October 19

Раиси Хатлон ба 30 бонуи соҳибкор грант дод

Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии "Хатлон Инвест" ба соҳибкорзанони ин минтақа грант тақдим гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.

Бар хабари манбаъ, 30 тан аз бонувони соҳибкор ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилоятро дарёфт карданд.

Манбаъ афзуд, ки грантҳои раиси вилоят барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди кишоварзӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, дӯзандагӣ ва дигар соҳаҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар ин вилоят беш аз 31 ҳазор зан машғул ба соҳибкорӣ буда, ҳамзамон расман фаъолияти инфиродиро рушд медиҳанд.

Аз ин миён 19 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротии "Хатлон Инвест" ҷараён дорад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни форум беш аз 30 қарордоду созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 500 млн сомонӣ ба имзо расонида шаванд.

Чорабинии мазкур то 18 октябр идома мекунад.


Манбаъ: sputnik-tj.com