April 13, 2025

Анна Бйерде: «Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пуштибонӣ менамояд»

13 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.

Баъд аз анҷоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонум Анна Бйерде дар суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳор дошт: «Имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбати созандае оид ба масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва энергетикии мамлакат доштем. Барои ман боиси хурсандист, ки бори дигар ба Тоҷикистон ташриф овардам. Дар мулоқот сатҳи ҳамкории созандаи байни Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз се даҳсола идома дорад, натиҷагирӣ шуд. Айни ҳол сандуқи лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3,3 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки дар самтҳои рушди иқтисодӣ, инфрасохторӣ ва дигар бахшҳо амалӣ мешаванд».

Анна Бйерде таъкид намуд, ки яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ коҳиш додани камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва деҳот мебошад. Вай инчунин такид намуд, ки лоиҳаҳо дар бахшҳои инфрасохтор, кишоварзӣ, рушди деҳот, таъмини об ва беҳдошт татбиқ шуда истодаанд.

«Мо ҳамчунин ислоҳотеро, ки мамлакат амалӣ намуда истодааст, дастгирӣ мекунем. Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои охир ҳаҷми истеҳсолот афзоиш ёфта, нақши бахши хусусӣ дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармоягузорӣ бештар гардидааст», — илова намуд ӯ.

Хонум Бйерде ёдовар шуд, ки рӯзи гузашта аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Ба гуфтаи ӯ, Бонки Ҷаҳонӣ яке аз нӯҳ шарики рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз сохтмони ин неругоҳи бузург пуштибонӣ менамоянд.

«Неругоҳи барқи обии «Роғун» як лоиҳаи муҳим дар бахши истеҳсоли энергияи сабз ба шумор рафта, на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Умед дорем, ки шарикии мо ба марҳилаи нав ворид гардида, барои таҳкими рушди устувори мамлакат замина мегузорад», — гуфт дар анҷоми суханаш Анна Бйерде.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»