October 15

Дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шудааст

Бунгоҳи тиббӣ

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муассисаҳои навбунёди тандурустӣ бо тамоми шароиту имконоти мусоид, аз ҷумла таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин гардидаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар доираи нақшаи бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят ба маблағи беш аз 216 миллион сомонӣ 58 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии боз 72 иншооти соҳа ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Танҳо дар дуюним соли охир барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят беш аз 49 миллион сомонӣ, аз ҷумла 31 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ муассисаҳои мазкур ба маблағи 103 миллион сомонӣ бо асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ таъмин гардидааст.

Ҳоло муассисаҳои тандурустии вилоят бо 60 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин буда, танҳо дар се соли охир барои онҳо 14 воситаи нақлиёти тиббии ҳозиразамон харидорӣ ва дастрас карда шудааст.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»