Обу ҳаво дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ
Дар шаҳри Душанбе - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2º хунук, рӯзона 8+10º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Рашт – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 хунук, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º хунук, рӯзона -2+3º мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд. - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6º хунук, рӯзона 3+5º гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд. - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти сусти барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8º хунук, рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º хунук, рӯзона -2+3º мешавад.
ш.Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4º гарм, рӯзона 5+7º гарм мешавад.
ш.кӯлоб – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3º гарм, рӯзона 7+9º гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш дар назар буда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барфи тар) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2º, рӯзона 2+7º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ. - Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6º хунук, рӯзона 1+3º гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб. - Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 21-23º хунук, рӯзона 6-8º хунук мешавад.
Дар ноҳияи Дарвоз – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона боришот (борон, барфи тар) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2º гарм, рӯзона 4+6º гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. - Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар ғарби ивлоят бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 36-38º хунук, рӯзона 6-11º хунук мешавад.
Манбаъ: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон