Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ ҳавасманд гардонида шуданд
Маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ дар соли 2025 баргузор гардид. Зимни он 20 омӯзгор барои саҳми назаррас гузоштан дар омода намудани хонандагони соҳибистеъдод бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва 21 омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсаф тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.
Таъкид шуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихии соли 2025 баргузор гардидани нахустин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём — «KhIMIO-2025» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он барои рушди тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани нуфузи низоми таҳсилоти мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ба ду хонандае, ки ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ гардиданд, дар ҳаҷми 7 500 сомонӣ мукофотпулӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба як муассисаи таълимие, ки хонандагонаш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ супорида шуд.
Барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм, мусоидат ба иштироки фаъолонаи хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси олимпӣ ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти типи нав дар ҳаракати олимпӣ» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ» эълон карда шуданд.
Манбаъ: Сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»