October 8

Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд

Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз иҷро намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда далели татбиқи саривақтии чораҳои зарурӣ ва масъулияти баланди сохторҳои дахлдори ноҳия дар самти иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ мебошад.

Сарбаландона ва пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани маъракаи даъвати тирамоҳӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омодагии ҷавонони ноҳияи Шоҳмансур барои ҳифзи марзу буми Ватан шаҳодат медиҳад. Ин комёбии муҳим дар заминаи дастгирии сиёсати созандаи давлат ва ҷалби фаъоли ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба даст омадааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии имсола шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд. Даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба: аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр анҷом дода мешавад.


Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»