October 8

Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд

7 октябр сафари намояндагони шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Сямэн, Чэнду, Хайнан ва Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид, ки то 17 октябр идома меёбад. Мақсад аз ин сафар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, табодули таҷриба, муаррифии имконият ва иқтидори сайёҳии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин сафар дар доираи рушди муносибатҳои дӯстона, ҳамкории бародаршаҳрӣ ва шарикии байнишаҳрии Душанбе бо шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардида, ба таҳкими робитаҳои соҳавӣ, густариши ҳамкории иқтисодию сайёҳӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои татбиқи ташаббусҳои муштарак равона шудааст.

Ҳадафи асосии сафари корӣ муаррифии имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон дар бозори сайёҳии Чин, омӯзиши таҷрибаи пешқадами шаҳрҳои мазкур дар самти рушди сайёҳӣ, инчунин таҳкими ҳамкории мустақим бо мақомоти дахлдор, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳа мебошад.

Иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ҳайати ягона имконият фароҳам меорад, ки масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳамзамон дар сатҳи байнишаҳрӣ ва соҳибкорӣ баррасӣ гардида, барои ба роҳ мондани ҳамкории мустақим заминаи зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Дар доираи сафар баргузории мулоқоту вохӯриҳои расмӣ ва корӣ бо масъулини мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои соҳавӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, операторони туристӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва дигар шарикони эҳтимолӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳайат бо таҷрибаи шаҳрҳои Сямэн, Чэнду, Хайнан ва Чиндао дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ташкили хизматрасониҳои муосир, ҷалби сармоя, тарғиби маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ташкили чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ шинос хоҳад шуд.

Ҳамзамон масъалаҳои ташкили ҳамкории мустақими B2B байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Чин, таҳияи пешниҳодҳои муштарак, табодули гурӯҳҳои сайёҳӣ, ташкили хатсайрҳои муштарак ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба бозори сайёҳии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар доираи барномаи сафар намоиши аксҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, инфрасохтори муосир, имконияти фароғатӣ, табиати Тоҷикистон ва маҳсулоти сайёҳии шаҳри Душанбе ба иштирокчиён муаррифӣ карда мешаванд.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»