October 17

Бонки миллии Тоҷикистон ба «UnionPay International Co. Ltd» барои фаъолияти оператории низоми пардохт иҷозатнома дод

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба «UnionPay International Co. Ltd.» барои фаъолияти оператории низоми пардохт иҷозатнома дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин тадбир мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» андешида шуд.

Дар иртибот ба ин Департаменти низоми пардохт ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ва Феҳристи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ сабти дахлдор ворид намуд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»