НАҚШИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ – ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,28 декабри 2024,ш.Душанбе)
Аз тамоюлҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ бармеояд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба монанди дигар кишварҳои тараққикарда, дар роҳи рушд қарор дорад. Пешравии иқтисоди миллӣ бештар аз вусъатёбии барқароркунии истеҳсолот, ба кор даровардани корхонаҳои хурду калони соҳаҳои гуногун, таҷдиди илм дар истеҳсолот, навкунии таҷҳизот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ташкили илмии меҳнат вобастагӣ дорад.
Дар шароити кунунӣ рушди иқтисодиёти кишвар аз саноатикунонии босуръати кишвар сарчашма гирифта, ба ҳадафҳои стратегии мамлакат авлавият дорад. Барои ҷорӣ намудани ин иқдом, аз тарафи Ҳукумати кишар, солҳои 2022 – 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. «Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонидида шуд, ки қариб 2 баробар зиёд гардидааст». Барои таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат, ҳамасола аз тарафи Асосгузори сулҳу – Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, диққати аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Боиси хушнудист, ки танҳо дар соли 2024 зиёда аз 740 корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда шуда, қариб 20 ҳазор ҷойҳои кории нав ташкил гардидааст. Инчунин ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар дар Паёми навбатӣ, солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудаанд, ки ин ҳадаф барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт замина мегузорад. Бо ин мақсад бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” тасдиқ гардидааст. Ҳадафи асосии Стратегия ин таъмини соҳаҳо бо технологияҳои рақамии иттилоотию комуникатсионии пешрафта мебошад. Дар Стратегияи мазкур барои рушди иқтисоди рақамӣ чунин қайд гардидааст:
бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани иқтисоди рақамӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт муайян карда шуд.
Истифодаи зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва сабз, афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд
рақамикунонӣ дар низоми маориф, омодакунии кадрҳо ва таҳкими неруи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ мегардад, дар оянда метавонад барои ҷорӣ намудани унсурҳои асосии зеҳни сунъӣ кумак расонад.
Тоҷикистон бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ ба амалишаваии ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди энергияи сабз, иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва дигар афзалиятҳои миллӣ ноил гардида, дар ин асно ба қатори кишварҳои пешқадам ворид мегардад.
Дар замони муосир, иқтисоди рақамӣ – рушди тиҷорати электронӣ бо истифодаи технологияҳои рақамӣ, такмил додану ташкил намудан ва идора кардани таъминоти иттилоотӣ барои беҳтар гардидани ташкилот ва коргоҳу соҳаҳои гуногун афзалият дорад. Омилҳои истеҳсолию иқтисоди рақамиро дар амал бо методи идораи иқтисодӣ татбиқ ва ба ҳукумати электронӣ пайваст намоем, равнди фаъолияти коргоҳу ташкилот аз манфиат холӣ намемонад.
Вобаста ба татбиқи ҳукумати электронӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то имрӯз якчанд Стратегияву консепсияҳои нав ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ба мақсади амалисозии Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шудааст.
Ҳукумати электронӣ тақозои замон буда, дар ҳамкории мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеа аз як тараф ва ҳамкории дохилии сатҳҳои гуногун (марказӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ) ва шохаҳои гуногун (тандурстӣ, молия, омор, андоз) ва дигар ниҳодҳо мусоидат намуда, аз тарафи дигар он як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияи иттилоотӣ ҳар чи бештар истифода мешавад, баромад мекунад.
Дар замони муосир, техникаву технологияҳои муосир имкони иҷро кардани миллиардҳо амалро дар як сония доранд. Масалан, дастовардҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба дараҷае осон гардидааст, ки он дигар масофаро аз байн бурдааст. Яке аз инҳо дастгоҳҳои мобилӣ, интернет ва захираҳои воқеии он метавонанд тамоми табодули ахборро ба дилхоҳ нуқтаи курраи Замин ҳамагӣ дар якчанд сония дастрас намоянд.
Агар иқтисоди рақамии кишварҳои тараққикардаро тақозо намоем, моҳи январи соли 2022 Ҷумҳурии Мардумии Чин нақшаи рушди иқтисоди рақамиро барои солҳои 2021-2025 тасдиқ карда, иқтисоди рақамиро ҳамчун як ниҳоди фаъолияти иқтисодӣ, муйян намуд, ки онро омили асосии истеҳсолот, захираҳои иттилоотӣ ва қувваи асосии пешбаранди интегратсияи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҳисобид. Дар асоси ин санад Чин пуштибонии худро аз таҳқиқотҳои мутаххасисони шабакаҳои телекоммуникатсионии 6G тақвият дода, инноватсияро дар бахшҳои стратегӣ, аз қабили микросхемаҳои интегралӣ ва зеҳни сунъӣ рушд дода, шаклҳои нави тиҷоратро афзоиш медиҳад. Бо ин мақсад Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад, ки ҳиссаи арзиши иловагии бахшҳои асосии иҷтисоди рақамиро дар ММД аз 7,8% -и соли 2020 то ба 10% дар соли 2025 расонад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳукумат, иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба монанди иқтисоди рақамии кишварҳои абарқудрат рушд намуда, ҳамкориҳоро дар ин самт бо кишварҳои тараққикарда ба роҳ хоҳанд монд.
Дар охир бояд қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ ин омил ба соҳаи –иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Иқтисоди рақамӣ ҳамчун илми замони муосир ба ҳисоб рафта, татбиқи он ба соҳаи иқтисоди миллии рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Хушбахтона, имрӯз тамоми шароит барои такмил додан ва ташкил намудани иқтисоди рақамӣ ба ҷавонон ва мутаххасисони соҳаҳои гуногун аз тарафи давлат таъмин карда шудааст.
Нематова П.М., мудири Шуъбаи Осиёи
Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои иқтисодӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон // Захираи электронӣ https://president.tj/ (санаи муроҷиат 30.12.2024)
Цифровая экономика Китая // Захираи электронӣ https://www.tadviser.ru/index.php (санаи муроҷиат 30.12.2024)
Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 // Захираи электронӣ http://www.portali-huquqi.tj/publicria/ibtido.php (санаи муроҷиат 30.12.2024)