@akhboritojikiston1
1 194 posts

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд

13 ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд

13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Таъиноти кадрӣ

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Комилбек Амид – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ Амирбекзода Ҳабибулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз Вализода Қурбон – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Собирзода Шералӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ Юсуфзода Қурбоналӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён Ризозода Дилшод – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод Гулзода Зафар – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Дилшоди Давлаталӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор Нишонзода Даврон – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён Маҳмудзода Муслиҳиддин – раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Нурмаҳмадзода Тоҷиддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон вориди пойтахти он- шаҳри Тошканд гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад

Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ карда мешавад.

Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд

3 то 5 ноябр дар шаҳри Лондон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» баргузор мегардад, ки дар он иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррфӣ мегардад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд

Субҳи 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд

30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд ва бо лоиҳаи бунёди Маркази трансплантология шинос шуда, ба сохтмони он оғоз бахшиданд.