Дар ноҳияи Вахш нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш иҷро гардид. Дар хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Рӯзи даъватшаванда — маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо иштироки ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайвастаанд ва волидайни онҳо баргузор гардид.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ барои ҳар ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст».
Дар мамлакат шуруъ аз 1 апрел маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»