ПАЁМ: РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ КИШВАР
28-уми декабри соли 2024 дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Парламенти кишвар баргузор гардид, Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.
Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳои фаъолияти давлату ҷамъиятро фаро гирифта, аз ҷумла масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, корҳои ободонӣ, сиёсати иқтисодӣ, молиявию андоз, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давалатӣ, рушди сармояи инсонӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти киберии махзанҳои маълумот, рушди соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди саноату истеҳсолот, энергетика ва истиқлолияти энергетикӣ, таҳкими инфрасохтор ва роҳҳо, фазои сармоягузорӣ, саёҳӣ, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг, шуғли аҳолӣ, таълим ва касбомӯзӣ, ҷавонон, занону бонувон, терроризму экстремизм ва масъалаҳои дигарро баррасӣ намуданд.
Яке аз бахшҳои муҳим ва муфассали Паём ба рушди илму маориф бахшида шуда буд, ки Сарвари кишвар аҳамияти ин ду соҳаи стратегиро таъкид намуда, онҳоро ҳамчун омили асосии таъмини пешрафти Тоҷикистон ва тарбияи наслҳои нав баҳогузорӣ намуданд.
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зарурати фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, аз Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ талаб карда шуд, ки дар панҷ соли оянда бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро таъмин намоянд. Ин иқдом барои афзоиши фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ва зиёд кардани имконияти дастрасӣ ба таҳсилоти миёна дар маҳалҳои гуногун зарур мебошад.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи хоса ба такмили сифати таълим, сатҳи касбии омӯзгорон ва ворид намудани технологияҳои муосири таълимӣ равона карда шудааст. Таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок таъкид шудаанд. Бо ин мақсад, Президенти кишвар супориш доданд, ки ба ҷорӣ намудани равияҳои нав, аз ҷумла ихтисосҳои ба иқтисоди рақамӣ вобаста ва барномасозӣ дар низоми таълим диққати ҷиддӣ дода шавад.
Дар Паём инчунин ташаккули пайванди илм бо истеҳсолот ва истифодаи инноватсияҳои технологӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар ба таври ҷиддӣ зикр гардид. Бо назардошти нақши афзояндаи иқтисоди рақамӣ дар пешрафти ҷаҳонӣ, Пешвои миллат зарурияти омода намудани мутахассисони соҳаи барномасозӣ ва технологияи иттилоотиро таъкид намуданд. Ин иқдом дар заминаи ташкили Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлоб пешбинӣ шудааст, ки ҳамчун пойгоҳи омода намудани мутахассисони самтҳои зикршуда хидмат мекунад.
Президенти кишвар диққати ҷиддиро ба истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани маълумот равона карда, қайд намуданд, ки онҳо дар заминаи ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таъсири технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот рақобатпазирии иқтисодиёти кишварро таъмин менамоянд.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳаи маориф ва илм, Пешвои миллат баланд бардоштани маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмиро эълон карданд. Тибқи ин пешниҳод, аз моҳи сентябри соли 2025 маоши кормандони соҳаҳои маориф ва илм 20-30 фоиз зиёд карда мешавад. Ин тадбир ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, фароҳам овардани шароити беҳтар барои тарбияи кадрҳои ҷавон, ҳавасмандгардонии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва омода кардани онҳо дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста шуд. Ҳукумати кишвар супориш гирифт, ки дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва факултаҳои дахлдори донишгоҳҳои дигар пешниҳод намояд.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму донишро асоси пешрафти ҳар як давлат ва ҷомеа шумурда, таъкид намуданд, ки пешрафти миллат бидуни рушди илм ва ҳифзи дастовардҳои илмӣ имконнопазир аст. Қайд гардид, ки тавассути татбиқи барномаҳои илмии таҳиягардида кадрҳои баландихтисоси илмии соҳаҳои гуногунро тайёр намудан лозим аст. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки дар муддати ду моҳ “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030” таҷдиди назар гардида, ба талаботҳои замони муосирр мувофиқ гардонида шавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он ба илму маориф ва рушди ин ду соҳаи стратегӣ диққати асосӣ дода шудааст, аз муҳимтарин қадамҳо дар самти рушди устувори кишвар шаҳодат медиҳад. Бо роҳандозии ислоҳоти васеъ дар соҳаи маориф ва дастгирии ҳамаҷонибаи илм, Тоҷикистон метавонад насли нави мутахассисони баландихтисосро тарбия намояд, ки онҳо ба рақобат дар ҷаҳони муосир омода бошанд. Қатъиян ташаббусҳои нав дар самти илму маориф ба рушди зеҳнии ҷомеа ва пешрафти умумии иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.
Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф.м. Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон