилотҳои обии сайёра бо ташаббусҳои ҳалталаби худ гомҳои устувор гузошт.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз ҷумла 153 кишвари аъзои СММ ба ташаббусҳои кишвари Тоҷикистон бо назари хос нигоҳ мекунанд. Ва ба ҷонибдории ин кишвари ташаббускори ҳалли мушкилотҳои умдаи сайёра мавқеъи худро нишон додаанд. Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти соҳаи илми кишвар саҳми басо бузургро гузоштаанд.

Имрӯз дар пайравӣ аз сиёсати илмдӯстонаи ин марди хирад олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба фаъолияти илмӣ машғул буда, барои пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳимро касб мекунанд. Дар робита ба ин ҳайати олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни мавлудашон табрику таҳният хонда, орзуманданд, ки ҳамеша ҳамчун роҳбари ғамхору оқил дар сари давлат бошанду боз садсолаҳои дигар ҳимоятгари давлату миллати тоҷикон боқӣ бимонанд.

Мавлуд муборак Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!