«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни замон дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд, иттилоъ медиҳад, ки тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муваззаф гардидааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои ноором ба роҳ монад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрвандоне, ки тавассути ин хатсайрҳо нияти ба Ватан баргаштан доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва сабти ном ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат намоянд.
Маркази маълумотдиҳии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Подшоҳии Баҳрайн
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ва Салтанати Уммон
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»